Бахшҳо

"Оли Сомон", зиёӣ ва ҳашарот. Ё одамони навъи олӣ дар Тоҷикистон киҳоянд?

Марат МАМАДШОЕВ

Дар пайи садамаҳои охири маргбор бо иштироки “ашрофзодаҳо” баъзе пешниҳодҳо дорам, ки бароятон мегӯям.

Ҳолати кунунӣ ба назар сарбаста менамояд. Маълум нест, бо ин “ашрофзодаҳо” чӣ кор бояд кард. Онҳоро зиндонӣ кардан ҳеч мумкин нест, чун аз рӯи инсонгариву демократия нахоҳад буд. Ё ҳамонгунае, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, онҳоро чӣ тавр шинонем, онҳо ҳайкаланд.

Аз тарафи дигар шаҳрвандони одӣ аз “табақаи поёнӣ”-ро ҳам бе ҳеч чиз куштан он қадар аз рӯи ақл нест. Агар чунин шавад, фардо кӣ пахта мечинад, аз Русия кӣ пул мефиристад, пора медиҳад, аз ҷумла ба нозирони роҳ ва кӣ ҳадафи “облава” қарор мегирад? Кӣ соатҳо дар офтоби сӯзон меистад, танҳо барои он ки ҳамагӣ 5 сония байрақча афшонад? Баъдан дар маҳбас ҳам бояд касе шинад. Вагарна, раҳбари маҳбасҳо ба ҳайси кӣ ва ба куҷо кор хоҳад рафт? Бе мо давлат, ҳатто барои як дақиқа пойдор намемонад.

Бар ин тартиб, барои он ки болонишинҳо беҳуда хун нарезанд, зарур аст, ба таври маданӣ ҳуқуқашон ба ҳаракати маргбор маҳдуд гардад. Ин ҷо калимаҳои сеҳрнок, ки дар назди қонун ҳама баробаранд, ба кор намераванд. Ягон чораи нав ва ғайримуқаррарӣ зарур аст. Масалан, чаро дар сатҳи Қонуни асосӣ шаҳрвандонро ба се табақа ҷудо накунем?

Барои мисол, табақаи аввал -- нафарони навъи олӣ ё худ дастнорасҳо. Шартан онҳоро бо калимаҳои зебои “Оли Сомон” номгузорӣ кардан мумкин аст. Ё ориёиҳо. Кӣ ба ин табақа ворид мешавад, ба ҳама фаҳмост. Нафаронеанд, ки онҳоро ягон бор милиса боздошт намекунад, қонун маҳкум намесозад ва ҳамеша аз об хушк мебароянд.

Табақаи дувум, ё миёна. Онҳо аз табақаи болоӣ дуранду ба табақаи паст ҳам аллакай ворид намешаванд. Кӯтоҳ гӯем, на гӯшту на моҳӣ. Ин табақаро метавон зиёӣ номид. Моҳияти ин калимаро намедонам, аммо бисёр кӯтоҳ ва фаҳмо ба гӯш мерасад. Касеро мегӯӣ, ки “ту зиёиӣ” ва тамом, ҳама чӣ фаҳмост. Ба ин табақа нафароне дохил мешаванд, ки мунтазам 24 марти ҳар сол ба мулоқоти раисиҷумҳур даъват мегарданд.

Ниҳоят, табақаи сеюм. Инҳо ҳар гуна пасмондаҳо, ки кӯчаҳоро бо мошинҳои кӯҳна ё худ ба қавле “аробаҳояшон” пур карда, барои шамол барин ҳаракат кардани “Оли Сомон” халал мерасонанд. Ин табақаи хираест, ки ҳадди ақал як бор ҳар рӯз ғизо мехоҳад ва пайваста ношукрӣ мекунад. Ҳадди ақал шукр намекунанд, ки барояшон имкон додаанд, ки як рӯзи дигар зинда бимонанду зиндагӣ кунанд. Бе ягон дудилагӣ ин табақаро “ҳашарот” меномем. Шояд барои баъзеҳо хуш наояд, лекин ман ҳам ба ин табақа дохил мешавам ва бояд онро чуноне, ки ҳаст, ном гузорем. Ба ин табақа ҳамаи онҳое дохил мешаванд, ки бахташон пастӣ кардаасту ба ду табақаи пешӣ дохил нагардиданд.

