Бахшҳо

Назари Барзу ва Сатторзода ба зиёиёни имрӯзаи тоҷик

Ҳумайрои БАХТИЁР

Равшанфикрони тоҷик, бегоҳи 22-юми ноябр, дар маҳфили навбатии “Гуфтугуйи тамаддунҳо” дар Душанбе, масъалаи мақом ва мавҷудияти зиёиро дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик мавриди баррасӣ қарор доданд.

Барзу Абдураззоқов,
коргардони машҳури театр ва яке аз ширкатдорони маҳфили мазкур гуфт, ки дар шароити феълӣ атрофи зиёӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат кардан хеле мушкил аст: “Мушкил ҳам дар он, ки аксари онҳое, ки худро зиёӣ медонанд, вазъи ҷомеаро дарк мекунанд, аммо дар баромадҳои худ ба тамоми мушкилоти ҷомеа чашм мепӯшанд. Ин аст мушкили мо. Мо медонем, мебинем, аммо намегӯем. Як зиёӣ бояд чунин рафтор надошта бошад.”

Барзу Абдураззоқов афзуд, ки аз мавҷудияти чунин вазъ хеле нигарон аст: “Иттифоқан ба ман ду рӯз қабл вазири фарҳанги Қирғизистон занг зад. Пешниҳод дошт, то дар донишгоҳ мудири кафедра бошам. Ман фикр кардам, ки чаро? Чаро ман дар Тоҷикистони худ чанд соли охир ҷойи кор пайдо карда наметавонам? Чаро ҳама дарҳо бар руйи ман инҷо пӯшида? Ҳайрон мешавам.”

Назари Барзу ва Сатторзода ба зиёиёни имрӯзаи тоҷикДар ин робита Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси тоҷик гуфт, ки мушкили ҷомеаи тоҷик дар он аст, ки зиёӣ ҳамчун як гурӯҳ ва қишр дар он шакл нагирифтааст. Ба бовари Абдунабӣ Сатторзода феълан дар ҷомеаи тоҷик зиёиҳо танҳо ба сифати шахсиятҳои алоҳида ҳастанд: “Мо тафаккури ягонаи миллӣ надорем. Қабл аз оне, ки мо чеҳраи умумии зиёии тоҷикро муайян созем, бояд бидонем, ки зиёӣ вуҷуд дорад ё на? Баҳсҳо атрофи зиёӣ дар ҷомеаи мо ҳамеша буд ва ҳаст. Гурӯҳе бар ин назаранд, ки зиёӣ надорем, вале гуруҳи дигар мегӯяд, ки дорем. Мо ҳатто муайян накардаем, ки ки зиёӣ кист ва чӣ рисолат дорад?”

Адабиётшиноси тоҷик гуфт, равшанфикрони тоҷикро лозим аст, то хусусият, рафтор, хислат ва шахсияти як зиёиро дар ҷомеаи тоҷик мушаххас кунанд. Абдунабӣ Сатторзода бо ишора ба мулоқоти ҳамасолаи раисҷумҳур бо зиёиҳо таъкид намуд, ки агар такя бар он феҳраст бикунем, пас омӯзгорон, коргарон, хабарнигорон ва умуман ҳар касе, ки аз ягон ҷиҳат бо саводу илм кор дорад, ӯро зиёӣ мегӯянд. Аммо ба назари номбурда, диплом доштан ва дар идораҳои давлатию маъмурӣ кор кардан, танҳо намуди зоҳирӣ аст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ зиёиро бояд аз рӯи маънавиёташ шинохт ва зиёиҳо ба қавли русҳо, виҷдони миллат бояд бошанд. Ба гуфтаи Абдунабӣ Сатторзода зиёӣ фарди миллӣ, соҳиби тафаккури миллӣ аст.

Абдунабӣ Сатторзода афзуд, “солҳои охир андешаҳое ҳам садо медиҳанд, ки аҳли дин ҳам зиёӣ ҳастанд. Дар ин бора Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода ва Абдулло Раҳнамо бо далелҳо ишора мекунанд. Пас, маълум мешавад, ки зиёӣ будан, ин доштани савод аст.”

Номбурда дар идома гуфт, ки барои муайян кардани як зиёӣ бояд дар сатҳи давлатӣ як барнома қабул карда, хислатҳои аслии онро дақиқ кард. Ба бовари Абдунабӣ Сатторзода як зиёии тоҷик бояд хислатҳое, чун, нопок, норост, ночавонмард, ноинсон, бетараф, бешараф, тарсу, бемаърифат, бефарханг, мутаасиб, худхоҳ, худпараст, дурӯя, фиребгар, замонасоз, маҳалпараст, қавмпараст, хушомадгӯ, фурсатталаб, нодон, манфиатҷӯ надошта бошад.

Ӯ таъкид намуд, ки низоми сиёсӣ барои ташаккули қишри зиёӣ хеле саҳми муҳим дорад.
Мӯҳр
Ба бовари Абдунабӣ Сатторзода як зиёии тоҷик бояд хислатҳое, чун, нопок, норост, ночавонмард, ноинсон, бетараф, бешараф, тарсу, бемаърифат, бефарханг, мутаасиб, худхоҳ, худпараст, дурӯя, фиребгар, замонасоз, маҳалпараст, қавмпараст, хушомадгӯ, фурсатталаб, нодон, манфиатҷӯ надошта бошад. Вале афсус ки зиеиени имруза хамааш чунинанд ва зиеда аз ин лагандбардоранд.

корвон
пас апаи Тутубалина гапи нодуруст гуфтаги. вакте зиёи надошта бошем чаро ба суд мурочиат мекунем????

Ба бовари Абдунабӣ Сатторзода як зиёии тоҷик бояд хислатҳое, чун, нопок, норост, ночавонмард, ноинсон, бетараф, бешараф, тарсу, бемаърифат, бефарханг, мутаасиб, худхоҳ, худпараст, дурӯя, фиребгар, замонасоз, маҳалпараст, қавмпараст, хушомадгӯ, фурсатталаб, нодон, манфиатҷӯ надошта бошад. Шумо акои Абдунаби даст болои сина монеду гуед, ки замонхои шурави махалгарои накардаед? Агар карда бошеду имруз бас карда бошед, пас Шумо зиёи шудаед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)