Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:36

Даъвати Раҳмон аз БОР барои сармоягузории роҳи оҳан дар Тоҷикистон

27 ноябр 2013, 11:01

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми ноябр, дар мулоқот бо Клаус Герхаусер, мудири кулли Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд, барномаи ҳамкорӣ дар солҳои 2014-2016-ро баррасӣ карда, изҳори умед намудааст, ки ин ниҳоди байналмилалӣ дар сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ширкат хоҳад кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз Клаус Герхаусер барои дастгирии пайвастаи рушди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла барои дастгирии таҳияи лоиҳаи «Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон» изҳори сипос намудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки бонки мазкур ҳамчунин дар маблағгузории сохтмони қисмати тоҷикистонии ин роҳ ширкат хоҳад дошт: “Зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд, ин муассиса ба кишвари мо дар ҳаҷми беш аз 1 миллирад доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намудааст. Ҳоло лоиҳаҳои зиёди дигар бо маблағи зиёда аз 650 миллион доллари амрикоӣ дар бахшҳои афзалиятноки муайяннамудаи Ҳукумати кишвар, пеш аз ҳама энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд”.

Баробари ин ҷонибҳо иброз доштаанд, ки имкониятҳои истифоданашуда дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ҳанӯз зиёд аст. Таъкид шудааст, ки дар ҳамкориҳои минбаъда низ ба беҳтар намудани шабакаи роҳҳои нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ, сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда ва хатҳои интиқоли барқ ва рушди бахши хусусӣ бояд афзалият дода шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!