Бахшҳо

Ҳафт сол зиндони “муллои ҷодугар” бе тағйир боқӣ монд

Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ ё кассатсионии вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар”-ро, ки қаблан бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Сино ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд, бе тағйир боқӣ гузошт. Ин аризаи шикоятӣ рӯзи 27 ноябр таҳти раёсати Фахриддин Дадометов, додарси Додгоҳи шаҳри Душанбе, баррасӣ гардид.

Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов, мегӯяд, аз ин қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе розӣ нест. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, онҳо тамоми санади лозимиро дар бораи амдан ва ё барқасдона сабт кардани навори муносибати маҳрамони нафари таҳти ҳимояташ бо Зулола Раҳимоваро ба додрас пешниҳод кардаанд.

Ӯ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “мо ба додрас фаҳмондем, ки ин навор тавассути дастгоҳи хос ва бо ёрии кадоме сабт шудааст. Охир, Айфон пой надорад, ки ҳар лаҳзаи аз ин ҷо ба он ҷо рафтани онҳоро наворбардорӣ кунад. Ин корест, ки барқасдона анҷом шудааст. Гузашта аз ин, дар навор ҳам дида мешавад, ки Зулола на иҷборӣ, балки бо майли худ бо нафари таҳти ҳимояти мо муносибат мекунад. Вале додгоҳ ин ҳамаро ба назар нагирифт.”

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 24 октябри соли ҷорӣ Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар”-ро ба 7 соли зиндон маҳкум карда, ба пардохти 14 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф намуд. Исмоил Давлатов, додраси ноҳияи Сино, Асадулло Иброҳимовро аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти динӣ барои 5 сол маҳрум кард. Худи Асадулло дар толори додгоҳ гуфта буд, ба Зулола ягон хел фишор ё зӯрӣ накардааст ва бинобар ҳамин, худро гунаҳкор наҳисобида, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест. Мавлудҷон Салихов дар тақвияти гуфтаҳои зерҳимояаш гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ вақте ба Зулола Раҳимова суол дода шуд, ки “Шумо дар сабти навор дар вақти дуохонӣ ва ба оғӯш гирифтани домулло ягон ҳаракатҳои зӯроварӣ дидед ва чаро напурсидед, ки чунин мекунад?” посух дод, ки “гумон кардам, дуохонӣ ва баровардани тарс ҳамин хел будааст.”

Мурофиаи додгоҳии Асадулло Иброҳимов рӯзи 18 октябр дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфта, 24 октябр бо ҳафт сол ҳукми зиндони ӯ поён ёфт. Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуд, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо Зулола Раҳимова амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ низ намоиш дода шуд ва дар як вақт ба шабакаи интернет ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист.
Мӯҳр
ф
Ин мулло он занро ягон кор накарда 7 сол гирифт. Аккалан як бор бо у зино мекард, он кадар аламаш намекард.

ввп
Ман аз озодагон хоҳиш мекунам, ки калимаи муллои ҷодугарро нанавасанд зероки мулло ҷодугар намешавад чоду кори пайравони худо нест кори пайравони иблис аст. Асадуло Иброҳимови ҷодугар бинависед.Умедворам хоҳишамро рад намекунед.

фира
ба Ф ту мусалмон боши набояд ин суханро мегуфти ин чодугари чандин занхоро зино кардааст,уро бояд дар овезон карда сангсор менамуданд ва часадашро оташ мезаданд..

Мурод
Муллои мужика нодуруст суд кардан

Б
Чавоб ба Ф. Ту кури, кари чи бало. Домулло чи хел коре накардас кур? Намебини ончо чи хел миёнакзани мекунад. Ту якбор ягон хохарата ё ягон наздиката хамин Иброхимов хамин хел кунад бад шояд фахми ва гуи ки коре накард. Барои ин 7 сол хеле кам акалан 20-21 сол медоданд ба дигар харомон ибрат мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)