Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

Баҳси Тоҷикистону Узбакистон дар бораи парвози се чархболи низомӣ

28 ноябр 2013, 09:28

Мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон парвози се чархбол ё вертолёти низомии кишвар дар ҳарими ҳавоии Узбакистонро ба шиддат рад карданд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар тамоми гарнизонҳои ҳарбии Тоҷикистон чархболҳои таълимӣ ҳастанд, ки дар як ҳафта парвозҳо анҷом медиҳанд. “Вале ба ҳеч ваҷҳ онҳо ҳарими ҳавоии Узбакистони ҳамсояро убур накардаанд. Ин гап ҳақиқат надорад”,-азфуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки Узбакистон иддао дорад, рӯзи 27 ноябри соли ҷорӣ се чархболи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон дар маҳалли аҳолинишини Қизилмазори вилояти Ҷиззах ҳарими ҳавоии Узбакистонро убур намуда, ҷониби вилояти Сирдарё ҳаракат кардаанд. Дар ин бора торнамои 12uz.com бо такя ба манобеаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин чархболҳоро ҳамчунин дар минтақаи аҳолинишини Соҳибкор ва шаҳраки Бекободи вилояти Тошканд дидаанд. "Дар маҷмуъ чархболҳои низомии Тоҷикистон дар ҳарими ҳавоии Узбакистон бештар аз як соат дар ҳаракат будаанд",-гуфтааст, сарчашмаи 12uz.com.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ПАТРИОТ

  • 28 ноябр 2013 09:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ха урток каримов тарсиди холо бест дао аеропорти самарканд мешинем.....
Посух додан
  • Чамик

  • 28 ноябр 2013 11:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ПАТРИОТ,
хаххаха Рост узбакора талхашон кафит. Гап доди неки ака)
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар руз хов дидан айбай.

Dar ruz ckov nabined. Aybay
Посух додан
  • Кабутов с дж

  • 28 ноябр 2013 16:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Узбако тарсидан набоша
Посух додан
  • милатчи

  • 28 ноябр 2013 18:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кай бошаду кай

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!