Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:18

Сафари Бердимуҳаммадов ба Тошканд ва имзои 8 созишнома

25 ноябр 2013, 16:42

Дар рӯзи аввали сафари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба Узбакистон 8 созишнома миёни Тошканд ва Ашқобод ба имзо расид. Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар оираи як сафари расмии дурӯза рӯзи 25 ноябр вориди Тошканд шуд.

Сарони кишварҳои Туркманистон ва Узбакистон имрӯз 25 ноябр дар шаҳри Тошканд баёнияеро низ ба имзо расонидаанд, ки дар он усул ва самти ҳамокриҳои дуҷониба зикр шуда, инчунин зарурати таҳкими муносибатҳои сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ оид ба умури минтақавию байналхалқӣ ишора шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки Рашид Мередов, вазири умури хориҷии Туркманистон зимни ҷаласаи утоқи вазирони туркман дар Ашқобод гуфта буд, қарор аст, аз 25 то 26 ноябри соли ҷорӣ Қурбонгули Бердимуҳаммадов як сафари расмиеро ба Узбакистон анҷом диҳад.

Манбаъ илова карда буд, ки интизор меравад, дар ин сафари раисиҷумҳури Туркманистон ба Тошканд, гуфтушунидҳо миёни сарони ду кишвар баргузор шавад. Дар ин сафар масоили дурнамои равобити дуҷониба ба баррасӣ гирифта шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!