Дар пайи ин табақабандӣ зарур аст, ки дар сатҳи Сарқонун ҳуқуқу уҳдадориҳои табақаҳо низ тақсим гарданд. Масалан, қонун бояд барои “ашрофзодаҳо” ҳар гуна кореро, ки ба фоидаи ҷамъият аст, манъ кунад. Ин уҳдадории асосияшон мешавад.

Дар асрҳои миёна дар Туркия мардум уҳдадор буданд, ки попӯширо мувофиқи равияҳои динияшон пӯшанд. Туркҳо попӯшии зард, арманҳо – сурх, юнониҳо - кабуд ва яҳудиҳо попӯшии сиёҳ мепӯшиданд. Мо ҳам метавонем, дар қонун муайян созем, ки табақаи якум метавонад дилхоҳ либосро пӯшанд, ба истиснои ранги зард ва сиёҳ. Ин ду рангро мувофиқан ба ду табақаи баъдӣ додан зарур аст.

Таҷрибаи таърих метавонад, хеле муфид бошад ва дар мо татбиқ гардад. Масалан, дар ҳамон асрҳои миёна самурайҳои ҷопонӣ иҷозат доштанд, шамшерашонроо як бор дар гардани роҳгузари якум аз табақаи одӣ бисанҷанд. Мо метавонем ба “ашрофзодаҳо” барои як садамаи маргбор бо мошини навхаридаашон ҳуқуқ диҳем. Бигзор, навгониро дар амал бисанҷанд. Баъдан имкон дорад, барои “Оли сомон” дар содир кардани садамаҳои маргбор маҳдудияти муайян ҷорӣ гардад ва агар аз ҳад гузаронанд, бигзор дар шакли ҷарима ҷазо гиранд.

Боз зарур аст, ки барои ду табақаи баъдӣ доштани мошинҳои гаронарзиш манъ гардад. Барояшон танҳо “Нексия” ва “Опел” ё “Дамас”-у “Запарож”-ҳо иҷозат дода шаваду халос.

Беҳтараш умуман барои табақаи “ҳашарот” доштани мошин манъ гардад. Бигзор харсаворӣ кунанд. Аммо айни ҳол ҷорӣ кардани ин маҳдудият имкон надорад, чун демократияи мо то он дараҷа рушд накардааст. Хуллас, одам бояд дар кӯчаҳо аз рӯи табақааш шинохта шавад. Бояд либосҳою воситаи нақлиёти мувофиқ дошта бошанд.

Баъдан дар Сарқонун бояд ҷумлаи аввал чунин бошад: “Духтару писарони “Оли сомон” ҳамеша ҳаққанд.” Ҳатто агар онҳо ноҳақ бошанд ҳам, бояд меъёри якум риоя шавад. Ин ҳама аллакай дар мо тақрибан ҷой дорад ва татбиқ мешавад. Танҳо ин механизми таваккалӣ ҷоришудаи демократияи тоҷикиро барвақт қувваи қонунӣ бахшидан даркору бас.

Сохти табақаӣ, имрӯз ба мо даркор аст ва ба ҳар гуна гуфтугузору эътирозҳо дар ҷомеа хотима мебахшад. Дар бораи корҳое, ки имрӯз бо хашму норозигӣ сухан мекунанд, баъди ҷорӣ намудани табақабандӣ бо як табассуми хайрхоҳона нақл хоҳанд кард. Масалан мегӯянд, дина писари фалонӣ бо мошинаш 300 километр дар як соат ҳаракат карда, ба як маркази савдо бархӯрдааст. Як тӯда ҳашарот мурд. Хеле шавқовар буд.

