Бахшҳо

Эътироз

Зафари СӮфӣ

Ман агар бархезам,
Ту агар бархезӣ,
Ҳама бармехезад.
Ман агар биншинам,
Ту агар биншинӣ,
Чи касе бархезад,
Чи касе бо душман бистезад... Ҳамиди Мусаддиқ

Ростӣ аз назари мо вокуниш ба суханҳои нодоне, ноогоҳе амале мисли об дар ҳован кӯбидан аст. Аммо ин авохир зиёд шудани амалҳое аз ин қабил нохуни тез ба рӯи ғурурамон мекашад. Аламовар аст, ки инҳо гоҳе дар либоси дӯст кори душман ва гоҳе огоҳона миллати моро таҳқир мекунанд. Таи чанд ҳафтаи ахир расонаҳои “шарики стратегии Тоҷикистон”, яъне Русия бо ҳар баҳонае авзоъи кишвари моро гӯё ба риштаи “таҳлил” мекашаду дар камоли ҳамоқат миллати моро таҳқир мекунад. Вокуниш ба ин гуна матолиб ва сукути миллатдӯстон дар баробари он ба ҳеч ваҷҳ нишонгари тарс ё бетарафӣ нест. Онҳо худро ба ин афкори ғаразолуд ва ашхоси ноогоҳу беобрӯ баробар кардан намехоҳанд ва аз сӯи дигар андешаи он, ки ҳатман ин нанг, ки гӯё фармоиши ҳукуматро анҷом медода бошанд ба номашон мечаспад, онҳоро аз вокуниш бозмедорад. Вале то кай? Мо агар дар дохили кишвар бо ҳам ноҳамоҳангиҳое дорем, аз рафтори ин ё он шахсият ё давлатмарде норозием, агар ин ё он барномаву амали ҳукуматро танқид мекунем, ин ба хотири он аст, ки мехоҳем кишварамон обод бошаду мардум дар озодӣ ва рифоҳ ба сар барад. Аммо вақте як расонаи хориҷӣ матлабе дар бораи кишвари мо омода ва пахш мекунад ва он ҳам фақат нукоти ба истилоҳ заъифро ба тасвир мекашад ва гузашта аз ин таҳқиру туҳматро раво медорад, ифодагари фармоишӣ ва олудаи ғаразҳои нопоки афрод ё гурўҳҳое будани ин матлаб аст, ки бояд дар баробараш вокуниш нишон дод.

Барномаи шабакаи телевизионии РБК-и Русия, ки ахиран пахш шуд, як далели ғаразолуд ва нишонгари фаъолияти фармоишиву ғайриҳирфаӣ будани матолиб алайҳи тоҷику Тоҷикистон дар расонаҳои русӣ аст. Ҳикмате ҳаст, ки агар марги саг расад ба меҳроби масҷид мемезад. Номуси ҳар миллат ва обрӯи ҳар кишвар ба монанди меҳроб аст, яъне муқаддас мебошад. Агар дар баробари ин муқаддасот беодобӣ кардӣ ҳатман ҷавоб хоҳӣ гирифт.

Гардонандаи аслии ин барномаи РБК албатта афроду гуруҳҳои таъсиргузор дар Русия ҳастанд, онҳое, ки дар симои миллат ва кишвари мо манобеъи арзони даромадро мебинанд. Ва сифати муҷриёни ин гуна барномаҳо дар камоли аҳмақӣ аз ҳама ҳад мегузаронанд, ки ин маврид низ истисно нест. Мо огоҳона ному насаби гӯянда ва коршиносҳои ин барномаро зикр накардем, зеро арзиши инро надоранду як лӯхтаке беш нестанд. Вақте барномаро тамошо мекунӣ оҳанги бадхоҳӣ ва ҳатто душмании гӯянда бо тоҷику Тоҷикистон ошкоро мушоҳида мешавад. Албатта барои ноаён мондани ин оҳанги бадхоҳӣ огоҳона ба шахси раиси ҷумҳур мерасанд ва албатта ин амалашон барои ба даст овардани дили бархе афроди ба истилоҳ мухолиф ва норозии ифротӣ ва тундрав аст. Медонанд, ки агар неруҳои солим вокуниш кунанд шояд ин ифротиҳо дар пуштибони аз РБК ва бар зидди ҳаммиллатони худ садо баланд хоҳанд кард.

