Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 23 август 2017, 22:37

"Насиҳат"-и ТВ-ҳо... баъд аз "ҷанг"-и Гулнора бо модараш

26 ноябр 2013, 17:21

Телевизиони давлатии Узбакистон пас аз он ки Гулнора Каримова, духтари бузурги президент Ислом Каримов дар интернет модарашро танқид кард, аз кӯдакон даъват кардааст, волидони худро эҳтиром намудаву бо онҳо пархош накунанд.

Бино ба иттилои Бӣ-Бӣ-Сӣ, 25 ноябр барномаи “Роҳ ба сӯи ҳақиқат”-и шабакаи “Узбакистон” ба бинандаҳои худ ҳушдор додааст, ки ба маълумоти “тасдиқнашуда” ва “таҳвиномез”-е, ки дар интернет ё расонаҳои хориҷӣ нашр мешавад, дода нашаванд.

Нашри ин барнома ва даъват барои эҳтироми волидон дар ҳолест, ки ахиран Гулнора Каримова дар саҳифаи “Twitter”-и худ чандин маротиба модар ва дигар мансабдорони хадамоти амниятии Узбакистонро зери тозиёнаи танқид гирифт. Ба иттилои манбаъ, дар барномаи 20-дақиқаӣ ҳамеша таъкид шудааст, ки бо волидони худ низоъ кардан “сахтарин гуноҳ” аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!