Аз ҳама муҳимаш дар ин ҳолатҳо эътирозе садо нахоҳад дод, чун ҳама аз рӯи қонун аст.

PS: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТУ КАСБАТРО НОДУРУСТ ИНТИХОБ КАРДАИ! ХУБТАРАШ ХАЧВНИГОР Ё МАЗХАКАНВИС МЕШУДИ ХУБТАР БУД, ЧУНКИ ДИДЕМ КИ ШАВКУ ХАВАСАТ БА ИН КАСАБ БИСЁРТАР АСТ... ДИГАР БА ИН СУХАНХОИ ПУЧУ БЕМАГЗАТОН НАМЕТАВОНЕД МАЙНИ САРИ МАРДУМИ ТОЧИКРО ВАЙРОН КУНЕД, ЧУНКИ ЗАМОН ДИГАР ШУДААСТ ОГОЧОН! БЕХТАРАШ АЙНАКАТРО ЧУКУРТАР МОНУ АЗ ФИКРИ БАДБИНИИ МИЛЛАТИ ТОЧКИ ГУЗАР, ТО ИН КИ ЗЕРИ ТАХКИРИ ФАРЗАНДОН ВА НАМЕБАРГОНАТОН НАГАДЕД....АКНУН ХУБИИ УМРИ ХУДАТ ГУЗАШТААСТ, АКАЛАН АЗ ДОГ ГУЗОШТАН БА ОЯНДАГОНАТ АНДЕША КУН!...."О" СУХАНХОИ МАРО ДАР БИСЁР МАВРИД ЧОП НАМЕКУНИ МАКСАДАТРО НАМЕФАХМАМ!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Боря
Марат Махмадшоев худи Шумо ба садама дучор гардед аз чи мебинед ашрофзода гуфта мегардед ба садама дучор мешаванд мегуед беаклона хар чизро чоп мекунед Шумо е ин,ки ягон фарзанди Шумо ба ин ходисаи ногувор дучор гардад чи????

Сорбонали
Чаро хамин памфелтро вакте ки писари Кабири бо мошинаШ авария кард нанавишти? Ё АГАР ЧУНИН ХОЛ АЗ ЧОНИБИ ХЕШУ ТАБОРИ ХУДАТ РУЙ ДИХАД ХАМАИ ИН КАЛИМАХОРО ФАРОМУШ МЕКУНИВУ КАЛИМАИ "НАСИБ" БА ЁДАТ МЕОЯД ДАР ИН МАВРИД БОШАД КАЛБИ ПУРКИНАТ БА ХУРУШ МЕОЯД ЭХХ ИНСОН ЧИ ИН КАДАР БАХИЛ АСТИ ТУ НАФАХМИДМАТ КИ НАФАХМИДАМАТ.....

Акаи Марат метарсам худат аз табакаи Зиёи набоши бо Хашаротора афсун (найранг) карда дар дом афтони!

дурбиН
Акаи Марат хакро гуфти барои калоНхо хама чих хаст, зеро хукумат дар дасташон вазифахо курсихои бобоияшоН. коНун дар дасташоН ХАР ХЕЛЕ ХОХАНД тоб метияН оНРо мухим бафоидаашоН бошад, бо вучудЕ сабаби куштори камбагал хам шавад гур ба руи камбагал гуфта бо мошин зЕР карда ба Олмон мегурезанд ВКД мегуяд охир хешу табори президеНт у ба мо вазифаро тухфа кардаст чи хел хЕшашаро суд кунем? амнияташ мисле ки гушош кар, вале як бечораро бо истифода аз амнияту балову батар капида кунчи турма мешинонанд боз чанд чинояти нокардаро бар сараш бор мекунанд, зиндаги камбагали бечора бо хамин тамом мешавад Брова акаи Марат хакикатро гуфтед, вале афсус кархое ки бояд шунуаванд намешунаванд.

Модаи охири ин Сарконун чунин шавад: Точикистон аз Хашафоти Марат тоза карда шавад.!