Замони ҷанги шаҳрвандиро ёд меоранду махсус фитнаангезӣ мекунанд ва таъкид мешавад, ки “кӯлобиҳо сар мебуриданду хонаҳоро оташ мезаданд”. Ангехтани оташи маҳалгароӣ ва ба ин васила доман задан ба оташи нифоқу бадбинӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон як ҳадафи асосии пинҳон зери ин ишораи гӯё гузарост.

Тоҷикистонро як кишвари фиребгар муаррифӣ мекунанд, ки гуё бонки ҷаҳонӣ ва чандин кишварҳоро фиреб медода аст. Шояд манзураш ҳукумати Тоҷикистон бошад? Дар ин сурат ҳам магар Бонки ҷаҳонӣ, соири бунёдҳои молии байналмилал ва кишварҳо ба ин ҳад содаанд, ки дар баробари фиреб сукут варзанду бо кишваре ҳамкорӣ кунанд?

Гузоришгари шабака аз Тоҷикистон тасвир бардоштаву иддао мекунад, ки дар Тоҷикистон зистан “не очен комфортно”. Магар назарсанҷии саросарӣ гузарондеду мо бехабарем? Шумо аз куҷо медонед, ки «комфортно» ҳаст ё нест? Гӯё далел ҳам меорад, “битовие прибори и автомобил предмет роскоши”, яъне василаи таҷаммул аст. Вақте як коло андак ва дастнорас бошад метавонад нишонаи таҷаммул маҳсуб гардад. Барои як руси ноогоҳ душвор аст дарки ин воқеъият, ки тоҷик миллати таҷаммулгаро нест, албатта ин чанд тан навкисаву навдавлатҳо истисноанд. Тоҷик парвардаи хонавода ва беш аз ин ҷомеаи суннатист ва ҷамъгароӣ як нишонаи рушани ин падида аст. Меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои инсонӣ ҳамчунон дар аксари фарзандони ҷомеаи тоҷик мустаҳкам аст. Аз ин рӯ бар мабнои меъёрҳои фардгароёна ва арзишҳои пучи моддипарастона ба зиндагӣ ва рафтори тоҷик набояд нигоҳ карду ба баррасӣ гирифт, ки нанги тоҷиконаро бедор мекунад ва оқибатҳои сангине барои ин гуна афроду гурўҳ хоҳад дошт. Албатта ин таҳдид нест, ин баёни воқеъият аст, зеро мо тоҷикон одат накардаем зӯргӯиву таҳдид кунем, балки дар лаҳзаи лозим нангу номуси тоҷиконаамонро амалан нишон медиҳем.

Мегӯянд лулаи газ нест, ҳаст, худи газ нест, зеро фитнаҳои афроду ниҳодҳои Русия боис шуда, ки ҳамсояи мо дигар барои мо газ намедиҳад. Водопровод нест мегуяд. Охир ин сухан дар бораи кадом кишвар аст? Кучо водопровод нест? Ин мардум аз чи об мехуранд, агар лулаи об нест? Ин ки дар бархе минтақаҳои хушк дар замони шуравӣ ҳам мушкили камбуди об вуҷуд дошт, ҷои баҳс нест. Магар дар ҳама манотиқи Русия водоправод ҳаст? Мушкили об дар кишвари шумо вуҷуд надорад? Албатта дорад!

Лулаи фозилоб нест мегуяд. Бинандаи кутоҳандеш шояд ба даҳшат биуфтад, як кишвари асри миёнагиро пеши назар орад, ки дар фозилобу ганд ғарқ шуда бошад. Аммо воқеъият чизи дигар аст. Лулаҳои фозилоб ҳаст. Агар нест фозилоби ҳазорҳо хонаҳои баландошёна дар шаҳрҳову шаҳракҳои Тоҷикистон куҷо меравад? Шояд ба даҳони ғору бефаровези ин хабарнигори пурғараз?

