Бахшҳо

Интизории М.Собир ва Ш.Ҳакимов аз вазири нави дифоъ

Баъд аз рафтани Шералӣ Хайруллоев аз симмати вазири дифоъ чӣ тағйироте дар ин ниҳод хоҳад шуд? Оё имкони гузариш ба низоми шартномавии хидмати ҳарбӣ ё поин бурдани муҳлати он то як сол вуҷуд дорад? Инҳо саволҳое буданд, ки “Озодагон” аз коршиносон пурсиду посух гирифт.


Маҳдӣ СОБИР, коршиноси масоили низомӣ:

“Дар Вазорати дифои Тоҷикистон тағйироти зиёдеро таваққуъ доштан имкон дорад, албатта, ба тарафи мусбат. Мо дар ҷомеаи капиталистӣ ба сар мебарем, ки ҳама сохторҳо шахсӣ ва аз худ карда шудаанд. Вале Вазорати дифоъро касе бар дӯш намегирад. Чун ба гуфтаи бархе манфиатовар нест. Бубинед, раисиҷумҳури кишвар ахиран дар як суханронии худ гуфт, 70%-и сокинони Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Вале мо ҳар сол ду бор ба таври даъвати маҷбурӣ ё худ облава онҳоро ба сафи артиш ҷалб мекунем. Облава, яъне аз ин услуб танҳо вақти боздошти ҷинояткор кор мегиранд. Пас, маълум мешавад, бо ин роҳ мо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони худро поймол мекунем. Ҷавонро облава карда, ба комиссариат меоранд, агар каме маблағ диҳӣ, ӯро маъюб мебароранд. Аммо дар сурати ғайр волидайни ҷавон баъд аз 10 ё 15 рӯз мефаҳманд, ки фарзандашон дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хидмат намуда истодааст. Ба сафи артиш на аз оилаҳои табақаи поин бояд сарбоз ҷалб карда шавад, балки шароитро дар хидмати ҳарбӣ тавре фароҳам кардан лозим, ки ҷавонон худ биёянд. Яъне, низоми шартномавиро ҷорӣ кардан лозим, то дар сафи артиш ҷавонони нерӯманд ҷамъ шаванд. Ҳар кас хидмат кардан намехоҳад, бигзор ҷарима супорад ва ин маблағ барои ҷалби ҷавонони ниёзманду тавоно сарф карда шавад. Дар ин ҳолат метавон аз амнияти кишвару миллат ҳарф зад. Муҳлати хидмати ҳарбиро низ бояд то як сол поин барем. Барои як аскар бояд ҳадди ақал беш аз ҳазор сомонӣ барои ғизояш масраф шавад. Вале мо тахминан 20-25 сомонӣ сарф мекунем. Ба ин пул дар чойхонаи “Роҳат” як бор метавон хӯрок хӯрд. Вале сарбоз ба ин маблағ чӣ гуна метавонад, як моҳ ба сар барад? Ҳудуди 600 ҳазор ҷавонони мо дар Русия ба кор машғуланд. Чанде қабл раиси Ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирини меҳнатии тоҷик» дар ин бора иттилоъ дода, аз раисиҷумҳури кишвар хост, ин ҷавононро аз хидмати ҳарбӣ озод намояд. Албатта, тақрибан 4-5 сол пеш қонуне дар бораи хидмати ҳарбӣ пешниҳод шуда буд, вале мутаассифона бо кадом сабабе қабул нашуд. Дар он бисёр хуб масъалаҳо гуфта шуда буданд. Бисёр хуб мешуд, агар он ба тасвиб мерасид.”


Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқушинос ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ:

“Тағйирот ҳатман бояд шавад. Ба низоми шартномавӣ ба мисли кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил гузаштан зарур аст. Оне, ки мо аз Русия таҷҳизоти низомӣ меорем, маънои онро надорад, ки артиши мо бақувват хоҳад шуд. Дар ҳоле ки мо силоҳҳоеро аз хориҷа, бахусус Русия мегирем, ки ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ нестанд. Барои харидории таҷҳизоти низомии хуб пули хуб лозим аст. Илова бар ин, худи Русия намехоҳад, артиши мо бо силоҳи замонавӣ таъмин бошем. Ин як тарафи масъала, тарафи дигар, худи ман ҷонибдори поин бурдани муҳлати хидмати ҳарбӣ то як сол мебошам. Барои ин, бояд ба қонун тағйирот илова кард. Насли ҷавони мо мебинад, ки имрӯз артиши мо дар кадом вазъ аст, барои ҳамин аз рафтан саркашӣ дорад. Дар мавриди барканорию таъинот гуфтаниам, ки бояд ҳамеша шахсони ҳирфаӣ ва ботаҷрибаро ба мансабҳо интихоб кард, ки аз уҳдаи кораш мебарояд. Вазир бояд чеҳраи сиёсӣ дошта бошад. Вазиронро бо услубҳои хешутаборию маҳалгароӣ ва ба тариқи ришва набояд интихоб кард. Вале, мутаассифона, дар мо ин чиз дида мешавад. Агар каме ошкортар карда гӯем, бояд як вазорат ба мардуми Кӯлоб, дигарӣ ба Рашт, сеюмӣ ба Бадахшон бояд дода шавад. Пас дар ин сурат назорат болои якдигар ба вуҷуд омада, миёни ҳамдигар рақобат мешавад ва дар натиҷа пешравӣ низ хоҳад шуд.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Аз Вазири тоза интихоб хохиш дорам, ки автохозяйстваи вазоратро тахти назорати худ бигирад. Ва ягон афсари бо саводро ки техникаро хуб мефахмад он чо командир гузоред ки соф дилона ба Ватан хизмат кунад.

777
Ба вазир барори кор хохонам... Чунин пешниход дорам 1. Коунуни ЧТ дар бораи ухдадории харби ва .." хатман бояд куллан дигар карда шавад 2. Бо облава мо Ватани худро хифз арда неметавонем... Хисси ватандустии чавонон О ... Бо гарантияхои ичтимои даъватшавандагонро ба Артиш даъват карда, масъала бояд гузошт,ки хангоме.ки чавонон ба артиш хизмат намекунандрох ба суи хизмати давлати барои онхо манъ аст... (прокуратура.милиса.суд,гумрук ва г.х).
Саволба вазир барои чи барои даъват ба артиши милли чумхурии хамсоя волидайни онхо тайёр аст пора супорад? Дар Чумхурии мо бошад баръакс? Тачрибаро омузед бо кадом восита чавононро хавасманд кардаанд... Шумораи ахоли махз аз хисоби даъватшавандагон зиёд шуда истодааст.... Бароигурехтан аз артиш чавонон ба мактабхои оли дохил шуда,дар хамин давра оиладор гардида сохиби ду фарзанд мегарданд,баъд аз он (пас аз ду сол) аз донишгох мераванд... Шармандаги нест... Ин холат балои сари падару модар нест... Бас таърифу хушомадгуи проблемахоро гузоред....

хусайн
Барои вазири нав барори кор. Аммо у ислохотро бе дастури сарфармондехи оли гузаронида наметавонад. Харчи чаноб гуфт хамон мешавад. Ин ислохот кайхо бояд мешуд. Гуе давраи карахтии шурави. Як вазир18 сол , дигар 16, дигар12,10.8..,то нафака. Ислохот-пислохот намешавад,факат облаваю фасод!

Ни что не изменится друзья. поверьте разве что материальное состояние нового министра, его родня и некоторых приближенные к нему ВСЁ.
Кто не согласен со мной?

Pomiri-buc,
И мое коменарии ни в коем образом не имеет отнощение к ЛИЧНОСТИ нового министра,так как я не знаю его как человека или как служащего, но в одном я убежден точно что у такая СИСТЕМА в стране, и каким бы грамотным и трудолюбывым он ни был-все равно последнее слова за Одним человеком. Скажут "Устрашить Хорог" !!! (чего жаждел его предшествинник) Он этого сделает даже если он этого не хочет-потому что такая СИСТЕМА !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)