Бахшҳо
27 ноя 2013 10:36Тоҷикистон / Сиёсат

Истиқболи Тоҷикистон аз созишҳои Эрон бо абарқудратҳо

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз тавофуқоти Эрон бо гурӯҳи давлатҳои «5+1» дар масоили барномаи ҳастаии Эрон истиқбол кардааст.

Дар изҳороти расмии Тоҷикистон омадааст, “аз як ҷониб эътироф намудани ҳаққи мусаллами Эрон ба татбиқи барномаи мусолиматомези ҳастаӣ ва аз ҷониби дигар лағв намудани бархе аз таҳримҳои нисбати ин кишвар татбиқшуда омилҳои мусбати ин тавофуқ ба назар мерасанд.“

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ин иқдомоти аввалинро бо қаноатмандӣ истиқбол намуда, умедвор аст, ки марҳилаҳои минбаъдаи гуфтушунидҳо ба ҳаллу фасли ниҳоии ин қазия мусоидат намуда, барои тақвияти сулҳу субот дар ин минтақаи ҳассос заминаи хубе хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран кишварҳои абарқудрати дунё, аз ҷумла Амрико, Русия, Чин, Британияи Кабир, Фаронсаю Олмон бо Эрон як созишномае барои 6 моҳ бастанд, ки дар доираи он Эрон ҳақ дорад, уранро танҳо то 5 дарсад ғанӣ кунаду як қатор уҳдадориҳои дигар ба дӯш гирифтааст. Дар ивази ин бархе аз таҳримҳо, аз ҷумла манъи содироти тилло, металҳои қимматбаҳо, мошин ва ғайра лағв гардиданд, ки ба Эрон имкон медиҳад, то 7 миллиард доллари амрикоиро ба даст орад.


Дар акс: Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Мӯҳр
saloh
vazorati {хориҷии} na { дохилии}

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)