Нуктаи ҷолиби дигар он аст, ки дар тамоми тули барнома фақат аз тоҷику Тоҷикистон бадгӯӣ мешавад, вале як кадре нест, ки нишондиҳандаи ин вазъияти баде бошад, ки ин хабарнигорон ва коршиносони ноинсоф иддао мекунанд.
Як туҳмати дигар дар ҳаққи тоҷикон ин буд, ки иддао шуд дар рустоҳо мардум иҷоза намедиҳанд духтарҳо дар мактабҳо таҳсил кунанд. Бинандаи ноогоҳ пас аз шунидани ин ҳарф шояд фикр кунад, ки Тоҷикистон як Афғонистон ё бадтар аз он як Вазиристони шимолист ва мардумаш мисли қабоил бо суннатҳои асри санг зиндагӣ мекунанд. Бо суханҳои умумӣ ва бидуни овардани далел ҳарф задани хабарнигор нишони боризи ҳирфаӣ набудани ӯст. Дар кадом рустои Тоҷикистон ин амали зишт ба таври умумӣ вуҷуд дорад? Дар тамоми рустоҳои Тоҷикистон чанд тан духтарро падару модараш аз таҳсил манъ кардаанд? Агар мисоле ҳаст, агар як –ду ҷоҳил аз фарти ҷаҳолат ин корро карда бошад, набояд рузноманигоре, ки ба арзишҳои ин ҳирфа эҳтиром қоил аст, он амалро фарогир эълом дорад. Дар камоли ҳамоқат ба ҳамаи мардуми шарифи рустонишини тоҷик чунин туҳмат задани хабарнигору гӯяндаву коршиноси РБК бояд беҷавоб намонад. Мутмаинем дигар дар ин амал таъхире нахоҳад шуд ва дигар тоҷик на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳар гӯшаи ҷаҳон ба кучактарин таҳқиру тӯҳмат аз сӯи бегонагон посух хоҳад дод.

Мо мехостем решаи бадбинӣ ва нафрати ошкоро алайҳи тоҷику Тоҷикистонро дар ин барнома пайдо кунем ва ҳангоме ки гуфт Раҳмонов насабашро аз ов-и русӣ халос кард, пеши худ гуфтем, шояд ин кор писандашон наёмада. Аммо ин хоҳиши ҳар инсон аст, гузашта аз ин чаро исрор доранд, ки ному насаби як мардуми дигар бояд русӣ бошад? Вале вақте дурӯғро ба ҳадди ниҳоят расонда иддао карданд, ки дар идораҳои сабти аҳвол мардумро маҷбур карданд, ки насабашон бидуни ов-у ова бошад ба худ иқрор кардем, ки ин бозӣ бо афкори мардум аст ва дар роҳи расидан ба ин ҳадаф аз ҳеч коре ва ҳеч дурӯғе рӯй намегардонанд. Охир дар ҳеч минтақаи кишвар чунин набуд. Аммо, эй кош чунин мебуд, зеро тоҷик як милатест бо тамаддуни чандинҳазорсола ва чи зарурате дорад пойбанди расми нодуруст ва сохтаи як қавми дигар бошад. Мо ҳанӯз фаромӯш накардаем ва шояд ҳеч гоҳ фаромӯш накунем, ки бобову бобокалони ҳамин русҳо ба минтақаи мо бо шамшеру тӯфанг омада моро аз бузургтарин хостгоҳҳои фарҳангамон, яъне шаҳрҳоямон ҷудо карданд. Ин фоҷиаро ҳеч гоҳ тоҷикон нахоҳанд бахшид. Гузашта аз ин ов-у ова, ев-у ева дар шакли насаб дар байни русҳо ҳам торихи қадимӣ надорад. Бузургтарин фарзандони Русия мисли Пушкину Толстой, Достоевскиву Есенин ва садҳо тани дигарро метавон мисол овард.

Мо иддао надорем, ки мардуми тоҷик дар рифоҳи комил ба сар мебарад. Аммо мушкили нодорӣ характери густарда дорад, гуфтани гӯяндаи барнома як навъ таҳқири ошкори миллати шарифи тоҷик аст. Мо медонем ва шояд онҳо ҳам огоҳанду худро нодида вонамуд мекунанд, ки нодортарин хонаводаи тоҷик аз як хонаводаи миёнаҳоли унҳо зиндагии беҳтару инсонитар дорад. Дар тамоми Тоҷикистон як бомжи тоҷикро наметавон пайдо кард. Ин дар ҳолест, ки дар Русия шояд дар ҳар кӯчаву паскӯча се-чаҳор ва гоҳо бештар аз он майзадаву бомжро метавон дид. Агар дар Тоҷикистон як бомже ҳаст он ҳам намояндаи миллати рус аст.

