Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:45

“Агар баҳси бистарӣ шудан тавассути президент ҳал шавад...”

26 ноябр 2013, 14:37

Ашӯрбибӣ Собитова, як сокини ноҳияи Исфара ва модари Алишер Узоқови маҳбус, бо ирсоли номае аз мардуми тоҷик даъват кардааст, барои ҳалли мушкилоти хеш ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон ва идораву вазоратхонаи дигар муроҷиат накунанд, чун ба гуфтаи ӯ ин ҳама ҷуз таассуфхӯрӣ чизи дигаре дар пай нахоҳад дошт.

Ба гуфтаи Собитова, ӯ борҳо ба идораву дастгоҳи президент ва вазоратхонаҳои кишвар муроҷиат кардааст. Вале ҳоло ба қавли худаш, аз бе посух мондану ҷавобҳои “сохта”-и мансабдорон пушаймон ва шарманда аст, ки чаро назди раҳбарони ин муассисаҳои давлатӣ ба хотири адолати иҷтимоӣ ва талаби ҳаққи ҳалоли худ сар хам ва чӣ қадар илтимосу илтиҷо кардааст.

Ин модари тоҷик, ки фарзанди бемораш дар яке аз маҳбасҳои шаҳри Душанбе қарор доштааст, дар номаи худ ба унвони хабаргузории “Озодагон” навиштааст, “ба хулосае омадам, ки муроҷиат ба президент, додситони кул, вазири адлия, раҳбари дастгоҳи президент, сардори Саррёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ ва даҳҳо вазирону кабирон ҳеч маъние надорад, зеро мардуми тоҷик дар назди ин қишри ҷомеа “ду пули пучак” арзиш надорад ва яке аз миллати хору зори рӯи олам гаштааст.”

Хонум Собитова шикоят дорад, ки ҳар боре ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунад, номаи ӯ то раисиҷумҳури кишвар намерасад: “Як муроҷиати ман ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз чанд дарвоза мегузараду аммо ба худи ӯ намерасад. Фаҳмида мешавад, дар остонаи дастгоҳи президент нуқтаи гумрукӣ ё “шлагбаум” насб шудаасту ягон мактубу муроҷиат то Эмомалӣ Раҳмон нарасида, раис ё мушовири раиси дастгоҳ посух медиҳад. Яъне мактуби ман ба додситони кул ирсол шудааст. Аз додситони кул ҷавоб медиҳанд, ки арзи ман ба вазири адлия, вазири адлия ба Саррёсати иҷрои ҷазо, ин идора ба муассиса, муассиса ба қисми тиббӣ… ин футболбозӣ нуқтаи охир надорад. ”

Ашӯрбибӣ Собитова мегӯяд, бори охир баъд аз муроҷиатҳои бепосуху бефоидааш ба вазорату идораҳои марбутаи кишвар ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, ягонаи шахси кафили ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон нома навишта, аз ӯ барои интиқоли фарзанди гирифтори бемории руҳияш аз маҳбас ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ воқеъ дар ноҳияи Рӯдакии пойтахт кумак хостааст. Аммо ин бор низ муроҷиати ба президент кардаи ӯ, ба гуфтааш, то Эмомалӣ Раҳмон нарасидааст, мисли борҳои пешин ба мақомоти додситонӣ, аз додситонӣ ба Вазорати адлия вогузор ва бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Ин модари тоҷик шарҳ медиҳад, ки писараш - Алишер Узоқов бо ҳукми додгоҳи вилояти Суғд маҳкум ва ба муассисаи ислоҳии рақами 1- шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, Узоқов аз хурдӣ ба бемории руҳӣ гирифтор буда, дар қайди беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ низ қарор дорад: “Фарзандамро ҷонибдорӣ намекунам, ҷинояти махсусан вазнин содир кардааст ва талаб надорам, озод шавад. Барои кирдораш дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод. Аммо, намедонам ин қонун барои кӣ бошад? Яъне қонуни ҷиноӣ пешбинӣ намудааст, ки дар назди қонун шахси мукаллаф бояд ҷавоб диҳад.”

Собитова аз он дар ташвиш аст, писари гирифтор ба касалии руҳияш рӯзе дар маҳбас боз ба саломатии нафари дуюм зарар нарасонад ва ин ҳама дархосту муроҷитаҳои ин модари тоҷик низ ба он хотир мебошад, ки фарзандаш дар беморхона мавриди табобати касбӣ қарор гирад. Муаллифи нома дар идома нигаронӣ аз он кардааст, ки ҳоло вазъият дар Тоҷикистон то ҳадде расидааст, ки барои ҳалли одитарин мушкил дахолати раисиҷумҳури кишвар лозим аст.

“Агар як баҳси бистарӣ шудани маҳбус ба беморхона тавассути президент ҳал шавад, пас, ин мақомот ба кадом мақсад созмон дода шуда, вазиру кабирон ба чӣ кор машғуланд? Акнун, ки дар солҳои тӯлонӣ аз даргоҳи президент низ адлро дарёфт накардам, ниҳоят тасмим гирифтам, бори охирин ба мардуми худ муроҷиат кунам ва ба ҳаммиллатонам расонам, ки ҳеч гоҳ барои таъмини адл ва талаби ҳаққи ҳалоли худ талош накунанд, ин муроҷиатҳо, навиштанҳою посуҳҳои бемаънӣ гирифтан танҳо бо мақсади он ки гӯиё мақомот кор мекунад, дар асл бошад, мақомот “корношоям” буда, қобилияти корӣ надоранд ва муроҷиат ба онҳо як амали беҳуда аст”,-таъкид кардааст Ашӯрбибӣ Собитова.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • фира

  • 26 ноябр 2013 17:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рост гуфтааст агар ягон тага дошта боши корат пеш меравад вагар на суханат кадре надорад чунки дар чомеаи мо вазифара мехаран хеч кас аз барои Худо шуда коре касеро хал намекунад новобаста аз он ки ин вазифа дар зимаи уст,.бе пул суханат асар надорад.Шукр гуед барои хама чиз)

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!