Бахшҳо

Душмани мусалмонҳо кисту чист: Шайтон, нафс ё бедонишӣ?

Бештари мусалмонҳо ба ин боваранд, ки душмани онҳо танҳо Шайтон буда ва тамоми бадбахтиҳое, ки ба сарашон меояд, кори дасти ӯст. Дар меҳвари даъвати аксар уламо ва воизон низ ҳамин Шайтон меистад.

Дуруст аст, ки Шайтон душмани рақами яки мусалмонҳо ба ҳисоб меравад. Аммо дар атрофи мо душманҳои зиёди дигар ҳам камин гирифтаанд, ки нашнохтани онҳо моро боз дучори мушиклҳои дигаре хоҳад кард. Бахусус, дар қарне, ки мо зиндагӣ мекунем, шумораашон хеле зиёд аст. Ба унвони мисол, мо чанде аз ин душманҳоро инҷо овардем.

Нафс. Яке аз душмани ашаддии инсон нафс аст, ки боис мешавад, то ҳар нафар ба корҳои зишт даст занад. Идораи нафс на ба ҳар кас муяссар мешавад. Агар инсон комилан мутеи нафси худ шуд, дигар байни ӯву ҳайвон ҳеч фарқе боқӣ намемонад. Фиръавн яке аз чунин шахсиятҳое дар таърих аст. Имрӯз баъзе мақомдорону пулдорони моро дидан мумкин аст, ки молу сарвати дунё чашми эшонро хира намудааст.

Ҷаҳл ва нодонӣ. Қуръон ба унвони наҷотдиҳандаи башарият ва қонуни асосии пешрафту саодат ва сарбаландиву муваффақият барои ҳар башаре, ки ба ӯ имон меоварад, замони зуҳураш бо “БИХОН” оғоз шуд. Яъне, аввалин даъват ва таъкиди Қуръон ва хосташ аз мусалмонҳо ин хондану бо савод шудан ва омӯзиши ҳамагуна илм буд. Қуръони карим ҳангоми нузулаш аз ҷониби Парвардигор бо аввалин даъват аз пайравонаш илму донишро талаб кард. Аз Паёмбари бузургвори Ислом Муҳаммад(с.а.в) қотеъона ва бо таъкид хонданро талаб намуд, чаро? Чун Худованд бо илми азалии худ медонист, ки нодонӣ бадтарин душман барои ҳар қавму миллат ба ҳисоб меравад. Нахондану наомӯхтан барои ҳамагуна ҷомеаи башарӣ фарқ намекунад, хоҳ мусалмон аст, ё ғайри мусалмон. Имрӯз ҷоҳилӣ ва нодонӣ боис шуда, ки мо аз шинохти воқеии худ дур биравем ба тақдир ва ояндаи давлату миллати худ бе тараф бошем. Ҷоҳиливу нодонӣ моро нисбат ба ҳамагуна зулму истибдод ва каҷравию бешарафӣ дар ҷомеа, бетараф кардааст.

Маҳалгароӣ. Душмани дигари мусалмонҳо ин бемории маҳалгароист, ки байнашон ривоҷ дорад. Хусусан, дар кишварҳои ақибмонда ё ҷаҳони сеюм ин амал зиёд ба назар мерасад. Вобаста ба маҳал, мусалмонхо байни ҳамдигар кинагирӣ, душманӣ ва бадбиниро эҷод мекунанд. Онҳо фаромӯш карданд, ки Ислом дар замони зуҳураш қавму қабоили гуногуни арабро муттаҳид карда, онҳоро ба як миллати воҳид табдил дод. Ва ин ягонагӣ боис шуд, ки онҳо ба пешрафтҳо ва интишори дини муқаддаси Ислом муваффақ гарданд. Имрӯз байни мусалмонҳои минтақаҳои алалхусус кишвари мо ин амали ноҷо ривоҷ дошта, як маҳал руҳонии маҳалли дигарро эътироф намекунад. Аҷиб аст, ки байни пайравони як дин, як мазҳаб, як ақида чунин амали нозеб ва вируси ҳалоккунандаи миллат ҷой дорад.

Роҳбар. Роҳбари одилу ҳушёру босавод барои ҳар ҷомеа неъмат аст. Интихоби чунин як роҳбари шоиста аз ҳар миллат, бахусус, миллати мусалмон зиракӣ ва ҳушёрии хосаеро талаб мекунад. Зеро як роҳбар бо амалҳои нодурусти худ метавонад як миллатро аз байн бибарад, теша ба решаи арзишҳову муқаддасоти як қавм ё миллат бизанад.

