Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:53

Эмомалӣ Раҳмон сарвазири нав ва муовинони ӯро таъин кард

23 ноябр 2013, 11:09

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми ноябр, бо судури фармон, Оқил Оқилови 69-соларо,ки 14 сол боз сарвазир буд, аз мақомаш барканор намуда, ба ҷои ӯ Қоҳир Расулзодаро сарвазири нави кишвар таъин намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба ҷои Қоҳир Расулзода, муваққатан Абдураҳмон Қодирӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин карда шуд. Абдураҳмон Қодирӣ, зодаи Хуҷанд, 60 сол дошта аз соли 2006 то 2008 вазири кишоварзӣ ва аз моҳи январи 2008 то ҳол муовини аввали раиси вилояти Хатлон буд.

Инчунин бо фармонҳои президент Муродалӣ Алимардон муовини сарвазир боқӣ монда, Ҷабборова Марҳабо Тухтасуновна ва Азим Иброҳим муовинони нави сарвазир таъин гардиданд. Ҷабборова Марҳабо то ҳол вакили парлумон ва Азим Иброҳим сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон буд.

Баробари ин Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармон Қурбонова Руқия Атоевнаро аз вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон озод намуд. Қаблан муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саидов таъин гардида буд.

Қоҳир Расулзода, сарвазири нави Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, моҳи марти соли 1961 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, соли 1982 Институти кишоварзии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) бо ихтисоси «муҳандис-гидротехник» ва соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо дипломи аъло хатм намудааст. Номзади илмҳои техникӣ.

Фаъолияти меҳнатиро ба сифати техник-санҷишгари санҷишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» дар соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст. Баъдан дар вазифаҳои муҳандиси шўъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, сардори КСМ-4, сардори иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» (шаҳри Хуҷанд) фаъолият доштааст.

Аз январи соли 2000 то декабри соли 2006 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.

Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2007 - раиси вилояти Суғд таъин гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • диловар

  • 23 ноябр 2013 14:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз мансаб ба мансаб хеч тагироте нест,
Посух додан
  • Vali

  • 23 ноябр 2013 18:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бузбози!
Посух додан
  • нозир

  • 23 ноябр 2013 21:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хешбози
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мур хами ту душмано сухта мур хамад.

инчо ягонхел хешбози нестас? Хамаш бо мехнати халол! Кохир Расулзода ба пеш!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
shamshod,

Хафа нашав, Шамшод. Русҳо мегӯянд: "НА БЕЗРЫБЬЕ - И РАК РЫБА." Вақте моҳи набошад, харчангро моҳӣ гуфта мехӯрӣ. Вазифаи сарвазирӣ аз хуҷандиҳо аст. Ин набошад, боз як хуҷандии дигар мешуд. Одамҳо аз бахилӣ ҳар чиз мегӯянд. Ба онҳо эътибор надеҳ. Инҷо дигар масъала ҳаст. Оё сарвазир дар ҳамин ҳукумат ягон нақшро иҷро мекунад? Маълум аст, ки не. Коҳир Расулзода омад кард. Ягон кор накарда, ҳафт сол истироҳат мекунад. Магар ин бад аст? Ба хуҷандиҳо муборак бошад.
Посух додан
  • кохир

  • 24 ноябр 2013 23:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ду косалеси мардуд!
Посух додан
  • jona

  • 25 ноябр 2013 09:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
az ivazkunii adadho summa tagir nameyobad/////................

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!