Baroi mo suzan xalad kardani yahudiho darkor nest !(Maratjon)

Abdurahmon
Офарин Марат, бехтарин навиштахоро имрузхо танхо шумо пешкаши хонандагон карда истодаед
Ба шорехон аз Бобо сар карда то баъзеи дигарон хаминро гуфтаниам ки дар бораи он чизе ки намефахмед казоват накунед рафта хамон шеърхои "Ман калон мешавам" ва г-ро хондан гиред. Ин шарххои Шумо хам вокеияти талхеро инъикос мекунад ки мо хама худро аз табакаи "Оли сомон" хисоб карда истодаем ва "хашарот" буданамонро пай намебарем ва хохиши тагир додани мавкеи худро надорем. Бале дар чунин холатхо эътирозе садо нахохад дод чун эътирозгаре боки нахохад монд.

Часур
Он касоне, ки ба мукобили Марат гап задаанд ба фикрам аз табакаи Зиёи хастанд, чунки Оли сомон ба ин корхо вакт надоранд.

in marat tojik nest-yo totor yo yahud ast.to kai in badbini-baxeli-hasudxuri.ooo bas kuned az baroi xudo.

Meguyand ki millate ki ba xud mexandad millati zinda ast.
Misli BOBO barinho va bazeho ki ba muqobili guftahoi Marat baromaden, nobino va johil hasted. Az baroi shumo barinho shuda mora "Ravshan va Jamshud' megand. Marat haqiqatro ba shumo kushod, shumo boshand chashmonatonro kushoda namexohed...

Dev
БОБО,
"Ushtura guftam gamza kun -poliza vajron kardu raft" !!!
Mutaassifona 80% -i mardumi tojik ba tabakai seyum dohil meshavand va baroi "Oli Somon"-ho hej arzishe nadorad. Tabakai mobajni dar hakikat niryba nimyaso.

Исфараги
БОБО,Шумо фабрикаи чавоб АКЛ,майна,фаросат,вичдон,нангу номус,марди,шараф,вичдон надоред!Шумл акл надоред,ки мазмунин ин маколаро дарк кунед!Зеро барои шумо бенангу беномусони миллат,холате,ки дар он миллати точик карор дорад ва ин холати бадтарин,шармандатарини миллат дар таърихаш хаст фарке надорад!Чуноне,ки мегуянд,гур сузаду дег чушад...Шумо БЕНАНГУ беномусони миллат хакку хукуки маънви надоред то аз номи мардум сухан кунед,зеро шумо аз миллати ман нестед, шумо аз миллати ман дур гаштаед ва шумо харомхурони давлативу косалесони лаъин ба чузъ дуругу афсона ва хушомадгуи,порахуриву ришвахури аз ухдаи кори дигаре намебароед!МАРАТ офарин!Дар хакикат дуруст таъкид кардед.Оли сомон ин як ОИЛАИ калонест,ки аллакай Точикистон барои ин оила ками карда истодааст!Гурухи дуюм ана хамин нафарони ифлосанд,ки ба як бурда нон имонашонро фурухта руирост шири сафедро сиёх мегуянд.Танхо ба хотири он,ки ин режим барои ин нафархо имконияи ГОРАТ намудани миллати худро додааст!

хусайн
Офарин Маратчон

Мард
Марат хакикатро навиштааст. Барои ин чуръате, ки кардааст, ба сад офарин. Лекин то дер боз хамин табакаи дуюм (косалесону лаганбардорони режим) Маратро хоида мегарданд. Холо аз табакаи "хашарот" дида, дар Точикистон сафи табакаи дуюм зиёд шудааст . Афсус, ки хама маддоху хокзан, балегуяку чоплус...

Марат хакикатро навиштааст. Барои ин чуръате, ки кардааст, ба у сад офарин. Лекин то дер боз хамин табакаи дуюм (косалесону лаганбардорони режим) Маратро хоида мегарданд. Холо аз табакаи "хашарот" дида, дар Точикистон сафи табакаи дуюм зиёд шудааст . Афсус, ки хама маддоху хокзан, балегуяку чоплус...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)