Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:58

Писари собиқ раиси Восеъ муъҷиби фавти ду нафар шуд

25 ноябр 2013, 17:39

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон боз як садамаи марговари дигарро бо иштироки писари мансабдор сабт кардааст, ки ду кушта барҷой гузошт.

Ба иттилои ин ниҳод бегоҳи 23-юми ноябр, дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар километри 35-ум дар ҳудуди деҳаи Элок, ронандаи автомобили «Тайота Ландкрузер», Бахтиёр Тағоймуродов, ки писари Алимурод Тағоймуродов, собиқ раиси ноҳияи Восеъ, муовини раиси Хатлон ва айни ҳол мудири кулли корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мебошад, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини тамғаи "Мерседес-Бенз", таҳти идораи ронанда Максим Зохови 27-сола бархӯрдааст.

Ба иттилои БДА дар пайи ин бархӯрд, Мерседес ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо «Опел Астра» бармехӯрад, ки дар натиҷа ду мусофири мошини "Опел Астра" ба ҳалокат мерасанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Тохир

  • 25 ноябр 2013 17:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Писраи собик раиси Восеъ марди болиг ва сохиби оила аст. Худаш барои амалаш чавоб гуяд. Инро дар зиндаги тасодуф мегуянд. Причём тут собик раису шахси мансабдор. Писараш барои амалаш чавоб гуяд. Тагоймуродов бехтарин кадри Эмомали Рахмон аст.
Посух додан
  • тахлилгар

  • 25 ноябр 2013 18:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввалан, хабарро, мухтарам кормандони иттидооти, сари вакт ва бо далел бояд овардан, на баъди 2-шабонаруз ва сар-сари.
Баъдан, чанобон, хабар бояд бегаразона бошад, на сархур, "писари Алимурод Тағоймуродов, собиқ раиси ноҳияи Восеъ, муовини раиси Хатлон ва айни ҳол мудири кулли корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»???!!!
Максад чист, хабаргузор?
Оё дар "Озодагон" тахлилгаре нест?
Посух додан
  • аслам

  • 25 ноябр 2013 18:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
писараш баро падараш чавоб нмегуяд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин гунахгоронро низ модарохошонро ба чавобгари кашид.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бахтиёр Тагоймуродов чудохам инсони ботарбият, босавод,кадри инсонро медонистагист. Корам галтида буд ба ин шахс, мехрубонии уро дида ба хайрат омадам, ба дил гуфтам ин хел инсонхои хоксор,инсондуст, Худотарс холохам вучуд доштааст. Хаминро гуфтани хастам, ки автомобил ин оханпораест, ки мо дар даруни вай меравем, ва ба мo хеч кас замонат(гарантия) дода наметавонад ки мо хама вакт аз ухдаи вай баромада метавонем, ин техника мешавад гохе аз ухдааш баромада наметавонем ва ба сари хар як инсон ин ходиса меояд, ба касе сабук ба касе вазбин, вакти мурдан биёяд оби софи хурдаги инсонро мекушад ё чизе сабаб мешавад! Касоне ки ин шахсро намедонанд забон дарози айб аст! Писари мансабдор ихел онхел гуфтани гап нест чунки гуфтаанд: нангар ки, Ки мегуяд Бингар ки Чи мегуяд..........
Посух додан
  • tojik

  • 25 ноябр 2013 23:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
sadama az tarafi xudovand ast.tovba va ehtiyot kuned.in bar sari har kas omadanash mumkin.
Посух додан
  • Чамшед

  • 26 ноябр 2013 09:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эхтиёт куни хеч гох ба садама дучор намешави хамавакт дар дахон зикри Аллох бошаду охиста рони худо хохад ягон гап намешавад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарони БДА аввало маъзарат шумо аз хад гузаронидаед як касе бошад худтона тафтиш кунад ба номусу нанги мардони босавод кадри шинохтаи кишвар Т А ва писари у Т Б А нарасед ва аз паша фил насозед Худо барои ин бародар шифои очил ато кунад ва дар панохаш нигохаш дорад чумла душманони ин бародаро ва халки точик кур шавад кормандони БДА дар урфият гуфтаанд аввало андеша баъд гуфтор.......
Посух додан
  • Солех Кулоб

  • 26 ноябр 2013 09:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Alisher Rahimov,
еее Неки тариф кади да дар вакти нохияи Восеъ будануш ягон ободи нашид да Восеъ. сУМА ЧАМ КАД ИНА БА бАХТИЁРЧОНА Прадо харид ки катаги карда бгард

Фабрикаи Чавоб сахт кор мекадай.
Посух додан
  • шахрванд

  • 26 ноябр 2013 09:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
то ба хол аз такдир хеч кас нагурехтаст, аз ин хотир, пеш аз бахогузории касе худ андеша кунед.
Посух додан
  • Беном

  • 26 ноябр 2013 10:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон аз насиб гурехта намешавад барои чи аз паша фил месозед
Посух додан
  • Сухроб

  • 26 ноябр 2013 11:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале аз тагдир гурехта намешавад лекин ехтиёт карданам хуб аст биродар. Мо бояд дар сари чамбараки мошин хело бо ехтиёт бошем то ки зарарамон ба дигарон нарасад. Хамита не?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бахтиёр Тагоймуродов собик корманди прокуратура, барои бо автомашинаи шахсиаш интикол додани маводи мухаддир аз вазифа барканор карда шуда буд. Бо сабаби бе чазо монданаш, аз асп фаромада бошад хам аз узангу хеч фаромада натавониста коидаи харакати рохро дагалона вайрон кардааст, ки сабаби марги одамони бегунох гардидааст. Акнун аз такдираш бояд нагурезаду мтобики талаботиконунхои амалкунанда, тайёриашро барои дар хабс паси сапр кардани панч соли умраш тайёр шавад. то кай бечазо гаштан мумкин бошад? Хатто халк барои чунин ашхос аллакай маколе хам тайёр кардааст: "Як бор части малахак, ду бор части малахак. Охир ба дасти малахак."
Посух додан
  • ррррр

  • 27 ноябр 2013 17:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бахтиёр бисьёр одами хуб ва бачаи ботарбия хаст афсус афсус ки такдир хамин будай
Посух додан
  • Зоиршо

  • 16 декабр 2013 15:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХУДОВАН ДАР ПАНОХИ ХУДАШ НИГОХ ДОРАД ТОВБА ГУФТАН ДАРКОР ИН ХОДИСАИ ФАВКУЛОДА МЕБОШАД МАН АКАИ АЛИМУРОДРО ХАМДАРДИ МЕБАХШАМ АЛИМУРОД ТАГОЙМУРОДОВ КАДРИ БЕХТАРИН ДАР ЧУМХУРИ МЕБОШАД МО НАБОЯД ФАРОМУШ КУНЕМ, КИ ИН ХОДИСА КАСДАН НАШУДААСТ БОЯД ХАМАИ МО ЭХТИЁТ КУНЕМ ЧУНКИ ИН ХОДИСА ДАР САРИ ХАМА ОМАДАНАШ МУМКИН АЗ ХУДОВАН БИТАРСЕД БА ГАМИ ЯКАСИ ДИГАР ШОДИ НАКУН, КИ РУЗЕ БАР САРАТ МЕОЯД.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!