Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:41

Ифшои қоидавайронкунии баъзе мақомдорони тоҷик дар роҳ

27 ноябр 2013, 14:14

Масъулони Идораи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) дар вилояти Суғд дар пайи як рейд қонуншикании бархе аз мақомдоронро ҳангоми ҳаракат дар роҳ ошкор кардаанд.

Ба қавли онҳо, дар ҷараёни ин рейд нисбат ба Шокирҷон Воҳидов, ронандаи “Опел Астра”, барои бе шаҳодатномаи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт маводи маъмурӣ тартиб дода шуда, мошинааш ба ҷаримагоҳ бурда шудааст. Оқои Воҳидов прапоршики Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Суғд будааст.

Амир Исмоилов ва Абдуазим Абдураҳмонов, сардорони Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Чкалов, низ барои нақзи қоидаҳои роҳ муттаҳам мешаванд. Манбаъ мегӯяд, барои чунин қойдвайронкуниҳо нисбат ба Ҷамолиддин Муҳаммадов, нозири комиссариати ҳарбии Хуҷанд, Оқилҷон Додобоев, лейтенанти калони Хадамоти гумрук дар Суғд ва Нозим Шоҳмамадов, нозири комиссариати ҳарбии Хуҷанд низ аз ҷониби гурӯҳи корӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Масъулони Идораи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ мегӯянд, бархе аз чунин мақомдорон дар баробари қойдавайронкунӣ, инчунин, бо нозирони роҳ дағалона рафтор карда, аз мансаб ва вазифаи хидматияшон сӯистифода мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ффф

  • 27 ноябр 2013 14:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
соф бечорара капидия дагдага доран бо ма фикр кардм ягон генерала коида вайрон куниша навштаанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
In hllo mohichaho meboshand. Kitho tamoman etirof namekunand shumoya.
Посух додан
  • исфара

  • 27 ноябр 2013 17:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ана мешудаску тамоми мансабдорон коидаи рохро вайрон мекунанд!
Посух додан
  • Зафар Курбонов

  • 28 ноябр 2013 16:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
пас чаро оиди суистифода аз ваколатхои мансабиашон тибки талаботи моддаи 314 КЧ ЧТ нисбати онхо парвандаи чинояти огоз карда намешавад???

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!