Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:07

Идомаи ифшокориҳои Гулнора: Модарам падарамро фиреб карда истодааст

25 ноябр 2013, 10:39

Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, бегоҳи 22-юми ноябр дубора ба шабакаи Твитер баргашта, иттиҳомот алайҳи модараш, Татяна Каримоваро оғоз кардааст.

Гулнора менависад, “Модари азизам! Медонам, ки бодиққат навиштаҳои маро мехонӣ ва ҳамарӯза ба сари масъулини хадамот дод мезанӣ, ки чаро наметавонанд, твитерро банданду ба даҳани ман муҳри хомӯшӣ зананд. Ман ин ҳамаро бо таассуф назора дорам.”

Дар идома Гулнора Каримова модарашро дар боздошти ҷонибдорони худ ва тақаллубкорӣ гунаҳкор мекунад: “Ин мубориза бо мухолифин нест. Ин як беқонуниятие аст, ки модарам ташкил кардааст. Дар ин фазо дилхоҳ касро барои дилхоҳ ҷиноят гунаҳкор кардан имкон дорад.”

Духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон инчунин аз он шикоят дорад, ки модарашро падарашро фиреб дода, монеи мулоқоташон шудааст: “Модарам ба атрофиёни падарам фармоиш додааст, ки маро наздаш нагузоранд бо ӯ пайваст накунанд.”

Каримова менависад, акнун вақте ба чунин ҳолат гирифтор шудааст, амиқан зарурияти созмонҳои ҳомии ҳуқуқро дарк кардааст ва таъкид намудааст, ки бояд фаъолияти худро дар Узбакистон густариш диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки духтари бузурги Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, 21-уми ноябр дар изҳороти худ модару хоҳарашро барои аз худ кардани тиҷорату чанд ширкати хусусӣ, аз ҷумла бозори “Абу Сахӣ” ва додугирифти пинҳонӣ бо Туркияву Чин муттаҳам намудааст. Вай дар идома дар бораи холабачааш Акбар Абдуллоев низ сухан гуфтааст, ҳоло дар зиндон нигаҳдорӣ мешавад. Гулнора гуфтааст, Акбар ба тиҷорати модару хоҳараш кумак мекард ва вақте бо хоҳиши холабачааш хостааст ӯро ба назди Ислом Каримов бубарад, модараш ӯро ба зиндон андохтааст.

Ба иддаои Гулнора Акбар кори 25 иншооти тиҷоративу иҷтимоиро дар Узбакистон назорат мекардааст, ки фоидаи онро модару хоҳараш – Лола мегирифтаанд. Вай навишта, ки аз модараш хост, то Акбар зиндонӣ нашавад, аммо натиҷа надод. “Акбар ҳоло мисли бомбаест, ки бо мурури вақт метаркад, чунки дар бораи корҳои сиёҳи модарам иттилои хеле зиёд дорад”,-илова кардааст Каримова.

Духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон тамоми мушкилоте, ки ҳоло дорад, аз модари худ дида ва навиштааст, “ӯ ҳамон ваъдаашро иҷро мекунад. Аммо, мутаассифона, аз ин баҳсҳои афроди наздик одамони зиёде ранҷ мебаранд.”

Гулнора Каримова духтари калонии Ислом Каримов, президенти Узбакистон аст. Гулнораро дар чанд соли қабл вориси аслии курсии падар медонистанд. Аммо чанд вақти ахир дар мавриди сардӣ миёни ӯ ва падараш сару садоҳои зиёде ҳаст. Ҳатто гуфта шуд, Ислом Каримов Гулнораро задааст. Ҳоло чаҳор шабакаи телевизионии марбут ба ӯ аз фаъолият боз монда, бархе аз ширкатҳои вобаста ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон мавриди бозҷӯии мақомоти қудратии узбак қарор гирифтанд. Хонум Каримова ин овозаҳоро таъйид ва иқдоми мақомоти қудрати кишварашро ғайриқонунӣ унвон карда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хонавода ва гирду атрофи шоҳон, вазирон ва кабирон таърихан пур аз дасиса, сирру асрор ва гапу калоча мебошанд. Аз ин хотир хонаводаи Каримов ва ҳамтоёни ҳамсояаш истисно нестанд. Сари қудрат даҳсолаҳо нишастӣ, ҳамин вазъият пайгират хоҳад буд. Духтари Каримов танҳо нӯги калобаро кушодааст, худи калоба кушода шавад, Узбакистон метаркад.
Посух додан
  • Абдуллох

  • 25 ноябр 2013 14:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин як сенарияи тархрезишудаи чаноби Каримов аст. Аз Гулнора- апа лидер сохта истодааст. Давомаш такрибан хамин хел мешавад, ки мардуми узбак дилашон ба Гулнора месузад, зеро Гулнора исбот мекунад, ки пулхоро бо рохи халол чамъ овардааст, аз у пуштибони мекунанд ва офаринаш мегуянд ки тавонист дар баробари Ислом Каримови диктатор истодагари кунад. Ноогох Ппрезиденташ интихоб мекунанд баъд тамом боз хамоно Ислом Каримов сиёсаташро тавассути Духтарчонакаш идома медихад. мухлати президентиш соли 2014 тамом мешад ку,,,,,,,,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Дар ин фазо дилхоҳ касро барои дилхоҳ ҷиноят гунаҳкор кардан имкон дорад.”
Харду "дилхох" нодилхох аст ва бемавкеъ ва бемантик истифода шудааст. Оё чиноят метавонад "дилхох" бошад ва агар шахс "дилхох" бошад, уро гунахкор мекунанд?
Пас гунаи точикии ин чумла бояд чунин бошад: "Дар чунин вазъ хар касро метавон бо хар бахонае гунахкор кард".
Посух додан
  • Xfvitl

  • 25 ноябр 2013 15:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Абдуллох,
Бародар Абдуллох гапи хакро гуфти
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
CHto-to znakomaya istoriya dlya TADJIKSOGO naroda )))))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Абдуллох,

Бале, ин вариант ҳам аз ҳақиқат дур нест. Имкон дорад, ки нақша ҳамин тавр аст.
Посух додан
  • tojik

  • 25 ноябр 2013 23:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
munosibati gulnora ba tojikon chi xel bud???ki medonad???

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!