Бахшҳо

(ВИДЕО) Мулло Иброҳимов: "Агар ҷодуро медонистам, дар зиндон менишастам?"

Асадулло Иброҳимов, ки бо номи “муллои ҷодугар” маъруф шудаасту ахиран додгоҳи таҷдиди назари Душанбе 7 соли ҳукми зиндонашро бе тағйир гузошт, дар суҳбат бо вакили дифояш аз иттилои расонаҳои хабарӣ изҳори нороҳатӣ кардааст.

Мавлудҷон Салихов, вакили дифои Иброҳимов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, зерҳимояааш дар вокуниш ба матолиби нашркардаи расонаҳо, ки ӯро муллои ҷодугар хондаанд, таъкид кардааст: “Ман ҷодугар нестам. Агар ҷодугар мебудам, ҳозир дар кунҷи зиндон намешиштам.” Инчунин Иброҳимов аз вазъи саломатияш шикоят карда, гуфтааст, давоми нигоҳдорияш дар боздоштгоҳ бемории ҷигараш хуруҷ карда, мубталои фаромӯшхотирӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи Душанбе низ қарор кард, ки Иброҳимов ба 7 соли зиндон маҳкум шавад.



Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов, мегӯяд, аз ин қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе розӣ нест. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, онҳо тамоми санади лозимиро дар бораи амдан ва ё барқасдона сабт кардани навори муносибати маҳрамони нафари таҳти ҳимояташ бо Зулола Раҳимоваро ба додрас пешниҳод кардаанд.

Ӯ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “мо ба додрас фаҳмондем, ки ин навор тавассути дастгоҳи хос ва бо ёрии кадоме сабт шудааст. Охир, Айфон пой надорад, ки ҳар лаҳзаи аз ин ҷо ба он ҷо рафтани онҳоро наворбардорӣ кунад. Ин корест, ки барқасдона анҷом шудааст. Гузашта аз ин, дар навор ҳам дида мешавад, ки Зулола на иҷборӣ, балки бо майли худ бо нафари таҳти ҳимояти мо муносибат мекунад. Вале додгоҳ ин ҳамаро ба назар нагирифт.”

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 24 октябри соли ҷорӣ Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар”-ро ба 7 соли зиндон маҳкум карда, ба пардохти 14 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф намуд. Исмоил Давлатов, додраси ноҳияи Сино, Асадулло Иброҳимовро аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти динӣ барои 5 сол маҳрум кард. Худи Асадулло дар толори додгоҳ гуфта буд, ба Зулола ягон хел фишор ё зӯрӣ накардааст ва бинобар ҳамин, худро гунаҳкор наҳисобида, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест. Мавлудҷон Салихов дар тақвияти гуфтаҳои зерҳимояаш гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ вақте ба Зулола Раҳимова суол дода шуд, ки “Шумо дар сабти навор дар вақти дуохонӣ ва ба оғӯш гирифтани домулло ягон ҳаракатҳои зӯроварӣ дидед ва чаро напурсидед, ки чунин мекунад?” посух дод, ки “гумон кардам, дуохонӣ ва баровардани тарс ҳамин хел будааст.”

Мурофиаи додгоҳии Асадулло Иброҳимов рӯзи 18 октябр дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфта, 24 октябр бо ҳафт сол ҳукми зиндони ӯ поён ёфт. Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуд, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо Зулола Раҳимова амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ низ намоиш дода шуд ва дар як вақт ба шабакаи интернет ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист.
Мӯҳр
Расул
Ту аз чодугар бадтари, лаъин!

Сорбон
Мулло Асадулло ватке ки Зулоларо ба огуш мекашидиву дар сару руяш дуои куръонро куфу суф мекарди ..хеч чиз ба хотират намезад. Ту ки исломро бо ин амали нагинат бадном карди акун чазои ту хамиин аст.Маълум ки бо он Зулолат чандин бор ин корро анчом медодед.Дар ишкварзи хушеред ха аз артистони кинохои парнография мегузаронед.. номахкул кардаанд онхо .. хей кайф кун аку ..дар зиндон ..

Салом ба мухлисони Озодагон, ин муло бояд ба дор овехта мешид ба хотири ки истихзо ба Куръон кард ва ба ислом, бояд мекуштанша тоинки ибрат мешид ба дигарон .

islom ba zoti hud nadorad aybe
har ayb ki hast dar musulmonii most .
nomi mulloro kuw nakuned hamu jodugar nom bared behtar l

ССТ аз Душанбе
Барои чи дар ИМА, ки давлати демократи пешрафта мегуянд хукми катл ва курсихои барки то ба имруз боки мондаан, дар Чумхурии мо ин амрхо аз байн гирифтанд? Бояд ин гуна муллохоро ба калонахое баранд, ки бародарони зонна будагие, ки 15- сол заношона надидаги интизораш бошанд ва дар хамончо чинброрш намоян. Тавакалаш бар Худо.

Abdullohi Kulobi
Ривоят мекунанд, ки зане назди Паёмбар(салаллоху алайхи вассалам)-омада гуфт:Ман зино кардам ва хомиладор шудам!"
Паёмбар (салаллоху алайхи вассалам)-гуфт:Баъди таваллуди фарзанд...ва аз ширхораги баромадани кудак наздам биё!...Хамин тавр зане, ки мехост худро дар дуньё пок кунад,кудаки нонхурак шудаашро гирифта назди Паёмбар омад.Паёмбари Ислом ин зани зонияро "сангсор"-фармуда аз гунох покаш гардонид.Бубинед бародарон:Зане, ки ба рузи киёмат имон дошт, бо гунох ба назди Аллох рафтан нахост!!!-Ин суфии зинокор бар акси он Зан рафтор намуда, пулу мол сарф мекунад, то ин, ки уро бегунох бароранд!!!.Аз Аллох битарс!!!-даст ба тавба бизан!-Бидон, ки Аллох аз ин "камерача"-хода НОЗИРОНИ сахт дорад.Ту бешарм дар вакти зино карданат аз хондани ояхои Куръон истифода мекарди!-имруз дар оятхои хондаат тафаккур бикун!!!-Барои тамоми Мардон ин бояд ибрат шавад!!! Биёед бародарон ба василахои зино наздик нашавем.то ин ки ба Оилахо ва Ватани худ Нахсию Кашоки набиёрем...

naim
ин муло нест мунофикай мунтазири аллох хидояад куна аку

Эх Ира ку Бсузон Итари Муллора Номи Хами Муллохор Пас Задай Ин Хечка Не Худооо Задаст ман Аз Додгохи Суди Хохиш Дорам На Кам Тар Аз 5сол Аз Озоди Махрум Кунанд!!!!!! angry

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)