Доктори илмҳои шариат аз мушкили бонувони мусалмон мегӯяд
Бирлант Салгиреева, доктори илмҳои шариат, устоди Донишгоҳи давлатии улуми исломии Уммони Урдун 30 ноябр дар Маскав аз мушкили бонувони мусалмон дарс мегузарад.
Ӯ аз нақши бонувони мусалмон дар ҷомеаи муоссир суҳбат намуда, бештар ба мушкилоти аслии онҳое, ки дар ҷомеаҳои ғайриисломӣ ба сар мебаранд, тамарқуз хоҳад кард. Дар ин бора торнамои “Исламнюс” хабар додааст.
“Лексияи ин донишманди улуми Ислом соати 14:00-и 30 ноябр дар Маркази таълимии “Мадина”, воқеъ дар кӯчаи Дубининская, 71 оғоз мешавад. Иштирокдорон имкон доранд, саволҳои мавриди назари худро ба ӯ пешниҳод созанд”,-навиштааст манбаъ.
Бирлант Салгиреева дар Чеченистон ба дунё омадааст. Соли 1993 факултаи таърихи Донишгоҳи муштараки Чеченистону Ингушистон ба номи Л.Толстой ва соли 2001 факултаи шариати Донишгоҳи шаҳри Заркаи Урдунро хатм кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |