Бахшҳо

Боздошти тоҷикону узбакҳо бо иттиҳоми экстремизм дар Маскав

Мақомоти амният ва пулиси Маскав шаби 26 ба 27-уми ноябр, 15 нафарро бо иттиҳоми узвият дар созмони экстремистии “Ат такфир вал Хичрат” боздошт кардаанд, ки миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон низ будаанд.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Вазорати умури дохилии Русия ҳангоми бозҷӯӣ аз боздоштшудагон маводи тарканда, таппонаҳо ва адабиёти экстремистӣ дарёфту мусодира шудааст.

“Ат такфир вал Хичрат” соли 1971 дар Миср ташкил шуда, моҳияти идеологияашон дар он аст, ки таҷрибаи дар хориҷ гирифтаашонро барои ҷорӣ намудани қоидаҳои шариат дар Ватанашон истифода мекунанд. Дар Русия аз соли 2010 инҷониб “Ат такфир вал Хичрат” ифротӣ эълон шуда, фаъолияташ мамнуъ мебошад.
Мӯҳр
Латиф
Хубшу кардан. Безор кардан млобачои навбаромад

Ин ҳама ифротиюни иртиҷоъӣ душмани донишу фарҳангу тараққиёт ҳастанд. Дар интихоби МУРСӢ халқи Миср хатои бузург карда буд. Хушбахтона онҳо базудӣ иштибоҳи хешро дарк карданд. Пас аз оне, ки Мурсӣ дар як муддати басо кӯтоҳ ба худ ваколатҳои иловагӣ касб кард, ( ҳатто бештар аз ваколатҳои президент Ҳусни Мубораки сарнагуншуда!) дар муқобили кувваҳои мусаллаҳи Миср, аз бандиту террористон гвардияи ифротиюни исломӣ сохт, бисёре аз озодиҳои собиқаи ҷомеаи Мисрро барҳам дод, мардуми Миср ба ҳуш омада, барои қатъи ваколати президентии ӯ 21 миллион (БИСТУ ЯК МИЛЛИОН) имзоъ ҷамъ карданд. Пас аз ин бо қарори додгоҳи конститутсионӣ ӯ аз вазифааш барканор шуд. Хулосаи сӯҳбат ин аст, ки ин ифротиюни иртиҷоъиро ҳаргиз набояд ба сиёсат наздик кард. Бо тамоми восита зидди онҳо бояд муборизаи беамони байналмилалӣ бурд! Исломи мӯътадил ба сиёсат кор надорад. Ҷангу ҷидолу терроризмро ба худ ҳаром медонад. Мардуми мусалмон бояд фақат намозашро гузораду оини исломиро баҷо орад, бас аст. Ба ҷуз ин бояд ҳама, ҳатто муллоҳо, бо кори дунё машғул шуда, аз паси ризқу рӯзи худ ва фарзандон бошанд. Шояд ин гуфтаҳо ба баъзе аз ҷавонони ришдору ҷелакпӯши Тоҷикистон нафорад. Вале ҳақиқат ҳамин аст. Ба онҳо гуфтаниям: АЗ ТОҶИКИСТОН ПОКИСТОНУ АРАБИСТОНИ САУДИ НАСОЗЕД. На ҷони худро зери хатар гузореду на аз дигаронро. Одам озод таваллуд шудааст, бояд озод зиндагӣ кунад. Диктатураи исломи ифротӣ аз диктатураи президентони дунявӣ ба маротиб ваҳимтар аст. Яъне, бадтар аст!

Юсуф,
Рахмат бародар 100% гапатон кати розиям магзи гапа гуфти, инхо хама барои мансабу пул шуда ватанамонро ба мисли толибону ал-коидаву дигар радикалхо мефурушанд, Чаноби оли боз як фармон тихад рейд гузаронанд ки ришошона кок ба кок битарошанд зур мешавад

орзу
мардуми мусалмон бояд факат барои такмили ахлоки инсонии хеш талош кунанд. кувваи худро барои сохтани Ватанашон равона созанд. фарзандони хешро инсондуст тарбият кунанд. имон ва вичдон дошта бошанд. ханноти, молимардухури, фохишагари ,чоплуси накунанд. то дигарон бигуянд бубинед мусалмононро аз онхо ибрат гиред. аммо афсус имруз факат хаёхуйи зохири, риш, челак , почакалта, дарозчома, се-чор зани, бо пули хароми дуздида ба хачрави хичобу никоб ва доду войи Худофиреби...
Гар мусалмони амин аст....Вой агар аз паси имруз....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)