Муроҷиати видеоии Додоҷони Атовулло ба муҳоҷирони тоҷик
Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори тоҷик ва раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, бо пахши як изҳороти видеоӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ даст кашида, дар фикри бунёди давлати ободу озод бошанд.
Ин рӯзноманигори тоҷик ва мухолифи ҳукумати феълии кишвар дар ин навор ҳукумати вақти Тоҷикистонро зери бори танқид қарор дода, мегӯяд, сабабгори асосии муҳоҷир шудани беш аз якуним миллион тоҷик ва поин рафтани обрӯ ва қиммати миллати тоҷик ҳукуматдорони феълии кишвар мебошанд. Оқои Атовулло аз раванду баргузории интихоботи президентии 6 ноябри соли ҷорӣ, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт, низ ёдовар шуда, иброз медорад, ки ҳукумати Тоҷикистон бахубӣ огаҳӣ дошт, ки мардум ба онҳо овоз намедиҳанд.
“Аз ин рӯ, муҳоҷиронро аз ҳаққи ҷамъоварӣ имзо барои пешбарии номзад маҳрум карданд ва дар моҳи ноябр баргузор шудани интихобот низ ҳикмате дорад. Чун дар ин моҳ аксари муҳоҷирон дар ҷойҳои кории худ мебошанд”,-афзудааст ӯ. Раҳбари “Ватандор” нақши муҳоҷиронро дар рушду пешрафти зиндагии мардуми тоҷик дар дохили ватан калидӣ хонда, мегӯяд, “Шумо ба падару модар ва фарзандонатон обу нон ва либос мехаред ва ин Шумоед, ки хонаи эшонро гарму аз торикӣ наҷот мебахшед.”
Рӯзноманигори тоҷик таъкид дорад, ки Озодӣ бароҳатӣ ба даст намеояд, барои он бояд ҳамеша инсон дар талош бошад. Ба андешаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон аз ҳузури пурраи нерӯи ҷавонони тоҷик дар дохили кишвар дар ҳарос мебошад. Додоҷони Атовулло аз мавсимӣ баланду поин шудани нархи чипта дар Тоҷикистон ёдовар шуда, мегӯяд, дар ин масъала низ шахсиятҳои наздик ба нафари аввали кишвар гунаҳкоранд, ба қавли ӯ, эшон аз он манфиатдор мебошанд: “Нархи як чиптаи хатсайри Вашингтон-Берлин, ки тақрибан 9-10 соат парвоз дорад, аз нархи чиптаи хатсайри Маскав-Душанбе чанд баробар арзон мебошад.”
Додоҷони Атовулло дар идома Тоҷикистонро бо кишварҳои африқоӣ муқоиса карда, мегӯяд, дар бадтарини ин кишварҳо мардум мисли миллати тоҷик зиндагӣ надорад: “Мо бояд аз муҳоҷир шудани худ фахр накарда, ин зиндагие, ки дорем, бояд зиндагӣ наҳисобем. Як бурда нон ёфтан ё доштан ин маънои зиндагӣ карданро надорад.”
Раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” аз идома ёфтани ин вазъ дар Тоҷикистон ва ба муҳоҷират рафтани сокинони он ибрози нигаронӣ карда, гуфтааст, муҳоҷират оқибат боиси бадбахтии мардуми тоҷик, пошхӯрии оилаҳову афзоиши ятимон ва гирифтор шудан ба бемориҳои вазнин хоҳад овард. Ӯ илова менамояд, ҳукуматдорон ҳангоми бардоштани масъалаи муҳоҷират баҳона пеш меоранд, ки ин чиз дар тамоми кишварҳо дида мешавад ва ҷои нигаронӣ надорад: “Вале дар кадом кишвари дунё Шумо дидаед, ки ними сокинонаш муҳоҷир шуда бошад?”
Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири “Чароғи рӯз”, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати феълии Тоҷикистон аст, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ кишварро тарк карда, дар ғурбат ба сар мебарад. Вай аз тарафи мақомоти Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дорад ва ниҳодҳои интизомӣ ӯро барои таҳқири шахси аввали ҷумҳурӣ муттаҳам медонанд.Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |