Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:25

Додгоҳи И.Сомонӣ: Номи Амонулло Ҳукумов дар парванда нест

22 ноябр 2013, 13:17

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, мегӯяд, парванда алайҳи волидони Расули Амонуллоро 20-уми ноябр дастрас кардааст ва аввалин мурофиаи ин қазия баъди 20 рӯз баргузор хоҳад шуд.

Аз додгоҳи мазкур ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки ин парванда барои нақзи қонун дар бораи масъулияти падару модар алайҳи модари Расули Амонулло кушода шуда, аз падари Расул, Амонулло Ҳукумов, раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, зикр нашудааст. Манбаъ гуфт, айни ҳол парванда мавриди омӯзиш қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки 19 ноябр, ВКД расман эълон кард, ки алайҳи волидони Расули Амонулло -- Амонуллои Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ва ҳамсари ӯ низ дар робита бо ин ҳодиса парвандаи маъмурӣ боз намудааст. ВКД гуфт, волидони Расули 16-сола барои “беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нишони додан дар таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш Расули Амонулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон” муттаҳам мешаванд.

“Санади мазкур барои вайрон намудани талаботи моддаи 8, сархати 17-и Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд) тартиб дода шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноятии садамаи нақлиётӣ бошад, идома дорад",-навиштааст торнамои расмии Вазорати умури дохилӣ.

Ин парванда дар пайи садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтода, се кушта бар ҷой гузошт, ифтитоҳ шудааст. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писраи 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.

Бо ин ҳол, ин садамаи маргбор дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор оварад. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, хабари ба Олмон фирор кардани ӯ низ паҳн гардид. Аммо Амонуллои Ҳукуматулло ин ҳамаро иттиҳоми сохтаву бофта номида ва гуфт, расонаҳо дар мавриди садамаи шаби 9 октябр ахбори беасос ва носанҷида нашр мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • shams

  • 22 ноябр 2013 14:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чанобон ва хонумхо Амонулло Хукумов вакт надошт ба тарбияи фарзандаш магшул шавад. Модараш уро дар танхои тарбия карда аст. Мошинро модараш харида, праваро низ, хатто туфангчаи дасташро ки намоишкорона нишон медихад модари муштипар харида. Аз ин ру уро бояд чазо дод то занони сохиб мансабон ба тарбияи фарзандон диккат диханд. Чунки мардо эшон хатто лозим шавад аз падарир руй мегардонад.
Посух додан
  • Шоруххан

  • 22 ноябр 2013 14:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Расул ба гумонам бачаи зани дуюм е сеюм аст . набошад чаро падарро неву модарро барои накзи конун чавобгар мекунанд. Хамсояи моро барои он ки бачааш ба масчид ! рафтааст чарима карданд , дар хол хатто як руз нагузашта. Ачиб соати 2 и шаб мегранданд ноболигони пулмаст, одам мекушанд! дар Олмон мегарданд. Бо дигаронро гунакор мекунанд. Тавба , дар сари зур санги осиеб гаштааст мегуянд ку хамин будаастда . ..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳукумов занашро барои худ сипар (подставит) кардааст? Бале, модари тоҷик ҳама чизро ба дӯши худ мегирад.
Посух додан
  • Маъруф

  • 22 ноябр 2013 15:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачабо, чи хел масъулияти падару модар будааст, ки номи падар дар парванда нест. Мумкин Хукумов падари Расул набошад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
16 лет, курить, пьёт, гуляет с оружием на руках демонстрирует, и наконец таки убивает и калечить людей, ещё и внешно такой противный можно угадать по нему, всё у него с рук сойдёт, вымогали денег у газеты моль ангелы, а теперь, что??? если он неполучить по закону, то органы правопорядка вообще потеряют лицо в обществе....а ещё если он из второй, третьей, пятой жены, как же это??? а за многожёнство же судят??? это как??? или не каждого судят??? пусть получать по всем нарушениям хватить расслоение. хватить!!! другим V.I.P-ам будет добрый пример

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!