Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:42

Боз интихобот... Қатъи ваколатҳои Ҷабборова ва Хидирова

26 ноябр 2013, 10:14

Ваколати Марҳабо Ҷабборова ва Мағфират Хидирова ба ҳайси вакили Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 26 ноябр расман қатъ шуд. Марҳабо Ҷабборова ба мақоми ноиби нахуствазир ва Мағфират Хидирова ба мақоми раиси Кумитаи занон ва оила таъин шудаанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи 26 ноябр ба Марҳабо Ҷабборова ва Мағфират Хидирова гул ва ифтихорномаи Маҷлиси Олиро тақдим кард. Вай дар бораи фаъолияти Марҳабо Ҷабборова, ки се соли охир ба ҳайси вакили парлумон фаъолият дошт, сухан ронда, аз ҷумла гуфт, “боварии комил дорам, бо масъулиятшиносие, ки дорад, аз иҷрои вазифааш хоҳад баромад.” Ба гуфтаи ӯ, Марҳабо Ҷабборова дар мақоми ноиби нахуствазир ҳалли масъалаҳои маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, муҳоҷират, тандурустӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Аортиши миллиро ба ӯҳда дорад.

Марҳабо Ҷабборова, зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар гузашта ба ҳайси раиси Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ҳам фаъолият кардааст. Худи ӯ дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи парлумон гуфт, “кор дар мақоми баланди қонунгузорӣ ин мактаби беҳтарин мебошад. Ман тамоми донишу маҳорати худро истифода мекунам. Барои ҳамкорӣ бо парлумон ва Шумо омода ҳастам.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • тарфдорон

  • 26 ноябр 2013 10:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муаллимаи Азиз Муборак шавад. Як гурӯҳ донишҷӯёни ДОТ.
Посух додан
  • Davlat

  • 26 ноябр 2013 10:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хакикат зани донову окила ва бомаърифату фарханг аст. Макоми сазовор муборак бошад, Мархабо хонум! Шод аз онем, ки эшон одоби муоширати дипломатиро медонад ва бехтар аз чойнишини собикаш метавонад бо атрофиён робита баркарор намояд.
Посух додан
  • Махина

  • 26 ноябр 2013 13:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Davlat,

Муаллимачон аз интихоби шумо хело хушнудам. Итмино дорам хамчун зан ва маорифпарвари содик тамоми кувваву неруи худро барои ободони ин сохаи мухим мебахшед.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!