Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:02

“Тоҷикистони нав”-и Зайд Саидов ҷаласа доир мекунад

28 ноябр 2013, 12:20

Гурӯҳи ташаббускор оид ба таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав ҷаласаи навбатии худро рӯзи 6 декабри соли ҷорӣ баргузор хоҳад кард.

Маҳмудҷон Қосимов, муовини Зайд Саидов -- раҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси Тоҷикистони нав, бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, дар ин ҷаласа баргузории анҷумани нахустини ҳизбашон баррасӣ хоҳад шуд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ бо роҳбарии соҳибкор Зайд Саидов гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав ташкил ёфта буд. Танҳо баъд аз як моҳи эълон дар мавриди таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав Зайд Саидов аз тарафи мақомоти Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар фурудгоҳ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, боздошт шуд.

Оҷонсии мубориза бо фасод Зайд Саидовро ба тақаллубкорӣ, таҷовуз ба номус, сӯистифода аз мақом ва гирифтани ришва айбдор мекунад. Барои ҳимоят аз Зайд Саидов Кумитаи дифоъ низ таъсис ёфта буд, ки тасмим дорад рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи оянда бо баргузории ҷаласаи махсус масъалаи боздошт ва ба додгоҳ кашидани Зайд Саидовро баррасӣ намояд.д

Муҳокимаи парвандаҳои Зайд Саидов нимаи аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ паси дарҳои баста дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта, қарор аст, то як ҳафтаи дигар ба анҷом бирасад. То кунун дар робита ба иттиҳомоти Оҷонсии зидди фасод алайҳи Зайд Саидов нафароне мисли Низомхон Ҷӯраев, Дилшод Раҳимов ва Фаррух Муҳиддинов бозпурсӣ шудаанд ва ё шоҳидӣ додаанд.

Зайд Саидов аз соли 2002 то 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд, ки аз тарафи нерӯҳои мухолифин ба ин мақом пешниҳод гардидааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Новобаста ба ҳамаи нокомиҳо, ҳизби "ТОҶИКИСТОНИ НАВ" бояд ба фаъолияти худ идома диҳад. Ин ҳизб ҳизби ашхоси озодандешу ислоҳотхоҳон аст. Барои ин мақсаду маром шуда, Зайд Саидов озодии хешро қурбон кард. Кори ӯро суст намонед. Мо ба ин ҳизб ниёз дорем!
Посух додан
  • Озоди

  • 28 ноябр 2013 15:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чунин хизбе, ки сабти ном нашудааст ва чомеа уро бардошт намекунад чи гуна фаъолият мекунад. Мавзеи чойгиршави ва доираи харитаи чойгиршавии ин хизб магар болои оби дарёхо хаст-ми?
Аз Хукумат дархост мешавад, ки ба хотири бовари ва овозхои додаи халк фаъолияти катъшудаи ин хизбро пайгири намуда, барои саркаши ва зидди талаботи конунгузори баромадан ба саркорони ин бригада чазо дихад.
Посух додан
  • ФИРДАВС

  • 28 ноябр 2013 20:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БИГЗОР ХИЗБИ ТОЧИКИСТОНИ НАВ ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО ДАВОМ ДИХАД
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озоди,

Фикратро дурусттар ифода кунӣ намешад. "БА ХОТИРИ ОН ОВОЗҲОИ БО РОҲИ ТАРСУ ВАҲМУ ФИРЕБУ НАЙРАНГ ГИРИФТАШУДА. БА ХОТИРИ ОН ОВОЗҲОИ БОФТАШУДА. БА ХОТИРИ ОН ОВОЗҲОИ СИТОНДАШУДА", - мегуфти, суханат дигар ранг мегирифт. Ту мардумро кару кӯру гунг хаёл мекунӣ? Аз оне, ки мардуми Тоҷикистон хомӯш аст, ин маънои онро надорад, ки ҳеҷ кас ҳеҷ чизро намебинад.
Посух додан
  • tojik

  • 28 ноябр 2013 22:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in xel hizb nabud va nest va mo tojikon bezorem az in hizbhoe ki ba xalk hej foida ham naovardandu nameorand.gum kuned inhoro.
Посух додан
  • Мансур

  • 29 ноябр 2013 11:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иншоллоҳ дуо кунед ки Зайд Саидов озод шавад ва дар ин ҷаласа иштирок кунад
Посух додан
  • макс

  • 29 ноябр 2013 11:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОЗОДИ ВА ТОЧИК Бо хардуи ту алохида сухтат мекунам

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!