Бахшҳо

Саодат Амиршоева, Искандари Фирӯз ва Юсуфов дар бораи қазияи Ҳукумов

“Озодагон” миёни коршиносон суол гузошт, ки оё бовар доред, қазияи садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе бо иштироки Расули Амонулло, писари ноболиғи Амонулло Ҳукумов, раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон иттифоқ уфтоду, се кушта бар ҷой гузошт, мунсифона баррасӣ хоҳад шуд?

Абдулқаюм Юсуфов, ҳуқуқшинос

Бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти додгоҳ ва додрасҳои Тоҷикистон ман ба мунсифона баррасӣ шудани ин парванда бовар надорам. Тавре мебинем, агар дар нисбати мансабдоре ва ё наздикони ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад, додрасҳои Тоҷикистон чандон ҳукми вазнин намебароранд. Онҳо ҳатман бо дарназардошти вазифаи ҷавобгар ҷазои сабуктаринро пешбинӣ мекунанд. Агар мутобиқи ҳамон парванда шаҳрванди оддие ба ҷавобгарӣ кашида шавад, ҳатман ҷазоро дар шакли вазнин таъин мекунанд. Аммо мансабдор ва ё наздикони онҳоро бо қарори корҳои ислоҳӣ ва ҷаримабандӣ озод мекунанд. Аз ҳамин хотир метавон гуфт, ки парванда дар нисбати писари Ҳукумов ҳам ғайримунсифона баррасӣ хоҳад шуд.

Саодат Амиршоева, вакили парлумон


Мову шумо медонем, ки мутобиқи Сарқонун ва қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи баробар доранд. Новобаста аз он, ки деҳқон, мансабдор ва ё коргарди оддӣ ҳаст, ҳама дар назди қонун баробар. Аз ин хотир ҳамаи парвандаҳо ҳам бояд мунсифона баррасӣ гарданд. Аз он сабабе, ки ман ба парвандаи писари Ҳукумов дахолат надорам, наметавонам ҳоло аз ин бештар чизе бигӯям. Вале ба фикри ман додгоҳ аз руйи қонунҳои кишвар ҳукм мебарорад, на бо дарназардошти шахсияти муайян. То баровардани ҳукми додгоҳ мо чизе гуфта наметавонем. Ҳукми додгоҳ барояд, баъд мо мебинем, ки то куҷо он аз руйи адолат ҳаст.

Искандари Фирӯз, хабарнигор

Ин чандон масъалаи душвор нест. Ва ҳукми худи Амонулло Ҳукумов дар додгоҳ метавонад ба зудӣ таъин шавад. Шояд натиҷаи он ин пардохти ҷарима бошад. Барои ин ҷурм аслан муҷозот дар шакли ҷарима пешбинӣ мешавад. Ҷаримаи чанд маоши ҳадди ақал, ки он дар рафти баррасии қазия муаяйн хоҳад шуд. Фикр мекунам ин ҳукм содир хоҳад шуд.
Мӯҳр
Банда
Бовар кунед бародарон конун факат борои 2-камбагал аст.

варо
шуморо хам хариданд ку

Рахмдил
саодат амиршоева ту вакили тарсончак хасти додгох одилона карор мебаровардааст. Як бор дар парвандаи ЗАЙД САИДОВ гап зан хамон замон аз вакил озоди харчанд туро халк интихоб карда бошад хам. Озодагон як бор дар бораи парвандаи Саидов аз вакилони парлумон пурсед ИЛТИМОС

Xexeee барои мансабдорону вкд чони одами 50 сомон асту ба масчид даромадани ноболиг 2500

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)