Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:59

Барои «гусел»- и Ленин 14 миллион сомонӣ ҷудо гардид

11 май 2011, 09:52

Тавре аз идораи сохтмони асосӣ дар шаҳри Хуҷанд ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар остонаи таҷлил аз 20- умин солгарди истиқлолияти давлатӣ,  25 иншооти ҷашнӣ дар ҳудуди ин шаҳр бунёд карда мешавад, ки ин сохтмонҳо  аз манзили истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ, маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ва боғу гулгаштҳо иборат аст.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз мақомоти Суғд  гуфт, ки дар катори чунин иншоотҳо, ҳамчунин лоиҳаи  маҷмааи хиёбони шоҳ  Исмоили Сомонӣ, бо дарназардошти 14, 5 милион сомонӣ  маблағ аз ҳисоби буҷаи вилоят амалӣ хоҳад шуд, ки  он иборат аз  гулгашт, силсилаи фаввораҳои рангоранги бозигар, гулбоғ  ва ҳам бунёди муҷасамааш, ки ба ҷои муҷассамаи Ленин дар маркази шаҳри Хучанд насб карда мешавад.

Феълан корҳои кабудизоркунӣ дар ин мавзеъ ҷараён дошта ва баъди ба  итмом расидани сохтмони  муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, пайкараи 12 метраи Ленин, ки аз баландтарин муҷассамаи доҳии комунистони ҷаҳон ба шумор меравад, тандис карда мешавад.

Ба ин тартиб бар пояи иттилои идораи сохмони асосии Хуҷанд баландтарин ҳайкали  Ленин  аз маркази шаҳри Хуҷанд, ки ҳамакнун хиёбони Исмоили Сомонӣ ном бурда мешавад, барканда ва ба як кунҷи шаҳри Хуҷанд барқарор карда хоҳад шуд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!