Ташвиқот. Ҳоло тарғиботу ташвиқот дар зиндагии ҳар нафари мо ҷойгоҳи махсус дорад, новобаста ба оне, ки мо машғули чӣ касбу коре ҳастем. Ҳазорон навъи иттилоот ҳамарӯза дар ҷомеаи мо паҳн мешавад. Мо ва атрофиёнамон ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоот дастрасӣ дорем. Интернет, телевизион, радио, ҳафтаномаву маҷаллаҳо бо ному ҳадафҳои гуногун дар мавзӯъҳои мухталиф ахборро дастраси аудиторияҳо ва мухотабони худ мегардонанд. Беарзиштарин ахбор бо ҳадафе нашр мешавад. Ҳангоми маълумот гирифтан, хоҳу нохоҳ, хоннада, шунаванда ва ё бинанда, зери таъсиру омилҳои гуногуни идеологиву фарҳангӣ қарор мегиранд. Кишварҳо ҳадафмандона ба воситаи филму барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фароғатӣ ва мазҳабӣ ончиро, ки мехоҳанд, ба давлатҳои мавриди назарашон мерасонанд. Ҳатто кор ба ҷое мерасад, ки нафароне ноогоҳона аз дин, мазҳаб, миллат ва ақидаву имонашон даст мекашанд ё онро тағйир медиҳанд. Хусусан дар кишварҳои ақибмонда ва ҷомеаҳои мусалмоннишин ин амалҳо зиёд ба назар мерасад. Ба хотири пешгирӣ аз таъсир ва оқибатҳои ногувори иттилооти паҳншаванда барои ҳар нафар зарур аст, ки сарчашмаи иттилоотиро бишиносад, муносибати худ ва атрофиёнашро ба он муайян кунад.

Хулоса, шинохти душман барои якояки мо алалхусус мусалмонҳо фарз аст. Оятҳои зиёде дар Қуръон баёнгари он аст, ки мо бидуни шинохти душман ва воситаҳое, ки барои онҳо кумак мекунад, наметавонем ба ҷое бирасем. Шояд яке аз мушкилҳои аслии мо ин бошад, ки мо дӯстон ва онҳоеро, ки барои ҷомеаи мо ғамхору муфиданд, душман бигӯем ва онҳоеро, ки дар ниқоби дӯст худашонро ғамхори халқу миллат мегӯянд, ба унвони дӯст бидонем. Дар атрофи мо ҳодисаҳое чархиш доранд, ки ояндаашон торику ваҳмноканд, аз ин хотир, биёед, кинаву ҳасаду маҳалу мансабро як тараф гузошта, барои душманонамон фикр кунем ва аз нақшаву барномаҳои бадашон огоҳӣ пайдо намуда барои зарбаи ҷавобӣ ё ҳадди ақал барои дифоъ омода бошем!

Далер ШАРИФОВ,
журналист

PS: Ин матлаб нуқтаи назари муаллиф аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мусалмон
Дустам Далер. Чаро дар бораи "рохбар" кам харф задед, хол он ки дар ин маврид бояд суханхои зиёде навишта мешуд. Ба хар хол агар ин назарро хондед, барояш посухе бинависед. Дар умум матлаби хуб иншо намудаед.

Шахрванд
Тахлил, аниктараш насихатномаи хуб, аммо масъаларо аз зовияи дину мусалмониву мазхаб бахо додан, чи зарурат дошт???? Дар холе, ки иллатхои номбаркардаи муаллиф метавонанд сирф ичтимоъи бошанд, яъне дар мехвари он на факат "мусалмону шариъат", балки "инсону чамъият" биистанд. Зимнан хамин шайтон махсули тафаккури муллохо ва дусти чоничониву карини онхост! Хар кучо шахсе бо тафаккури дуняви гунох кунад, худро сарзаниш мекунад, аммо хар кучо муллои тачовузгар аст, бахонааш тайёр-шайтон фиреб кард. Шайтон адвокати доимии муллову нимчамуллохоест, ки дили ифлосу нияти бад доранд...

Бехтарин матлаб. Фикри ман хам хамин тавр аст: Омили асоси акибмони мусалмонхо :1 ум БЕСАВОДИ (аз илм дур шудан) 2 ум НАФС, 3 ум ЧАХОЛАТ. ИН ШАЙТОН ГУИХО АЗ НОДОНИСТ. Бо умеди тавфик Шер.