Як туҳмати дигар дар мавриди муҳоҷирати фарогир буд. Гуфтем шояд ҳузури тоҷикон дар Русия инҳоро нороҳат карда, ки чунин бадбинона ва душманона моро бадгӯӣ мекунанд? Шояд мисолҳо аз ин муҳоҷирати фарогир меоранд?! Аммо, афсӯс ҳамчунон дурӯғ буду тӯҳмат ва ҳеч як далели мушаххас пешниҳод нагардид. Муҳоҷират вуҷуд дорад, аммо на фарогир, балки мавсимист. Гузашта аз ин зиёд рӯи ин мавзӯъ набояд русҳову Русия монёвр диҳад. Муҳоҷиронро, ки ба қавле ҳамин турӣ пул намедиҳанд, гузашта аз ин дар хеле ҳолат ҳаққи ҳалоли заҳматашонро намепардозанд, яъне ғоратгарӣ мекунанд ва даъво кардани ғоратгар хандаовар аст. Фаромӯш накунанд, ки ин муҳоҷирон талбандагӣ намераванд, мераванд кор кунанд ва Русия як бозори коре беш нест. Муҳоҷирон нерӯи кории худро сарф мекунанд, дар тоқатфарсотарин вазъият кор мекунанд, ки мардуми Русия ба ҳеч ваҷҳ наметавонад он корро анҷом диҳад.

Ин хонуми коршинос ҳам ба зоҳир дилсӯзона сухан мегӯяд, вале огоҳона фактҳоро воруна нишон медиҳад. Дар ҳамин барнома буҷаи солонаи Тоҷикистон наздики се милиард доллар эълон шуд ва ин хонум бо зикри он ки 3 миллиард доллар аз Русия ва Қазоқистон ирсол шуда, иддао мекунад ин маблағ ду баробари буҷаи солонаи Тоҷикистон аст. Намедонем онҳо кадом шакли риёзиро дар мактабҳояшон мехонда бошанд. Ё шояд аслан риёзӣ намехонанду фақат дарси арақхӯрӣ ва зӯргӯӣ меомӯзанд?

Ҳамин хонум иддао мекунад то си дар сад аҳолӣ аз рустоҳои нодор мераванд ва боз таъкид мекунад, ки амалан рустоҳо беодам мемонанд. Охир си дар сад ё ҳамаи аҳолии русто мераванд? Беш аз ин чаро як мисол намеоред? Аз кадом русто аҳолӣ рафтаву амалан русто беодам монда? Ба ин таваҷҷӯҳ надорад, зеро вазифадор аст воҳима кунад, ки мардуми рустоҳои Тоҷикистон хонахез ба Русия омаданд. Ҳол он ки ин рустоҳои Русия аст, ки холӣ монда ва дар ҳоли нобудист ва миллат низ дар ҳоли пир шудану дар сурати пешгирӣ нашудан дар ҳоли фано қарор дорад.

Дар қисмати поёнии барнома гӯё дар зимни сӯҳбат гӯянда мавзӯъеро матраҳ мекунад, ки дар асл решаи ҳамаи тӯҳматҳо ва бадбиниву ангехтани оташи нифоқу фитна дар ин барнома аз ҳамин сарчашма об мехӯрад. Мегӯяд ширкати Русал мехост корхонаи алюмении тоҷикро бозсозӣ кунад ва тоҷикон нагузоштанд. Чи дурӯғи бузурге! На Русал ва на ҳеч ширкати дигари русӣ ҳеч аз паи обод кардан набудаву нест. Ҳама медонанд, ки ширкатҳои вобаста ба ҳукумати Русия дунболи бозсозӣ нестанд, балки дар пайи соҳиб шудан ба ин ё он корхонаву иншооти роҳбурдӣ ва асосӣ буданду ҳастанд. Воқеан агар ҳукумати Тоҷикистон дар ин росто як кори хуб ва миллатдӯстона анҷом дода бошад, ҳамин рондани Русал аз кишвар буд.

