Бахшҳо

Холмуродов: “Додгоҳ мегӯяд, мо ҳаққем ё вакилони Зайд”

Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон ташхиси аввалияи генетикиро, ки нишон додааст, Зайд Саидов -- соҳибкори боздоштшудаи тоҷик падари фарзанди духтарест, ки гӯиё мавриди таҷовузи ӯ қарор гирифтааст, аслӣ хонда, тақаллубӣ будани онро рад намудааст.

Фирӯз Холмуродов, роҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаҳои Зайд Саидов, дар суҳбат бо “Азия Плюс” тақаллубӣ будани ташхиси аввалияи генетикиро қатъиян рад намуда, гуфтааст, имкони қалбакӣ сохтани чунин санад мавҷуд надорад. Ӯ гуфтааст, бо ташхиси дуюми генетикӣ, ки аз ҷониби вакилони дифои Зайд Саидов гузаронда шудаасту тақаллубӣ будани ташхиси аввалияро нишон медиҳад, шинос нест. Ӯ афзудааст, айни ҳол ҳарду ташхис дар дасти додрас буда, баҳои ҳуқуқиро ба онҳо танҳо додгоҳ медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, ҳафтае қабл аз болои гуруҳи муфаттишони Оҷонсии зидди фасод ба Додситонии генералӣ шикоят бурда, талаб кардаанд, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад. Вакилони Зайд Саидов иддао доранд, ки гуруҳи муфаттишони Оҷонсии зидди фасод, таҳти роҳбарии Фирӯз Холмуродов, зимни тафтишот алайҳи зерҳимояашон ба тақаллубкорӣ роҳ дода, ба додгоҳ ташхиси тақаллубии ДНК-ро пешниҳод намудаанд.



Онҳо мегӯянд, ташхиси дубораи ДНК-и нафари таҳти ҳимояташон дар Маскав нишон додааст, ки Саидов бо фарзанди зане, ки гӯиё мавриди таҷовузи ӯ қарор гирифтааст, ягон робитае надорад. Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров, вакилони Зайд Саидов, рӯзи 19 ноябр бо баргузории нишасти хабарӣ гуфтанд, ахиран Исҳоқ Табаров мӯи сари зерҳимояашонро гирифта, дар Маскав ташхиси дубора гузарондааст. Худи оқои Табаров гуфт, “ташхиси дубора низ монанди ташхиси аввала дар ҳамон ташхисгоҳи “Био Папа” гузаронда шуд ва падарии Зайд Саидовро комилан рад намуд.”

Ба иттилои вакилони Зайд Саидов, масъулини ташхисгоҳ изҳор доштаанд, ки дар хулосаи аввалаашон низ ба мақомоти Тоҷикистон падарии Зайдро комилан рад намуда буданд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи вакилони мудофеъ, муфаттишони парвандаи Зайд Саидов аз номи “Био Папа” ба додгоҳ хулосаеро пешниҳод кардаанд, ки гӯиё падарии Зайдро ба фарзанди “ҷабрдида” тасдиқ мекунад.

Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик як моҳ пас аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ боздошт шуда, дар як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла ду мавриди таҷовуз муттаҳам мешавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Асил
Муборзаи КОНУН ва САРМОЯ. Кй голиб мебаромада бошад????

Акаи Холмурод дилпур бошед. Судя хак надорад, ки аз фармони боло берун хукм барорад. Факат ягона чизе ки ман аз он хавф дорам он аст, ки казияи Зайд низ окибат мисли казияи Низомхон Чураев шуда, сафи намояндаи хукук низ, ки окибат ба Зайд мепайванданд зиёд нашавад.

Одам
Низомхон чураевро хам баргашта ба хабс гирифтиян ё не?

ВАКИЛОНИ ЗАЙД ХАКАНД.

advokathoi donochavu balocha pula zada girifta istodian.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)