Бахшҳо
29 ноя 2013 12:20Тоҷикистон / Акс

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз ҷаримаҳои миёншикани “Шаҳри бехатар"

Нилуфари КАРИМ

Даҳҳо ронандаи мусофирбар дар пойтахти Тоҷикистон аз ҳаҷми ҷарима ва шеваи пардохти он барои нақзи қоидаҳои роҳ эътироз карданд. Ин нақзи қоидаҳо тавассути дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст, ки бар асоси тарҳи “Шаҳри бехатар” аввали моҳи ноябр дар хиёбони марказии Душанбе насбу фаъол гардид.

Умед, ронандаи хатсайри рақами 8, ки барои се қоидавайронкунӣ 520 сомонӣ ҷарима супоридааст, мегӯяд, мақомот қабл аз он ки онҳоро ҷарима банданд, шароити ҳаракат дар роҳҳоро муҳайё созанд. Норозигии мусоҳиби мо аз он аст, ки аксар вақт хатти якуми роҳ дар пойтахт аз сӯи мошинҳо банд буда, онҳо имкони гирифтан ва ё фаровардани мусофиронашонро надоранд.

“Дар хатти якуми роҳ мошин мондаанд ва намедонем дар куҷо мусофиронро фароварем, ё бигирем.. Ҳамеша маҷбур мешавем, дар хатти дувум истем, ки инро камераҳо акс мегиранду баъд ҷарима мекунанд. Агар мо ягон қоидавайронкунӣ кунем, розием, маблағашро супорем. Аммо барои мо дар роҳҳо шароит нест”,-афзуд Умед.



АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз ҷаримаҳои миёншикани “Шаҳри бехатар"Ин ронанда дар идома гуфт, “дигар масъала ин аст, ки дар бештари роҳҳо ранги хатҳо намоён нест. Дар як бозори Шоҳмансур дар ду тарафи роҳ автомашинаҳо гузошта шудаанд. Ягон корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ инро намебинад.” Умед нақл мекунад, як рӯз ҳангоми гузаштани корвони мошини президент чароғак сурх буд, вале нозири роҳ ишора кардааст, ки зудтар бигузаранд: “Инро камера сабт кардааст ва ҷарима бастааст. Як ронандаи дигарамон 2 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима супорид. Дар дигар давлатҳо вақте санади пардохти ҷарима меояд, ду моҳ мӯҳлат дода мешавад аммо дар ин ҷо ин хел нест. Ҷарима омад, бояд зуд рафта супорӣ. Намедонем, чӣ кор кунем.”

Ин аст, ки ба гуфтаи Нуралӣ Азизов, муовини раиси Автоколоннаи “29-27”, ронандагон барои пардохти маблағи ҷарима азият мекашанд: “Санади пардохти ҷарима ҳар рӯз фиристода намешавад. Чанд қоидавайронкуниро ҷамъ карда, ба ронандагон мефиристанд. Баъзе ронандаҳои мо аз аввали мо то 2 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима супоридаанд. Агар ҳамарӯза қоидавайронкунии онҳо фиристода шавад, хуб мешуд.”

Тарҳи “Шаҳри бехатар” дар Душанбе бо харҷи 22 миллион доллар, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Чин тавассути Созмони Ҳамкории Шонгҳой мебошад, амалӣ гардида, 5 сол мӯҳлати кафолат дорад. Дар доираи ин лоиҳа аз ҷониби ширкати «Ҳуавей»-и Чин мутахассисони тоҷик барои кор бо ин таҷҳизоти муосири электронӣ омӯзонда мешаванд. Гуфта мешавад, ин тарҳ барои таъмини тартибот дар кӯчаҳо ва ҷилавгирӣ аз фасодкории нозирони роҳ мусоидат кунад. Дар нахустин лаҳзаҳои фаъол гардидани дурбинҳои назоратӣ 17 ҳазор қоидавайронкунӣ аз тарафи ронандаҳо сабт шуда, мақомот гуфта буданд, беш аз 80 дарсади ронандаҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд.


АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз ҷаримаҳои миёншикани “Шаҳри бехатар"

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз ҷаримаҳои миёншикани “Шаҳри бехатар"

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз ҷаримаҳои миёншикани “Шаҳри бехатар"


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
БАЧАХО ШУМОРО ЧАРИМА КАРДАН КАМ АСТ ХУЧАТХОИ РОНАНДАГИИ ШУМОРО ГИРИФТАН ДАРКОР АГАР ШУМОРО ХЕЧ ЧИЗ НАГУЯНД ДАР 4-УМ КАТОРАМ МЕИСТЕН ХАМАИ ПРОБКАИ ШАХРРО ШУМО МЕСОЗЕД БАРОИ ЯК ОДАМ ДАР КУЧОЕ ХОХЕН МАЪН МЕКУНЕД

Акашариф
Хамаш тугриай! И мардуми мо оли одат накардай, дар назаршон афсонахай. Ана хами хел ки кунан баъд мефахман. Хами таксиву старексо барои чор танга шида дилшон чхеле ки хоха хай мекунан мошина. Бори дига мегум хамаш ТУГРИАЙ! Рахмат ана хамихел ба зури мардуми мора конунда шинондан даркор!!! Як ба Расия назар кнен бад мефахмен.