Коршиноси ноогоҳи барнома аз нияти ширкати Интеррао (Раоаэс) барои сохтани баландтарин сад ва неругоҳе бо иқтидори тавлиди барқ бештар аз неругоҳи Норак сӯҳбат мекунаду номи ин неругоҳро ба забон намеорад. Шояд ҷое ин мавзӯъро хонда ё шунида ва умуман хабар надорад, ки неругоҳи Роғун куҷост ва шояд намедонад ва ё худро ба нодонӣ мезанад, ки ин ширкати русӣ солҳои тӯлонӣ ба ҷуз ваъдаи холӣ ҳеч иқдоми амалие дар ростои сохтани неругоҳи Роғун анҷом надод. Ба назар мерасад ин пуружае барои фишор овардани ҳукумати Русия ба давлати Узбакистони ҳамсоя буду бас. Онҳо ошкору ниҳонӣ сохтмони ин неругоҳро чун хатаре барои Узбакистон ҷилва доданд ва тухми фитна коштанд. Раоаэс ва ё ҳар ширкати дигари русӣ тарҳҳои миллӣ мисли Роғунро дар ҳеч ҷо насохтаву намесозад. Пои Чин ё Эронро дар ин масъала ба миён кашидан ҳам ҳадафи фитна ангехтан дораду бас. Ин гуна тарҳҳои миллиро худи фарзандони миллат месозанд ва агар имрӯз не, ҳатман фардо Роғун сохта хоҳад шуд!

Як нуктаи охир ин аст, ки ҳама иштирокчиёни ин барнома нороҳат аз он ба назар мерасанд, ки шарики тиҷории Тоҷикистон дар бахши содирот кишварҳое мисли Туркия, Чин, Эрон, Афғонистон ва Қазоқистон асту Русия дар зинаи охир қарор дорад. Инҳо он қадр дар ҳамоқат печидаанд, ки мантиқи равобити иқтисодиро намехоҳанд бипазиранд. Охир колоро ба тарафе мефурӯшанд, ки харидор аст. Агар Русия харидор набошад ва ин ё он колоро бихоҳад ба нархи поин бигирад, вақте харидори дигар ҳаст, чаро Тоҷикистон манфиати худро зери по кунад? Дигар замони зӯргӯӣ ва тасоҳуби дороиҳои дигарон гузашта, ки ҳоло шумо мехоҳед ё намехоҳед, бояд ин воқеъиятро бипазиред.

Бозӣ кардан ба номуси миллате аз сӯи дастгоҳҳои таблиғотии миллати дигар фақат як натиҷа ба бор меорад ва он ҳам ҳисси нафрат ва интиқом. Набояд фаромӯш кунанд, ки ҳарчанд тоҷик миллати сабур аст, аммо таҳқирро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунад. Кам пеш омада, ки интиқомро бахшида бошанд. Фарзандони бонангу номуси миллат таҳқиру туҳматро нахоҳанд бахшид ва ҳатман интиқом ситонда хоҳад шуд. Дер ё зуд.
Мӯҳр
Точикистони нав
Ман агар биншинам,
Ту агар биншинӣ,
Чи касе бархезад?
Ман агар бархезам,
Ту агар бархезӣ,
Ҳама бармехезад!!!!!
Ҳама бармехезад!!!!!

Тахлили вокеи ва барчо! Ватандороне ки додии ватанхохи мезананд чаро хомушанд.
Ватан вайрона аз ёр аст ё агиёр ё харду.
Сиёсатмадорни хар ду чониб дар назар аст.

Офарин, акаи Зафар. Хайрият як навиштаи Шумо ба фоидаи халк баромад. Дар хакикат дуруст мегуед.

Насим
Зафарчон ман даркат мекунам, аммо чи илоч. Вакте мо хоки кишварамонро муфту мачони дар ихтиёри сарбозону афсарон ва лашкариёни рус барои солхои тулони медихем натичае ба чуз аз такиру масхара кардан магар мешавад интизор дошт? Ин танхо як мисол овардам
Пируз боши !!! Барои хамин хамон харфи дустдоштаи шумо, ки "сахт нагир"

Одина
Магар мардум бекору бебарку,сатхи пасти зиндаги ва маошу нафакахои ночиз ,ба хамаи хаминаш хам руссхо гунакоранд?

