Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Дар Яғноб мактаб-интернати замонавӣ сохта мешавад

Боздиди президенти Тоҷикистон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад.


Тибқи иттиллои дафтари матбуотии райисҷумҳур, субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва анҷоми боздиди корӣ ба шимоли кишвар сафар кард. Рустои Яғноб-маҳалли нахустин аз боздиди Эмомалӣ Рахмон маҳсуб мегардад. Мавриди зикр аст, ки Яғноб қабл аз муҳоҷирати сокинонаш аз 32 деҳаи ободу зебо иборат буда, қариб 4000 нафар аҳолӣ дошт. Аз ин шумора тибқи маълумоти барӯйхатгирии соли 1970 – ум 3200 нафар ба ноҳияи Зафаробод кӯчонида шуд. Қисми дигари аҳолӣ пеш аз оғози муҳоҷиркунӣ бо аҳли хонаводаи хеш шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Варзобу Ҳисорро ҷойи истиқомат қарор доданд.

Гуфтанист, мактабҳои хурди амалкунанда талаботи маънавии хонандагонро дар ин минтақа қонеъ карда наметавонанд ва кӯдакону наврасони баъзе деҳаҳо аз раванди таълиму тарбия берун мондаанд. Аз ин рӯ Эмомалӣ Раҳмон  вазорати маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ноҳияи Айнӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор намуд, ки бо назардошти кам будани шумораи хонандагон дар аксари деҳот ва дур будани масофаи байни деҳаҳои Яғноб дар назди мактаби таҳсилоти умумии рақами 22 – и ҷамоати деҳоти Анзоб мактаб – интернати замонавӣ бо фароҳам овардани тамоми шароити зарурии таълиму тарбия, хобгоҳ ва дигар иморатҳои ёрирасон бунёд намуда, онро дар оғози соли хониши 2012 – 2013 ба истифода супоранд.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)