Бахшҳо

Чаро садама бо иштироки фарзанди мақомдорон афзудааст?

“Озодагон” ин дафъа ба ин суол посух ҷуст, ки чаро садама бо иштироки фарзанди мақомдорон ва ё афроди шинохтаи Тоҷикистон афзудааст?

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони “Перспектива Плюс”:
“Эҳтимол онҳо фикр мекунанд, барояшон ягон қонун ва чаҳорчӯба вуҷуд надорад. Ин аввал. Дувум, агар пештар хондаву баъд санади ронандагӣ мегирифтанд, ҳоло бо пул харидан мумкин аст. Севум, нақши камранги волидон дар таълиму тарбияи фарзандон. Чорум, ба ҳар ҳол техника аст ва метавонад тасодуф бошад ва ҳеч кас аз ин эмин нест. Панҷум, мутаассифона, дар аксар ҳолат онҳо аз ҷавобгарӣ осон раҳо мешаванд.”

Амалхонум Гаджиева, ҳамоҳангсози маркази фарҳангии “Бохтар”:
“Чунки онҳо медонанд, муҳокима нахоҳанд шуд. Барои мисол, садама бо иштироки писари Амонулло Ҳукуматуллоро ба ёд оред. Қонун танҳо барои камбизоатон аст. Ақаллан яке аз онҳо муҳокима мешуданд, дигарон дар ин бора фикр мекарданд.”

Гулнора Амиршоева, директори кулли “Вечерний Душанбе”:
“Чунин ҳодисаҳо дар гузашта низ буданд, аммо ҳоло дар ин бора ошкоро мегӯянду менависанд. Як тарҳи мо ҳоло ба таблиғи риояи қоидаи ҳаракат дар роҳ нигаронда шудааст. Тарҳи иҷтимоии “Шаҳри бехатар” аз нигоҳи кӯдак. Ин идеяи ман аст.”

Шерафган Латифов, корманди дафтари матбуоти БДА-и Душанбе:
“Бубахшед, наметавонам дар ин замина ягон иттилоъ бигӯям ва ё назар диҳам. Раҳбарият манъ кардааст.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мугамбо
Агар ба ман гуед ба фарзандони мансабдорон дар ЧТ конун нест барои он, ки ягонтои онхои шаходатномаи ронандагиро бо пул харидаги хастанд... Ойнихол хуб гуфтанду яке аз чавобхои он шахс ба ман писанд наомад ин бошад гуфтанд техника хаст агар хамон рулро борохи рост гардонем рост меравад лек ба чап гардонем чап мерад... Ин холат аз худи хамунхо рух додашудаасту бояд дар назди конун чавоб тиянд лек дар назди конуни адолат назди худованди бузург хатман чавоби худро метиян...............

пдд
Хамаи чавобро шербону Ойнихол гуфтааст

Nazari ma amiqahay ki ija padaro gunohe nadoran hub mewud hudi hamun aybkunandahoro ba javobgari kawan be 4unu 4aro

Исмат
Хонумон Бобоназарова ва Гаджиева дуруст мегуянд. Бо акидаи онхо мувофикам.

Спитамен
Нишона он аст , ки мансабдорон ғофил аз Худо шудаанд, ва ҳирси моли дунё боло гирифтасташон ва дар кори тарбияти фарзанд вақт ҳам надоранд. Ин садамаҳо ба онҳо ҳушдор аст. ҳайфо ки таваҷҷӯҳ надоранд.
вале ин сабуктар ҳушдорест/

Шохин
Бародаро дар ин чо айби падарон дар чист? Ягон нафари Шуморо фарзандатон ба ин ходиса дучор гардад фарзанди одами калон набошед аз, ки мебинед. Ба фикри ман ин насибу такдир аст

Ба Мугамбо ва Шохин, хама балоро ба насибу такдир хавола кардан нодуруст ва беаклист ! Хама айб аз беадаби, беакли ва эркагии бачахои раисон аст. Агар одам эхтиет кунаду нисбати хаети худиву атрофиен хунукназарона муносибат нанамояд, ба чунин садамахои маргбор дучор намешаванд, вале дар асл мебинем, ки онхо дар роххои пойтахт хамаруза сабкат гузаронида бо суръати нихоят баланд харакат мекунанд, ана сабабаш дар чист, такдиру насиб дар ин чо ягон рабте надорад, харгиз !

Дилёб
Аз хама чавоби хубро ба "Озодагон" окои Шерафган Латифов гуфтааст. О чура Озодагон ту хамаро мисли худат гумон накун. Бечора акаи Зафар туро бо сармоя таъмин мекунаду ту боши аз забони хар кас "гуногунандеши" гуфта, хамагуна сухани пасту баландро дар нисбаташ мегуи. Ин хукумати Рахмонов мисли ту неееее. Вай мисли акаи Зафар содда нест, ки неки кунаду ба дарё партояд. Вай дасти як кудакро халол мекунаду кули авлодашро аз худ каздор мегардонад. Шерафган Латифов, ки рузии хонаводаашро аз пушти давлат мегузаронад, як харфи ночо дар хакаш гуяду рузашро бинад. О худат шохиди ку барои баромадани бобои Зайд аз хати кашидаи ин хукумат ба сараш чи балохое омадаистодааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)