Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:36

Ба нафақа рафтани Афзалов ва таъини раиси нави Хатлон

27 ноябр 2013, 14:39

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми ноябр, бо судури як фармон Афзалов Ғайбуллоро аз мақоми раиси вилояти Хатлон барканор намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон далели барканории Афзалов баромаданаш ба нафақа мебошад.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон тибқи фармони дигар Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевичро иҷрокунандаи вазифаи раиси Хатлон таъин кардааст, ки то ин дам дар курсии раиси шаҳри Турсунзода менишаст.

Афзалов аз моҳи декабри соли 2006 дар вазифаи Раиси вилояти Хатлон кор мекард. Ӯ 10 декабри соли 1948 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шуда, соли 1969 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва соли 1991 Институти сиёсатшиносӣ ва роҳбарии шаҳри Тошкандро хатм кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Расул

  • 27 ноябр 2013 16:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шукри Худовандро мекунем, ки Афзалов ба нафака рафт. Имруз мардуми вилояти Хатлон ид доранд. Рахои аз чанги бобо муборак бошад, мардуми Хатлон!
Посух додан
  • Хатлони

  • 27 ноябр 2013 16:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаи рохбарон бо мурури замон меоянду мераванд, лекин бояд фаромуш накард, ки рафтори неку кори хубашон дар дили мардум дахсолахо чой мегирад. Бинобар хамин рохбарон бояд манфиъати мардумро аз манфиати худашон ва хешу акрабояшон боло донанд.
Посух додан
  • хатлони

  • 27 ноябр 2013 17:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
э кош аз раисашон сар карда хамашон ба нафака раванд. хайр бобои барфи................
Посух додан
  • хабархон

  • 27 ноябр 2013 17:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чанобон хабаргузорон, боре ба ахбори пешниходнамудаатон назар мекунед? Ин на танхо бемасъулияти, балки бесаводист.
"Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи раиси Хатлонро Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич таъин кардааст, дар курсии раиси шаҳри Турсунзода менишаст". Инсоф кун, хабаргузор.
Оё Зафари Суфи хуши ба "Хабаргузори" даромадан надошта бошад? боре ба ин савол чавоб медод.
Посух додан
  • Зафар

  • 27 ноябр 2013 19:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хабархон,
Чаноби хабархон! Дуруд бар Шумо!
Албатта банда хамаи хабархоро мехонам, мунтахо вакте дар сафхаи сомонаи Озодагон гузошта мешавад. Чун имкони физики вучуд надорад, зеро вакти зиёд дар сафар хастам. Гузашта аз ин сомона афроди масъул дорад ва камина ба масъулиятшиноси ва саводашон бовар дорам. Холо чои хушхолист, ки афроде мисли Шумо нуктасанч Озодагонро мехонанд ва хатохои моро ба руямон мекашанд, ки хатман аз паи ислохаш мешавем. Ба хар сурат аз Шумо сипосгузорем ва як хохиши бародарона ин, ки саросема хукм содир накунед. Мо хар танкид ва рохнамоиро ба чон мепазирем, аммо дар мавриди хукм содир кардан каме хушамон намеояд...
Боки дар панохи Парвардгор ва саломату сарбаланд бошеду хамчунон хонандаи Озодагон бимонед!
Бо арч З. С.
PS: роенаам дар ин шахри гариби хуруфи точики надорад ва умедворам бо бузурги ин нуксро хам ба мо бибахшед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муборак бар халки Хатлон аз даври карахти баромаданатон. Мухтарам Гайбулло Авзалов болишта баланд мону пешравии Хатлона тамошо кун!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!