точик
Як бор ба русиа бие пас мехфами марди ватандор;мардуми мухочир дарбадару овора...
Ту дар хона мисли кадбону нишаста гурур дори. Рост мегуянд русхо..

Салом окои Зафар! Дасти шумо дард накунад! Маколаи тахлилии бисёр оли. Кош хама рузноманигорони чумхури хамин гуна маколот ироа мекарданд.
Бо орзуи муваффакият Лукмон Бойматов

точик,
"...Чи мехостӣ бигӯӣ бо "Рост мегӯянд, русҳо" гуфтанат? Чаро давом надодӣ? Дар куҷо онҳо рост гуфтаанд? Агар дар ҷое ҳам онҳо ҳақ бошанд, ин ностуфкуниҳои шумо дар кӯчаҳои Русия будагист. Шояд аз ҳамин сабаб онҳо нисбат ба тамоми миллати тоҷик нафрат доранд? Ёдам ҳаст. Замони Шӯравӣ қисмати қафои автобус ва троллейбусҳои Душанбе пур аз туфи нос буд. Хаёл мекардӣ инҷо галаи мурғобиҳоро бурда бошанд. Шояд ҳамин феълу хуро баъзеҳо берун аз Тоҷикистон низ идома медиҳанд. Дуввумин хислати бади тоҷикона, ин дар ҳузури русҳо ҳаммиллати хешро бадгӯӣ кардан аст. Ман борҳо шоҳиди он шудаам. Севвумин, ин дар кӯю кӯча бо пиҷаку (костюм) бриҷ ва кроссовки гаштан аст. Чорумин хислати бад, ин ба масхараву таҳқири бегонагон (асосан русҳо) сари вақт ҷавоб надодан аст. Панҷумин, ин дар мамлакати худ худро соҳибзамин надидан аст, яъне тарсувӣ. Борҳо шоҳиди он шудаам, ки русҳо дар бозор сари тоҷик фарёд задаанд ва атрофиён хамуш тамошо мекарданд. Яъне ҷасорати муқовимат ва ҳамбастагӣ бо якдигар нест. Канораҷӯӣ ва "эҳтиёткории" ҳукумат дар баробари дурӯғу бғҳтонҳо нисбат ба тоҷикон ва Тоҷикистон низ тайи ин солҳо нақши манфиро иҷро кардааст. Ҳамаи инро бегонагон мушоҳида карда, як портрет месозанд. Пас аз ин хел барномаҳои таҳқиромез пеш аз ҳама бояд ниҳодҳои расмии Ҳукумати Тоҷикистон фаъол бошанд - Вазорати корҳои хориҷӣ ва парлумони кишвар. Ончи Зафар навистааст, як нотаи (ёддошти) дипломатии тап-тайёр аст. Бо каме тағйирот метавон онро ба Маскав ба вазорати хориҷии русия ба тарзи эътирози Ҳукумати Тоҷикистон бифирист. Агар пас аз ҳар як ин гуна барнома нотаи эътироз биравад, онҳо низ минбаъд забонашонро медоранд. Дар муқобил, ҷониби Тоҷикистон дигар қартаҳо низ дорад. Масалан, таҳдиди забони русиро маҳдуд кардан. Чаро не? Ин ҷои бисёр нозуки азаматталабони Маскав аст. Барои дифоъ аз нангу номӯси хеш ва шаъни миллат бояд аз ҳамаи воситаҳои дастрас истифода бурд.

ofarin barodar zafar.tojiki asil budai.

