Бахшҳо

Хроника Туркменистана: Дар Ашхобод занон “облава” мешаванд

Давоми як моҳи ахир дар шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон кормандони пулис дар либоси мулкӣ ба боздошти занҳо дар қаҳвахона, тарабхона ва клубҳои шабона машғуланд. Дар ин бора торнамои “Хроника Туркменистана” хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, баъди соати 23:00, ки то ин соат муассисаҳои фароғатӣ ҳаққи фаъолият доранд, занҳо дар кӯча дастгир ва ба идораи пулис бурда мешаванд. “Аз занҳои боздоштшуда ба таври маҷбурӣ намунаҳо барои муайян намудани маризиҳои сироятӣ ва ташхиси пешоб барои маълум кардани нашъаманд будан ё набудани онҳо гирифта мешавад”,-менависад торнома ва меафзояд, ки “боздошт ё “облава”-и занҳо аз рӯи чунин сенария сурат мегирад: гуруҳи мардон бо либоси мулкӣ вориди муассисаи фароғатӣ шуда, занҳоро боздошт ва идораи пулис мебаранд. Онҳо ҳам занҳоеро, ки дар танҳоӣ нишастаанд ва ҳам занҳоеро, ки ҳамроҳи мардон-дӯстписар ё шавҳарҳояшонанд, дастгир мекунанд. Ба мардон кордор намешгаванд, танҳо занҳоро мебаранд. Дар ин миён суханҳои шавҳар ва бародарҳои онҳо кора намекунад. Кормандони пулис талаб мекунанд, ки шавҳар ё хеш будани худро онҳо аз рӯи санад муайян созанд. Мардон маҷбур мешаванд, таксӣ киро намуда ба хонаҳояшон бираванд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро ба идора пулис биёранд”.

“Хроника Туркменистана” менависад, ки кормандони пулис ин амали худро иқдом барои мубориза бо фоҳишагӣ арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо дар ҷараёни ин амалиёт ҳолатҳои зиёди маризиҳои сироятӣ ва нашъамандӣ миёни занҳоро ошкор сохтаанд.

Дар ҳамин ҳол ба навиштаи манбаъ, сару садоҳо ҳаст, ки аз соли 2016 ба занҳо рондани мошинро манъ мекунанд: “Аллакай чанд сол мешавад, ки дар самти соҳиб шудан ба шаҳодатномаи ронандагӣ занҳо бо мушкили зиёд мувоҷеҳанд. Агар мардон барои ба даст овардани шаҳодатнома дар ҳаҷми 2000 доллар ришва диҳанд, пас ин нарх бари занҳо ду баробар гаронтар аст”.

Мӯҳр
Бубинед бародарон! Хамсояи мо Туркманистон барои солим мондани насли худ аз хар гуна касалихою нашъамандихо чи корхоеро анчом намедиханд. Чаро мо Точикистониён чунин икдомеро ки хакмсояи мо гирифтааст анчом надихем? Миллати солим пешрафти кору таракиёти давлатаст. Чаро мо ин корро накунем? чаро?????????

Rambo
Талхак,
Baroi on ki mo galu nestemТалхак,

корчу
ин гуна сиёсат барои раммаи гусфандон дуруст аст на барои чомеаи инсони. туфу ба руи хукумате ки бидуни розигии шахс зану духтари уро дар кучахо дошта барои ташхис мебарад. ва агар ин амрро хизбе ё мазхабе чонибдори кунад ба руи онхо низ туфу!!!!!!!!!!!

Солим
Хеч нафахмидам дар чи бора будани бахсро ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)