Бахшҳо
22 ноя 2013 10:34Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳушдори Убайдуллоев аз “хайрухуш” бо Хайруллоев ва 4 раиси ноҳия

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, аз рафти танзими нигаҳдории чорво дар пойтахт норозӣ, монда, ҳушдор додааст, агар масъалаи берун кардани асп, хар, уштур, хук ва дигар чорвои хурду калон аз пойтахт ҳал нашавад, муовини якуми раиси Душанбе ва раисони чор ноҳия метавонанд аз мақомашон барканор шаванд.

Убайдуллоев ин нуктаро зимни ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқии Душанбе таъкид намуда, қарор кардааст, дар ҳолати то 1 январи соли 2014 бартараф нашудани нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди Душанбе, дар мавриди фаъолияти минбаъдаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Насрулло, раисони ноҳияҳои Сино – Сафаров З.А., Исмоили Сомонӣ – Қурбонов А.Ҷ., Шоҳмансур – Бобоев С.Қ., Фирдавсӣ – Алиев С.А. дар вазифаҳои ишғолнамудаашон тасмими дахлдор қабул карда мешавад.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, зимни ҷаласаи маҷлиси вакилони халқи Душанбе қайд шудааст, ки сохтмони нуқтаҳои махсусгардонидашудаи парвариш, нигоҳдошт ва забҳи чорво дар минтақаҳои ҳамсарҳади ноҳияҳои шаҳр то ҳол оғоз наёфтаанд: “То ҳанўз ҳолатҳои рондани чорвои майдаи шахсию ҷамъиятӣ аз чарогоҳҳои зимистона ба тобистона ва баръакс аз қисмати маҳаллаҳои шаҳри Душанбе мушоҳида мегарданд.”

Дар ҳамин ҳол Убайдуллоев ба масъулини пойтахт дастур додааст, давоми 10 рўз теъдоди чорвои калону майдаро дар Душанбе дақиқ карда, рўйхати оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд, ки бо нигоҳдорию парвариши чорво машғул мебошанд таҳия созанд. Раиси Душанбе таъкид намудааст, ки нигоҳдорию парвариши ҳайвонот бояд дар Душанбе пурра бартараф шавад, аммо дар ин миён дастгирии молиявии оилаҳои камбизоат бо ҷалби эҳсонкорон таъмин гардад.
Мӯҳр
Бехтараш дар бораи наклиети чамъияти фикр мекардед раис.Кариб ки(ба чуз кучаи маркази)наклиети чамъияти нест гуем низ хато намекунем.Маршруткахо алакай 2 сомони шудаги,салонхои чиркину бадбуй,муомилаи дурушти ронандагон ба дили хама задааст.Агар бегохихо сафар кардани шави дахшат ки ягон намуд наклиети кариб ки нест маршруткахо сиехшиша кас метарсад хато савор шавад.О кани тролейбусхо ба наздики заводи тролейбус кушоден кани самарааш нест ку.
Ин аст проблемаи аввалиндарача.

Мухтарам Раис! Нашавад, ки худи Шуморо ба дигар вазифа гузаронанд. Масалан, Вазорати корхои хоричй. Чй гуфтед?

амон
Буккахои навбаромад хеле барвакт чойи хару шутуру бузу аспу хуку сагро дар шахр гирифта буданд.
говону харони борбардор
бех з-одамиёни макрдумозор!

Студент
Худи хамин раиси шахр чаро баробари Рахмонов дар курси часпидааст? Инхо реша давондаанд, ки дигар аз курси канда намешаванд? Як умр мо рангуруи Рахмонову Убайдуллоева дидем. 22 сол боз. Аз рузи таваллуд то имруз.

Халк
Хамаи карорхои раиси шахр бо сабаби меъери рие доштанашон аз хамон Толори равобити пойтахт берун намебароянд, масалан ислохоти нархи мусофиркаши...

Шахриёр
АМОН, Халк, студент ва Сухроб авал Шумо одоби дар пойтахт зиндаги карданро ёд гирифта баъдан ба дигарон сухан гуед. шумо худ, ки бо гову гуспанду хар якчоя калон шудаед намехоед аз онхо чудо шавед. Шахри Душанбе ин пойтахт чашми Точикистон аст дар инчо милионхо мехмонон аз хорича чамъ мешаванд оё дидан ва ё гашту гузори буй гализи гову хару саг ба Шумо писанд бошанд ба онхо не. ин айб аст, ки дар пойдахт зиндаги кардаву ба чорво сару кор гири. гову сагу пишаку хуг агар ба чори Шумо махкул бошад рафта дар хамон кишлокхоятон зиндагони карда ба нигохубини ин хайвонот машгул гардида гардед. бад дуюм дар инчо дидам, ки доири наклёти камунали гуфтет е одам бинед дар шахр тамоми автобус микроавтобус ва тралебусхо зиёданд ду танга пули пучак дар бар карда таъбатон намегирад ба автобусу тралебус шинед боз аз наклёт сухан мегуед. он машруткаву дигар воситахои наклёти мегуфтагии шумо аз шахсон шахси мебошад онхо андоз месупоранд чи кадаре маблаг хоханд мегиранд. Шумо ки ас кам акли азият мекашед одобу ахлоки шахрро намедонед гиред киоб ойномаи сокини пойтахтро хонда бад гап занед. аз кишлок омада шахрро Шумо барин ифлосхо яку якбора чазир карда истодаед. Ташакур ба озодагон...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)