Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:46

Қоҳир Расулзода дар Тошканд ва мушкили роҳу энержӣ

29 ноябр 2013, 09:14

Қоҳир Расулзода, сарвазири навтаъини Тоҷикистон, ки барои иштирок дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, имрӯз, 29-уми ноябр, дар Тошканд қарор дорад, масоили тиҷорати минтақавӣ, энергетика ва нақлиётро баррасӣ хоҳад кард.

Тибқи рӯзномаи ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ, ки имрӯз, 29-уми ноябр, дар назар аст, масоили нақлиёт, тиҷорат, телекомуникатсия, энергетика, хоҷагии қишлоқ, бартараф кардани оқибатҳои ҳаводиси табиӣ дар меҳвари ин мулоқот хоҳанд буд.

Дар назар аст, ки созишнома дар бораи беҳбуди шароит барои интиқоли автомобилӣ миёни ҳукуматҳои СҲШ ба имзо расад. Инчунин бо пешниҳоди Русия масъалаи созмони клуби энергетикии СҲШ ба баррасӣ гирифта хоҳад шуд. Қаблан аз иштирок дар таъсиси клуби энергетикӣ Узбакистон худдорӣ карда буд.

Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли 2001-ум таъсис ёфтааст, айни ҳол Тоҷикистон, Русия, Узбакистон, Чин, Қирғизистон ва Қазоқистонро дар бар мегирад. Ба ҳайси кишварҳои нозир дар ин созмон Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон ворид мебошанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!