Душмани мусалмонҳо кисту чист: Шайтон, нафс ё бедонишӣ?
Бештари мусалмонҳо ба ин боваранд, ки душмани онҳо танҳо Шайтон буда ва тамоми бадбахтиҳое, ки ба сарашон меояд, кори дасти ӯст. Дар меҳвари даъвати аксар уламо ва воизон низ ҳамин Шайтон меистад.
Дуруст аст, ки Шайтон душмани рақами яки мусалмонҳо ба ҳисоб меравад. Аммо дар атрофи мо душманҳои зиёди дигар ҳам камин гирифтаанд, ки нашнохтани онҳо моро боз дучори мушиклҳои дигаре хоҳад кард. Бахусус, дар қарне, ки мо зиндагӣ мекунем, шумораашон хеле зиёд аст. Ба унвони мисол, мо чанде аз ин душманҳоро инҷо овардем.
Нафс. Яке аз душмани ашаддии инсон нафс аст, ки боис мешавад, то ҳар нафар ба корҳои зишт даст занад. Идораи нафс на ба ҳар кас муяссар мешавад. Агар инсон комилан мутеи нафси худ шуд, дигар байни ӯву ҳайвон ҳеч фарқе боқӣ намемонад. Фиръавн яке аз чунин шахсиятҳое дар таърих аст. Имрӯз баъзе мақомдорону пулдорони моро дидан мумкин аст, ки молу сарвати дунё чашми эшонро хира намудааст.
Ҷаҳл ва нодонӣ. Қуръон ба унвони наҷотдиҳандаи башарият ва қонуни асосии пешрафту саодат ва сарбаландиву муваффақият барои ҳар башаре, ки ба ӯ имон меоварад, замони зуҳураш бо “БИХОН” оғоз шуд. Яъне, аввалин даъват ва таъкиди Қуръон ва хосташ аз мусалмонҳо ин хондану бо савод шудан ва омӯзиши ҳамагуна илм буд. Қуръони карим ҳангоми нузулаш аз ҷониби Парвардигор бо аввалин даъват аз пайравонаш илму донишро талаб кард. Аз Паёмбари бузургвори Ислом Муҳаммад(с.а.в) қотеъона ва бо таъкид хонданро талаб намуд, чаро? Чун Худованд бо илми азалии худ медонист, ки нодонӣ бадтарин душман барои ҳар қавму миллат ба ҳисоб меравад. Нахондану наомӯхтан барои ҳамагуна ҷомеаи башарӣ фарқ намекунад, хоҳ мусалмон аст, ё ғайри мусалмон. Имрӯз ҷоҳилӣ ва нодонӣ боис шуда, ки мо аз шинохти воқеии худ дур биравем ба тақдир ва ояндаи давлату миллати худ бе тараф бошем. Ҷоҳиливу нодонӣ моро нисбат ба ҳамагуна зулму истибдод ва каҷравию бешарафӣ дар ҷомеа, бетараф кардааст.
Маҳалгароӣ. Душмани дигари мусалмонҳо ин бемории маҳалгароист, ки байнашон ривоҷ дорад. Хусусан, дар кишварҳои ақибмонда ё ҷаҳони сеюм ин амал зиёд ба назар мерасад. Вобаста ба маҳал, мусалмонхо байни ҳамдигар кинагирӣ, душманӣ ва бадбиниро эҷод мекунанд. Онҳо фаромӯш карданд, ки Ислом дар замони зуҳураш қавму қабоили гуногуни арабро муттаҳид карда, онҳоро ба як миллати воҳид табдил дод. Ва ин ягонагӣ боис шуд, ки онҳо ба пешрафтҳо ва интишори дини муқаддаси Ислом муваффақ гарданд. Имрӯз байни мусалмонҳои минтақаҳои алалхусус кишвари мо ин амали ноҷо ривоҷ дошта, як маҳал руҳонии маҳалли дигарро эътироф намекунад. Аҷиб аст, ки байни пайравони як дин, як мазҳаб, як ақида чунин амали нозеб ва вируси ҳалоккунандаи миллат ҷой дорад.
Роҳбар. Роҳбари одилу ҳушёру босавод барои ҳар ҷомеа неъмат аст. Интихоби чунин як роҳбари шоиста аз ҳар миллат, бахусус, миллати мусалмон зиракӣ ва ҳушёрии хосаеро талаб мекунад. Зеро як роҳбар бо амалҳои нодурусти худ метавонад як миллатро аз байн бибарад, теша ба решаи арзишҳову муқаддасоти як қавм ё миллат бизанад.
Ташвиқот. Ҳоло тарғиботу ташвиқот дар зиндагии ҳар нафари мо ҷойгоҳи махсус дорад, новобаста ба оне, ки мо машғули чӣ касбу коре ҳастем. Ҳазорон навъи иттилоот ҳамарӯза дар ҷомеаи мо паҳн мешавад. Мо ва атрофиёнамон ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоот дастрасӣ дорем. Интернет, телевизион, радио, ҳафтаномаву маҷаллаҳо бо ному ҳадафҳои гуногун дар мавзӯъҳои мухталиф ахборро дастраси аудиторияҳо ва мухотабони худ мегардонанд. Беарзиштарин ахбор бо ҳадафе нашр мешавад. Ҳангоми маълумот гирифтан, хоҳу нохоҳ, хоннада, шунаванда ва ё бинанда, зери таъсиру омилҳои гуногуни идеологиву фарҳангӣ қарор мегиранд. Кишварҳо ҳадафмандона ба воситаи филму барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фароғатӣ ва мазҳабӣ ончиро, ки мехоҳанд, ба давлатҳои мавриди назарашон мерасонанд. Ҳатто кор ба ҷое мерасад, ки нафароне ноогоҳона аз дин, мазҳаб, миллат ва ақидаву имонашон даст мекашанд ё онро тағйир медиҳанд. Хусусан дар кишварҳои ақибмонда ва ҷомеаҳои мусалмоннишин ин амалҳо зиёд ба назар мерасад. Ба хотири пешгирӣ аз таъсир ва оқибатҳои ногувори иттилооти паҳншаванда барои ҳар нафар зарур аст, ки сарчашмаи иттилоотиро бишиносад, муносибати худ ва атрофиёнашро ба он муайян кунад.
Хулоса, шинохти душман барои якояки мо алалхусус мусалмонҳо фарз аст. Оятҳои зиёде дар Қуръон баёнгари он аст, ки мо бидуни шинохти душман ва воситаҳое, ки барои онҳо кумак мекунад, наметавонем ба ҷое бирасем. Шояд яке аз мушкилҳои аслии мо ин бошад, ки мо дӯстон ва онҳоеро, ки барои ҷомеаи мо ғамхору муфиданд, душман бигӯем ва онҳоеро, ки дар ниқоби дӯст худашонро ғамхори халқу миллат мегӯянд, ба унвони дӯст бидонем. Дар атрофи мо ҳодисаҳое чархиш доранд, ки ояндаашон торику ваҳмноканд, аз ин хотир, биёед, кинаву ҳасаду маҳалу мансабро як тараф гузошта, барои душманонамон фикр кунем ва аз нақшаву барномаҳои бадашон огоҳӣ пайдо намуда барои зарбаи ҷавобӣ ё ҳадди ақал барои дифоъ омода бошем!
Далер ШАРИФОВ,
журналист
PS: Ин матлаб нуқтаи назари муаллиф аст.Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |