Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:19

Муроҷиати видеоии Додоҷони Атовулло ба муҳоҷирони тоҷик

26 ноябр 2013, 16:07

Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори тоҷик ва раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, бо пахши як изҳороти видеоӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ даст кашида, дар фикри бунёди давлати ободу озод бошанд.

Ин рӯзноманигори тоҷик ва мухолифи ҳукумати феълии кишвар дар ин навор ҳукумати вақти Тоҷикистонро зери бори танқид қарор дода, мегӯяд, сабабгори асосии муҳоҷир шудани беш аз якуним миллион тоҷик ва поин рафтани обрӯ ва қиммати миллати тоҷик ҳукуматдорони феълии кишвар мебошанд. Оқои Атовулло аз раванду баргузории интихоботи президентии 6 ноябри соли ҷорӣ, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт, низ ёдовар шуда, иброз медорад, ки ҳукумати Тоҷикистон бахубӣ огаҳӣ дошт, ки мардум ба онҳо овоз намедиҳанд.

“Аз ин рӯ, муҳоҷиронро аз ҳаққи ҷамъоварӣ имзо барои пешбарии номзад маҳрум карданд ва дар моҳи ноябр баргузор шудани интихобот низ ҳикмате дорад. Чун дар ин моҳ аксари муҳоҷирон дар ҷойҳои кории худ мебошанд”,-афзудааст ӯ. Раҳбари “Ватандор” нақши муҳоҷиронро дар рушду пешрафти зиндагии мардуми тоҷик дар дохили ватан калидӣ хонда, мегӯяд, “Шумо ба падару модар ва фарзандонатон обу нон ва либос мехаред ва ин Шумоед, ки хонаи эшонро гарму аз торикӣ наҷот мебахшед.”

Рӯзноманигори тоҷик таъкид дорад, ки Озодӣ бароҳатӣ ба даст намеояд, барои он бояд ҳамеша инсон дар талош бошад. Ба андешаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон аз ҳузури пурраи нерӯи ҷавонони тоҷик дар дохили кишвар дар ҳарос мебошад. Додоҷони Атовулло аз мавсимӣ баланду поин шудани нархи чипта дар Тоҷикистон ёдовар шуда, мегӯяд, дар ин масъала низ шахсиятҳои наздик ба нафари аввали кишвар гунаҳкоранд, ба қавли ӯ, эшон аз он манфиатдор мебошанд: “Нархи як чиптаи хатсайри Вашингтон-Берлин, ки тақрибан 9-10 соат парвоз дорад, аз нархи чиптаи хатсайри Маскав-Душанбе чанд баробар арзон мебошад.”

Додоҷони Атовулло дар идома Тоҷикистонро бо кишварҳои африқоӣ муқоиса карда, мегӯяд, дар бадтарини ин кишварҳо мардум мисли миллати тоҷик зиндагӣ надорад: “Мо бояд аз муҳоҷир шудани худ фахр накарда, ин зиндагие, ки дорем, бояд зиндагӣ наҳисобем. Як бурда нон ёфтан ё доштан ин маънои зиндагӣ карданро надорад.”

Раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” аз идома ёфтани ин вазъ дар Тоҷикистон ва ба муҳоҷират рафтани сокинони он ибрози нигаронӣ карда, гуфтааст, муҳоҷират оқибат боиси бадбахтии мардуми тоҷик, пошхӯрии оилаҳову афзоиши ятимон ва гирифтор шудан ба бемориҳои вазнин хоҳад овард. Ӯ илова менамояд, ҳукуматдорон ҳангоми бардоштани масъалаи муҳоҷират баҳона пеш меоранд, ки ин чиз дар тамоми кишварҳо дида мешавад ва ҷои нигаронӣ надорад: “Вале дар кадом кишвари дунё Шумо дидаед, ки ними сокинонаш муҳоҷир шуда бошад?”

Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири “Чароғи рӯз”, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати феълии Тоҷикистон аст, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ кишварро тарк карда, дар ғурбат ба сар мебарад. Вай аз тарафи мақомоти Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дорад ва ниҳодҳои интизомӣ ӯро барои таҳқири шахси аввали ҷумҳурӣ муттаҳам медонанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • диловар

  • 26 ноябр 2013 16:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман сад дар сад рози!!
Посух додан
  • Чамшед

  • 26 ноябр 2013 16:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бра гумша . Ика вахт дар кучо гум буди овозта намешунавидем нав гушомон тенч шида буд.
Посух додан
  • Кабриов

  • 26 ноябр 2013 17:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ранги тангени Чамшед яке пайдо мешавад. Ранги газ -53 Аловиддин яке мекапаву яке намекапа. Ё пируме.
Илтимос ба гушуш расонен
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бра ай пайи зиндагит шав
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
худат дар кучои?ба худо дар бораи ин одам хайф аст сухане.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
додочон баХУДО хамаш гапош ростай касеки зиди ин гап мезана душмани халкай!

додочон баХУДО хамаш гапош ростай касеки зиди ин гап мезана душмани халкай!
Посух додан
  • Ватандор

  • 26 ноябр 2013 19:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Амири беватан хору залил аст
Гадо гар дар ватан мирад Амир аст
Посух додан
  • Студент

  • 26 ноябр 2013 19:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Додочони Атовулло, мо бо шумоем!
Посух додан
  • созиш

  • 26 ноябр 2013 19:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин Эмомали хамин бечораю овораям ранги Бозор меоварду ягон манзил медод кори Оличаноб мешуд.
Посух додан
  • сомони

  • 26 ноябр 2013 20:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чамшед,
Ҷамшуууууд...межелме ҷугурмааа

сад фисад рост гуфги Додоҷон!!!
Худо нигаҳбонат!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Атовуллоев менависад: "...ВАЛЕ ДАР КАДОМ КИШВАРИ ДУНЁ ШУМО ДИДАЕД, КИ НИМИ (НИСФИ!) СОКИНОНАШ МУҲОҶИР ШУДА БОШАНД?...."

Дар Афғонистон ва дар Эрон! Аҷобат дар он аст, ки ҳар се давлат ҳам форсзабонанд. Афғонҳову эрониҳо низ дар тамои дунё парешонанд. Вале онҳо муҳоҷирони сиёсианд, на меҳнатӣ! Ба мо, форсзабонҳо чӣ балое шудааст!? Дар ҳар се давлат ҳам муҳоҷират пас аз таҳаввулоти иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст. Бадтарин хусусияти муҳоҷирати меҳнатӣ (ба Тоҷикистон дахл дорад!) дар он аст, ки ҳукуматро танбал ва бепарво мекунад. Маъмулан ин хел ҳукуматҳо на дар дохил обрӯ доранду на дар хориҷ......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Воқеан ҳам масъалаи муҳоҷират яке аз проблемаҳои муҳимми ҳукумати феълист, ки бояд роҳи ҳалли ин масъаларо ёбад, то миллати тоҷик дар хориҷи кишвар хору зор нагарданд. Имрӯз дар Росия аз ҳама беқадртарин инсон миллати тоҷик аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин додочон аст ки аст мо насли чавон худоро шукр намешиносемаш. Вай агар инсон бошад аз каме обод шудани ватани ачдодияш хурсанд мешавад ва мардумро ба низоъ ва ноороми даъват намекунад, балки барои кори хуб кардан ва тенчи ва амонии Точикистонро хифз намудан даъват менамояд. Ман ин шахсро намешиносам аммо мегуям, ки у бисер каси нохуб аст. Мард харгиз аз сахтии гурбат наметарсад, лекин аз дар хичрат будани ту барин шахсе ки фоидааш хатто ба падару модараш нарасидааст касе ба дуруг ва бофтахои ту бовар намекунад. Мо хори ин ватанро гул ва ин осудагии зиндагиямонро аз зевароте, ки бо ватанфуруши ба даст меояд боло медонем ва хифзаш мекунем. Давлати мо обод мешавад. Мо хам охиста охиста касе хохад нахохад рушд мекунем. Ин конуни хает аст. Аммо ба мисли шумо додочон ки ба касе фоида расонида наметавонед ба чуз гуруххои муаян ки чун лухтак истифодаат мебаранд ва окибаташро боз шохид мешавем хама игвохоятон барбод меравад.
Посух додан
  • Салмон

  • 26 ноябр 2013 21:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хакикат талх будааст. Бисёри одамхоба намефоридас!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман ҳайронам, мардак синну солаш ба 57 расидааст. Инсон дар ин синну сол бояд каме аклаш даромада бошад.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!