Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:56

Тасдиқи сафари Расулзода ба Узбакистон аз сӯи ҳукумат

26 ноябр 2013, 12:03

Ҳукумати Тоҷикистон таъйид намуд, ки Қоҳир Расулзода, нахуствазири навтаъини Тоҷикистон ба Тошканд рафта, масоили густариши ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ хоҳад кард.

Тавре аз котиботи сарвазири Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дақиқ шуд, ки Тоҷикистонро дар Тошканд худи Қоҳир Расулзода муаррифӣ хоҳад кард. Ин нахустин сафари хориҷии Қоҳир Расулзода ба ҳайси сарвазири Тоҷикистон хоҳад буд. Расулзода дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд иштирок мекунад, ки рӯзҳои 28-29-уми ноябр дар назар аст. Сафари Расулзода ба Тошканд дар ҳолест, ки нахустин ҷаласаи ҳукумат дар ҳайати нав 30-юми ноябр таъин шудааст.

Дар ҳамин ҳол миёни Тошканду Душанбе мушкилоти зиёд дар умури обу энергетика, сарҳад, нақлиёт ва ғайра ҷой доранд, ки дар аҳди сарвазирии Оқил Оқилов ҳалли худро наёфтанд.

Қоҳир Расулзода бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23-юми ноябр, Оқил Оқилови 69-соларо, ки 14 сол боз сарвазир буд, иваз карда, сарвазири нави кишвар таъин шуд. Эмомалӣ Раҳмон расман Расулзода ва вазирони дигари навтаъинро 25-уми ноябр, ба кормандони ҳукумату дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба онҳо изҳори эътимод намуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Тоҷики Тоҷдор

  • 26 ноябр 2013 15:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо хохад Савари бо Борор мешавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман ба сарвазири тоза интихоби Точикистон барори кор мехохо!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Кохир Расулзода,
Аввалан Шуморо аз самими калб табрику тамният гуфта ба Шумо дар хама чабхахои фаъолиятатон бурдборихо хохонем. Агар Шумо барои огози нави дустии точику узбек дархоро боз кунед ва ба ин муваффакият сазовор шавед, Шуморо тамоми мардуми точику узбеке, ки солхои тулони дар азобу ранчу шиканч хастанд, тамоми умр дуоятон мекунанд. Шумо кадами некатонро аввалан аз сарзамини узбекон огоз менамоед ин хам як умеди калон аст. Аллох мададгори Шумо. ман бовари дорам, ки агар дустию бародарии точику узбекро баркарор кунед, ман аминам Шуморо хамчун кахрамони миллати точик мардуми чахон мешиносад ва хамеша дуоятон мекнанд. Ва хусусан зиёда аз 2 миллион точику узбеке, ки аз ду тарафи сархад дар азобанд хамеша дуогуи Шумо мешаванд. Ба Шумо дар ин кори неку хайрхохи бурдборихо ва муваффакиятхо хохонем. Худо мададгоратон.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кохир Расулзода президенти оянда аст ва танхо у метавонад муносибати неки хамсоягиро бо Узбекистон баркарор намояд
Посух додан
  • tojik

  • 27 ноябр 2013 10:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
prezident bovar karda vazifaro dod-boyad az bovari nabaroed.problema fakat dar uzbakiston nest digar problemaho ziyodan.xair kani binem boz inasha korasha.
Посух додан
  • hisor

  • 27 ноябр 2013 10:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
prezidenti svarka kardagiyai-200sol.in fikrro az sar duuuuur kuned.
Посух додан
  • Довар

  • 27 ноябр 2013 15:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ислом,Ба Илхом: "Кадами некатонро аз сарзамини узбакон ... огоз менамоед...???" Магар Самарканду Бухоро, Точканду Фаргона, Чусту Тирмиз... сарзамин узбаконанд? Ин чи таъкид аст, ки ту Илхом дониста ё надониста менависи. Ин сарзамин хеч аз они узбакон набуду нест.Он бахши асосии Точикзамин аст ва мо инро набояд аз ёд барорем. Точикистони имрузаи мо бошад, як бахши хурди он сарзамини бузурги точикон буд, ки пантуркистон ба чои Самарканду Бухоро дехаи хурдакаки Душанберо( гуё точик шахр надошта бошад???) пойтахти точикон эълон карданд... Инро хеч аз ёд набарор Илхом!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!