Детский сад! Нафахмидам ки ин мавод чи дорад ки инчош гузоштаанд? Муаллиф иншои хонандаи синфи серо навиштааст. на хадаф, на максад как будто написано в рамках гранта. Шарипуф,гиребоната буй кун як бор! Туи Д. Д-ро бадном кардаю ба хотири квартира ду сол беникох бо вай зиста кучову ислом кучо? Озодагон чопуш кун! Холо дар Нигох ё Фараж ин киссахоятро аз забони ин занакои фиребта хурда мехони!

Janobi iks
Durust zikr namudi, janobi SHarifov!

КОРЧУ
Душмани мусалмонон кисту чист. ??? Инчо мусалмонон чизи мавхум аст мушаххас нест. кадом мусалмонон.?? мусалмонони пайрави кадом мазхаб??? кадом мамлакат???
масалан мусалмонони суннии Точикистонро намешавад бо мусалмонони шиъаи Озарбайчону Туркманистон мукоиса кард. онхо намераванд дар толибону салафихою вахобихо хидмат кунанд.ё мусалмонони арб дар туйи худ там оми сарвати хонаро сарф карда ба карз намегутанд. на мисли мо ки туйи пурказ каорда баъд ба руссия рафта мардикори кунем то карзро баргардонем. ё мусалмонони ирони ки номус карда дасьт ба истихроч ва истехсоли атом мезананд то чахон онхоро эътироф кунад. Хулоса банда бадбахтии мусалмонони худамонро дар надоштани рохбари рухонии зиндаву донишманд медонам. яъни аз усули чахолат истифода мекунем касонеро пайрави мекунем ки дониши дуняви надоранд.хар муллояке мухлисони худашро дорад . факат афсонаву ривояту маъзарат сафсатаи хурофотии асри 8-ро таргиб мекунанд. риш эзор почаву бурут .....ва ггг .Хуш ба холи пайравони мазхаби исломи, ки Сохиби зиндаи гамгусор, Рахнамои донишманди дини дорад ки хамкадами илму дониши замон аст. Дар мушкилу рохаташон шарик аст.

Daler, dar baktash guftam, ki ba korhoi ilmi mashgul sav, nakardi. Aknun shajton gufta gashtai?
Az khorija

Акаи Собирчон, гапхои нав ку. Дар бораи и чи медони, катаги када як дам таппак меброра хдша, як дам мардума паст мезана, як дам хукумата танкид мекна. Холи намедона, ки хама и номаъкулихои ура медонан бугу... Ку як бнавис бхандем дар холи и.

Салом бар хамаи хонандагон имруз душмани мо аз бе илми дигар ягон чи не ва душмани факат дар байни худамон дар замони шурави хама бехудои мегуфтан лекин байни мусалмонхо тафрика набуд имруз чавоно ба зар харидои эрону сауди гирифтор шуда ба якдигар душман шудан.ман аз хукумати нави Ч.О талаб дорам гайр аз мазхаби ханафи дигар тамоми мазхабу равияю харакатхо ба чавоб гари кашида шавад зеро ин душиани нисбати як дигар аз дасисаи шайтон зуртараст худо хидтяттон кунад

бандаи Худо
Офарин Далер Шарифов! Мо аз чунин журналистони бедор ва чашми дилдор мефахрем!Худо ёру мададгоратон бошад ва х,амеша дар дунёву охират сарбаланд бошед!

Неки бародари мух,тарам Далерч,он бо ин суханони х,ак,ат шайтон ва шайтонсифатонро норох,ат мекуни! Ах, ах, ах,…

ТОЧИК
Собирчон нафахмиде5д ки хамон занхо 12 сола буданд ё 16 сола? як чунин ташкилот сохат шуморо узви он кардан даркор то хамаро ташхис кунед ки ки бо ки хоб рафтааст? ман мехохам бо хамин кудак шинос шавам ин чихъели одам аст доим дар борааш гап мезананд вабшета ки аст хамин кудаккккккк?????

Умед
Душмани мусалмонхо ! Чоп кунетОООООООООООООООООООООН!!!

Абдулло
Корчу касеки набоши аз сари нав мусулмон шав наход ояту хадис барои ту aфсона бошад.

ССТ аз Душанбе
Бародар ман хам тарафдори суханони Шумо хастам бояд хар як рухони на танхо саводи динни балки саводи дуняви низ дошта бошад, хамаи ин камбудихо аз саводи дуняви надоштан ва дунё гашта набудани рухониёни мо мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)