Бахшҳо

Майити муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ба Душанбе оварда шуд

Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов имрӯз (яъне 3-юми август) аз дунё даргузашт.


То ин замон хабари марги ӯ тайид шуда, аммо дар мавриди маҳалли фавти Ғуломов расонаҳо ахбори зидду нақизеро пахш мекунанд. Хабаргузории СА-News, ки ин иттиллоро аввалин шуда ба нашр расонид, навишта, ки муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ҳангоми боздиди корӣ дар Роғун аз олам даргузашт. Дигар расонаҳо низ ҳамин тавр, макони фавти ӯро  Шаҳри Тус, Панҷи Поён ва Сангтӯда ба қалам медиҳанд.

Гуфта мешавад, Асадулло Ғуломов пас аз анҷоми боздиди корӣ аз ҷануби кишвар ба Душанбе баргаштанӣ будааст. Аснои ба чархбол наздик шудан, ӯ аз пой меафтад. Дар ҳоли ҳозир дақиқан рӯшан нашуда, ки сабаби марги Ғуломов чӣ аст, сактаи қалб ва ё сактаи мағзи сар. Ҷасади ӯ ба Душанбе мунтақил шуда, дар яке аз сардхонаҳои пойтахт нигаҳбонӣ мешавад. Замони дафн ва макони ҷанозаи ӯ то ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Маврид ба ёдоварист, Асадулло Ғуломов ҳамагӣ 57-сол дошт. Ӯ 28-уми феврали соли 1954 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1976 дар зодгоҳаш шурӯъ карда, солҳои 2000-2003 ба ҳайси райиси ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино)-и шаҳри Душанбе ифои вазифа дошт. Аз соли 2003 то 2006 ба симмати муовини нахуствазир ва аз соли 2006 то дами маргаш муовини аввали сарвазири ҶТ буд. Бо нишони «Шараф» ва унвони «Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон»  қадрдонӣ шудааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)