Бахшҳо

Ёқуби Саид: "Дар Ватани мо кафолат мурдаасту интизом нафасгир"

Ватани мо ба як маҳдудаи бе назму тартибе бадал мешавад. Бо гузашти ҳар рӯз ҳарфи он сиёсатмадоре, ки гуфта буд: “Тоҷикистон дар ҳолати автопилот қарор дорад”, эътибори бештар пайдо мекунад.

Назми кафолатҳои иҷтимоии мо барҳам хӯрдааст, интизоми рӯзгори мо зеру рӯ шудааст, тақрибан дар ҳамаи умур ояндаи номафҳумеро пеши рӯ дорем. Чаро чунин шудааст? Ё худ, чаро ғайриихтиёр ба сӯи номафҳумӣ ҳаракат мекунем?

Чанд рӯз муқаддам яке аз дӯстонамро, ки масъулияти кӯчакеро дар як идораи давлатии тобеи Вазорати маориф ва илм ишғол карда буд, бидуни огоҳии қаблӣ аз кор барканор карданд. Дӯстам мегуфт, далели муътамаде барои аз кор ронданаш мавҷуд нест. Метавон шубҳа дошт, ки шояд асли ҳодиса воруна бошад, вале “далел”-еро дар идомаи суҳбаташ он дӯстам зикр кард, ки ҳамаи шубҳаҳоро пушти по мезанад. Гуфт, тақрибан як моҳи пеш мудири идора иваз шуд, баъд аз ду ҳафтаи кориаш як субҳ ҷаласа доир карду ҳар касеро хост, гузошт ва онеро, ки нахост, ронд.

Дар ҳоле ки Кодекси меҳнати Тоҷикистон кафолати таъмини ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандонро додааст, аммо иродаи як роҳбар бо далелу бе далел аз ин Кодекси 228-моддаӣ вазни гаронтаре дорад ва ҳар гоҳ, ки бихоҳад кафолатҳои иҷтимоии моро барҳам мезанад. Дигар на додгоҳе ба додат мерасад ва на додгустаре. Аз ин даст мисолҳо хеле зиёданд, вале он чи ки камёфт аст, таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон аст.

Бо ин ҳол, танҳо идораҳои давлатӣ нестанд, ки назму тартиботи иҷтимоиро риоя намекунанд. Бахши хусусӣ достони ҳайратовартаре дорад.

Иттифоқан як дӯсти дигарам дар ин асно, ки иҷоранишин аст, лаб ба шикоят кушод, ки соҳиби хонаи иҷорааш бидуни огоҳии ӯ манзилро ба каси дигар фурӯхтааст. Соҳиби нави манзил аз ин дӯсти иҷоранишинам талаб кардааст, дар кӯтоҳтарин фурсат манзилро холӣ кунад. Дӯстам мегӯяд, дар ҳоле бо соҳиби аввалии манзил шартномаи 3-сола доштаанд, вале ин иттифоқ пеш омадааст, ҳамакнун намедонад ба куҷо муроҷиат намояд ва талаби таъмини кафолат кунад.

Набуди кафолат тору пуди зиндагии моро танидааст. Мо ба табибон барои дармон ёфтан муроҷиат мекунем, пул пардохт менамоем, вале кафолат надорем, ки шифо хоҳем ёфт. Фарзандонамон ҳар субҳ ба мактаб мераванд, вале кафолат надоранд, ки таълиму тарбия мегиранд, донишҷӯёнамон ба мактабҳои олӣ мераванд, вале кафолат надоранд, ки дониш меомӯзанд. Танҳо дар ватани мост, ки диплом доштан кафолати соҳиби кор шуданро таъмин намекунад.

Рӯзу рӯзгори мо бидуни интизом аст. Дар Душанбе субҳ аз як кӯча убур мекунед боз аст, бегоҳ ки мехоҳед аз ҳамон роҳ баргардед, аллакай баста аст. Ин беинтизомӣ танҳо дар Тоҷикистон аст, ки барои убур ё сайру гашти кадом як меҳмони номгуми хориҷӣ соатҳо роҳҳои марказии шаҳрро бибанданд, барои меҳмонони дохилӣ метавонанд рӯзҳо ин беинтизомиро идома бидиҳанд. Дар натиҷаи ин беинтизомиҳо назми рӯзгори мо ба ҳам мехӯрад.

Танҳо дар баландошёнаҳои Душанбе аст, ки бе огоҳии қаблӣ об хушк мешавад, барқ қатъ мегардад. Дар натиҷа назми рӯзгори мо бар ҳам мезанад ва субҳ бо либоси дарзмолнашуда, рӯйи ношуста, табъи хира аз дар берун мешавем.

Чаро чунин аст? Он чи ба зоҳир ҳувайдост, ин аст ки шоистасолорӣ дар ватани мо ҳоким нест. Дар ватани мо ба шаҳрвандон аз рӯи дараҷаҳои дониш, лаёқат, шоистагӣ, соҳибтаҷриба будан арзиш қоил намешаванд. Ҷойи ин ҳамаро садоқат ба раҳбар ва “бачаи хуб” ё “духтари хушрӯ” ишғол кардааст.