Ман агар бархезам,
Ту агар бархезӣ,
Ҳама бармехезад.
Ман агар биншинам,
Ту агар биншинӣ,
Чи касе бархезад,
Чи касе бо душман бистезад Гузориши РБК русияро дидам, дар он хеч тахкири точику точикистони набуд. Он чо гуфта мешуд, ки Рахмон карлук аст. Баробари он мегуфтанд, ки кадом дастоварде дар ин 22 сол точикистон надошт.
Бо ин навиштаат ту Зафари Суфи нишон доди, ки ту хам ба лаганбардори гузаштаи ва аз тарси Рахмону командааш ба тарафи онхо гузаштаи.
Озодагон, чоп кун. Агар нашр накуни ба суд мурочиат менамоям.
Бо САМИМИЯТ БАСИР аз Вахёи бузург, холо дар Петербурги сохили Нева

точик
Садхо хазор чавонмардону чавонзанони точик дар Русия корхои вазнини сохтмон ,аробакаши,кучаруби ва г. анчом дода,дар фазои бехукуки ,бепанохи,
тарс гуломиву бардаги карда,хам худро мехуронанду хам ними ВВП кишварро интикол медиханд. Аз кадоме ин ифтихор бояд кард? Ое зиндагии бештари точикон ба сабаби мухочират бех нашуд? Агар мехохи гурур дошта боши дастнигари дигарон мабош! Шумо бе ин хам вазъи душвори мухочиронро вазнин накунед, ватандорони богурур. Агар на як вокунише нишон дихед. Хохед дид,ки шарики стротеги чи посух медихад. Бо думи шер бози намекунанд, ай хонашерони майдонгариб. Хамин Зафари Суфи як ба русиа меомад ва ахволи хамватанонро медид шояд гуруру ифтихораш мешикаст.

Мухтарам Зафари Суфи.Аз авли солхо ,фикр мекардем бехтар буд.солхои пеш,Иван аз кучо медонист,ки Бобои Файз намозхонасту,Муллохам хаст?Ба Иван ин хабарро хамкишлоки, Бобои Файзи Рахмати хабар дод,ки то уро паронанд,ин солхои 1938-буд. Замони чанги шахрвандиро ёд меоранду махсус фитнаангезй мекунанд.Суфи ,фаромушт накунед .Иван аз кучо медонист,ки Вахобихо кихо будаанд КИНОФИРМА (СИНАМО) Таджикистан дар сомонаи Ютуб то холо хам хаст ин филм.Иван Петрович магар як грухро вахоби мегуфту,тахкир мекард ё худи мо Точикон? Зафари Суфи тесаки милатчиро ,ки ба Точикистон дават кард ,ки ба у чомаву локи баст Деканхои мактабхои Оли ё ин,ки Элитаи Точикистон ё Иван Петрович?Мухочират фарогир нест мегуед.Саидро бо трос баста буданд,ки 10-сол боз руи Модари зиндаи худро дар хок хисоб дошт. Русал мехост корхони ТАЛКО-ро ичора гирад,дар он ,вакт Акбари Турачонзода Вазир буд, гуфта буд Иван гирад, ичора рози бояд шавем ,чун Иван метавонад куваи баркро биёрад ба корхона ва Иван ичора пулихам медод .Мухлати шартномаи Иван хам буд мешуд мо ба по мехестем ва Иван ТАЛКО-ро ба Руссия намебурд Норакро барои Мардум ва барои ободи Кишвар сарф кунем,магар ин гап набуд,ки ба фоидаи Мардум равшанфикрон кушишу,хавас хури доштанд.Боз Иван гунахгор?Суфи бояд сари кали худро табобат кунем ,на аз дигаронро. Этирози Шумо хак мебуд Мардуми Азизам мухочир намешуд.

mukalid
"эҳтиёткории" ҳукумат дар баробари дурӯғу буҳтонҳо нисбат ба тоҷикон ва Тоҷикистон низ тайи ин солҳо нақши манфиро иҷро кардааст. Ҳамаи инро бегонагон мушоҳида карда, як портрет месозанд. Пас аз ин хел барномаҳои таҳқиромез пеш аз ҳама бояд ниҳодҳои расмии Ҳукумати Тоҷикистон фаъол бошанд - Вазорати корҳои хориҷӣ ва парлумони кишвар.

Акаи Зафар! ман нафахмидам шумо гох аз хакикат мегуед гох аз пашша харф мезанед-гохе мегуед ки ин камбудихо дар вакти союз хам буданд? Бале буданд чаро дар давоми 20сол ислох нашуданд ин камбудихо? ё шумохам гуфтаниед,ки <охиста-охиста шудаистай хамаш 100%-ай>Озодагон сардабиратона норохат кардан намехостам. ин фикри шахсии ман аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)