Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:56

Худдории Тураҷонзода аз сафар ба Бишкек

23 ноябр 2013, 09:31

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон ва руҳонии саршиноси тоҷик, ки бояд Тоҷикистонро дар конфронси байналмилалии эҳёи исломӣ, дар шаҳри Бишкек намояндагӣ мекард, аз ин сафар худдорӣ намудааст.

Оқои Тураҷонзода рӯзи 23 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” хабари даъват шуданаш ба конфронси байналмилии “Эҳёи исломӣ”-ро таъйид кард. Ин руҳонии тоҷик дар шарҳи худдорияш аз иштирок дар ин конфронс гуфт: “Ба хотири ҷои дигар сафар карданам, ман бо ташкилкунандагон тамос гирифта аз эшон узрхоҳӣ кардам, ки ҳозир шуда наметавонам.”

Конфронси байналмилалии “Ибтикори фикрӣ дар раванди бедории исломӣ дар Осиёи Марказӣ” қарор аст, 24 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шавад. Ба гуфтаи Кадир Маликов, яке аз ташаббускорони ин конфронс, дар он тарҳи сулҳи пойдор дар партави омӯзишҳои исломӣ ва роҳҳои мубориза бо ҷараёнҳои ифротӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Ба ин ҳамоиш намояндагони баландпояи исломӣ ва коршиносон аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия, Чин, Эрон, Туркия, Покистон Афғонистон даъват шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана маълум шудки муфтибобо саидмукаррамбаро чи ба ин конфронс иштирок намекардааст.Аз шарму аз тарси тураҷонзода.ха ха ха ха ха ха ха((((((((((((((
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман нафахмидам муфти Саидмукррам ба ин конфронс намеравад Турачонзода намеравад хайр дар инчо Турачонзода он кадар ролро бози намекунад лекин аз муфтиёт бояд иштирок кунад...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
НАРАФТАНИ АБДУЛКОДИРЗОДА ДАР ОН АСТ ,КИ У САВОДИ КОФИ НАДОРАД ДАР БОРАИ ИЛИ ИСЛОМ . ВА БОЗ САБАБАШ ДАР ОН АСТ,КИ ХАБАРНИГОРОН САВОЛ ДИХАНД,КИ ЧАРО ДАР ВАТАНИ ШУМО ТОЧИКОН БА ХОНАИ ХУДО РАФАНРО АЗ РУИ СИНУ СОЛ МУАЯН КАРДЕД.ДАР ИН ,ВАКТ ЧАВОБ НЕСТ РАФТАН ХАМ ДАРКОР НЕСТ ЧУН ШАРМАНДА НАКУНЕД МИЛАТИ МУСУЛМОНИ ТОЧИКРО. ЭШОНИ АКБАР КОРИ ХУБ КАРДААСТ ,КИ НАРАФТААСТ. САД ТАШАКУР ЭШОНИ АКБАР БАРОИ ФИКРИ РАВШАНАТОН ,ШУМОРО ДАР ПАНОХИ ХУДО НИГОХ ДОРАД. эхсон,
эхсон,
Посух додан
  • Ана

  • 23 ноябр 2013 13:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муфти аз тарси он, ки Турачонзода хакикати холи Ислом ва мусалмононро дар Точикистон ончо ифшо мекунад, аз ин сафар даст кашидааст. Суолхо зиёд мешаванд-да. Хичолат кашидан хангоми посух ба суолхои ногахони, ба касе намефорад)))))))))
Посух додан
  • Dilzanak )))

  • 23 ноябр 2013 21:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Mukarram az tarsi ru baru shudan bo Turajonzoda az in safar dast kashidaast)))) sharmanda dar in dunyo shoyad gurezi ammo fardo nazdi xudo chi megui???

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!