Инҳо ҳама даст ба дасти ҳам ниҳода, моро ба вартае расонидаанд, ки намедонем фардоямон чи гуна хоҳад буд. Пасфардоямон чи, соли оянда, панҷсол ба баъд… чи рӯзу рӯзгоре хоҳем дошт. Дар ватани мо кафолат мурдааст, интизом нафасгир аст… “Имрӯз зинда бимонем, фардоро як илоҷ мекунем” - ҷои тартибу интизом ва кафолатро гирифтааст. Вале бо ин аҳвол то фардо зинда хоҳем монд?

Ёқуби САИД,
журналист


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ХУДО РАХМАТ КУНАД ИНСОФУ САМИМИЯТУ ОДАМГАРИ ДАР ТОЧИКИСТОН БАНДАГИ КАРД, МАРХАМАТ БА ЛАБИРИНТИ ФИРЕБУ ДУРУГУ НООДАМИ!!

ъ
Хуллас бардак !

Гарантия
Ман бо Шумо дусти азиз хамрохам .Ин хакикати хол аст .Мардум дигар бояд мухри хомуш ба лаб назананд.Аз хукукхои шахрвандии худ бояд истифода баранд вагарна милатамон ба нести руй оварда истодааст. Ташакур ба Шумо дусти азизам Ёкуб ...

Салмон:
Зинда боши бародари хакгуй!

Cарвар
Ох , эй бародари фошгу , ФАРДО барвакт мурда , кадом фардоро ту дар назар дориииииииииии........

Ёкуб, ташаккур. Лекин ба ин чарохо чавоби ман ин аст, ки сабаби асосии бадбахтии мо бемаърифати ва сатхи пасти фарханги мардуми точик аст. рости мо яке аз пасстарин халкхои дунёем. агар мо акл медоштем, хама ором наменишастем, интихоботи дуругро бойкот мекардем, хама сохторхои давлатиро тобеи халк мекардем, шабу руз чун робот карсак намезадем, бо флагшток фахр намекардем... лекин мо чун рамаи хайвонем, кучо хоханд моро мебаранд, он чое ки рама аст, чи сухан кафолату инсонпрастиву акл сухан метавон кард?

Бародар Ёкуби Саид! Бехтарин фикррониву олитарин мавкеъгири аст! Шояд, гуфтахои Шумо ба баъзе сарварони идорахо хуш наояд, ба хар хол ташаккур барои чунин нигоштаи озоду дилсузонаатон! Ахсан! Агар кулли журналистони точик чунин мавкеъ медоштанд,шоядбехбудие мешуд, дар кишвари кучаки мо. Афсус...., ки чунин нест, ки нест! Албатта, кулли точикистониён дар ин маврид шуморо дастгири мекунанд вале гумроханду намедонанд, ки чи хел дар ин самт мубориза баранд.Медонанд, ки чунин муборизахо дар кишварашон окибати хуб надоранд, зеро фишору зуровари тахдидашон мекунад! Ба хар хол ин икдоми Шумо боиси дастгирист!

Рости бародари азиз Ёкуб, масоилеро Шумо мавриди бахси хонандаи заки пешниход намудед, ки вокеан доги руз аст. Чун вокеан имруз фарзанди камбагал наметавонад ба ягон идора ё корхона бемамоният ба кор кабул шавад. Зеро рохборони имруза аввал географияю баъд биографияшро мебинанду баъд аз он хохиши сухбат дошта бошанд даъваташ мекунанд. Чун тагаи калон, ё пушти бакуввате надошта боши хубаш ки наздик нашав. Барои як кисми рохбарон коргарон донишмандро истифода мекунанд. ахамият дихед дар 90 фоизи идорахои давлати муовини аввалаш шахси сохибаклу сохибирода аст аммо худи рохбар макети холи. Барои хамин ман дар чанд эълони чойхои кори холи хуччат супоридам дар вакти конкурс хамаи саволхои додашударо чавоби анику дакик додам аммо баъди чамъбаст огах шудам ки ким кадомеро аллакай кабул кардаанд.

brave
100 % таҳлили дуруст. Ҳоли Тоҷикистон аз ин ҳам бадтар аст. Ҳоло дар нақбе (тоннел) меравем, ки намедонем дар охир баромад дорад ё на.

tojik
Rahmat ba padarat barodari hamkhun Yoqubi Said.. khudovand nigahbonad boshad. baroi inguna chizhoro didan chashmi khirad lozim . simoi tojikona va aqli hakimona doshtai.

yak roh ast ki karda istodaand..kamerahoro dar hama kuchaho-xonahoi baland oshyona-maktabho-bozorho-parkho-restoranho guzorandu jarimahoi vaznin bandand.xalki beintizom az pul dodan metarsad na az milisavu hukumat.nakazat v karmanax.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)