Милиса
Хубшон мешад, махкул нест, аробакаши кунанд, шофири хунари хар кас нест

Зарур аст,

ки мақомот бори дигар имконоти камераҳо, ҷаримаҳои дар асоси онҳо мебастагӣ ва ғайраро як бори дигар тавассути ВОА фаҳмонда як бор як амнистия, авфи умумӣ эълон кунанд.

Дар акси ҳол...ҳадди аққал статистика ва ё омори камшудани камбизоатӣ дар РТ то буҷулаки пой поин меравад

ААА
Ахмад фикри маро гуфтааст аллакай. Шумо дар хати дуввум не, дар хатти сеюм меистеду одам мегиреду одам мефароред.

ali
Ман розиям бо чаримакунии Старексхо. Онхо беспределчихо хастанд. Хаёти мусофиронро доим дар хатар мегузоранд. Онхоро на танхо дар чое ки камерахо хастанд,, балки дар хама чо сахт назорат кардан даркор аст!!!

Далер
Ман хам аз ин чармахо рози. Як бор одам 2500 сомони супорад дигар умуман коидаро вайрон намекунад е ин ки тамоман мошинидоракуниро бас мекунад. Умедвораи ки БДА хамасола маблаги ба бюджет воридшударо эълон мекунад. Дар роххо бо диккат бошед! Дар амони Худо бошед!!!

Адл Душанбе
Кайхо вакташ расида буд, ки пеши рохи коидавайронкунии ронандагон, махсусан ронандагони наклиетхои мусофиркашони гирифта шавад. Онхо дагалона коидахоро вайрон намуда, дар кучое мехостанд, наклиетро нигох модоштанд. Камера - ин корманди БДА нест, ки шиносбози карда, аз чавобгари халос шави. Акнун коидаро вайрон карди, мархамат пули чаримаро супор. Ман хам ронанда хастам ва ин тартиб ба ман хело маькул аст. Бовари хаст, ки кори Маркази назорати тахти назорати чиддии Вазир карор дода мешавад ва дар шахр харакати наклиет ба низом медарояд.

а
Бисер кори хуб карданд. Ин ронандахои маршруткахоро бо хамин рох ба тартиб наоранд дигар хел намешавад. Мисли хайвон мошин меронанд. Хар локу пустак ронандаи маршрутка шудааст.

Аз ин ҷаримабандиҳо хеле хушҳолам. Ин миллате, ки на аз Худо метарсаду на аз банда, на қонунро эътироф мекунаду на қоидаро меписандад, ҶАЗОЯШ ҳамин аст. ИНҲОРО ТАНҲО АЗ ТАРИҚИ ҶАРИМА БА ҶАҲОРЧӮБАИ ҚОНУН ДАРОВАРДАН ДАРКОР! Бовар кунед, ҳамин ҳозир ҳам, бисёр вақт пиёдагард дар ҷароғи сабз убур кардан метарсад. Мошинҳо ба рӯят медаванд. Маҳз болои хати пиёдагард (зебра) меистанд, дар ҳоле ки ду метр қафо хати сафед аст ва бояд паси он истанд. Он ронандаҳо ё бесаводанд, ё густоханд (наглый), ё ҳарду. Пиёдагардро умуман эҳтиром наимекунанд.
Паси осорхонаро (музейро) ҳама барои худ истгоҳ кардаанд. Автобуси 8 ҳам онҷо меистад, троллейбусҳо ҳам истода, одам мегиранд, мошинҳои сабукрав ҳам. Умуман дар роҳҳо ва нақлиёти мусофирбари Душанбе ва дар маҷмӯъ, Тоҷикистон, саг соҳибашро намеёбад. Як вазъияти шармандагӣ аст. На ҳисобу китоб, на билетдиҳӣ. Маршруткаҳо дар курсиҳои сенафара чор нафар мегиранд. Боз чанд нафари дигар рост меистад. Агар тасодум (авария) шавад, ду баробар зиёд одам зарар мебинад. Инро касе фикр намекунад. Даҳшат!

Тарафдори онам, ки маблаги чаримаро аз ин хам зиёдтар боло бардоранд. Ман низ дар шахр бо мошини шахси мегардам ва нисбат ба ронандахои наклиёти мусофиркаш (старексхо) нафрати зиёд дорам. Чунки, аксари онхо умуман аклу тамизи одами надоранд ва онхоро на танхо чарима намудан лозим, балки аз хукуки ронандаги махрум намудан лозим.
Аблахон агар аз касе ва ё чизе натарсанд, рафтори аблахонаи худро бас намекунанд.

Мунамбо
Хо старексхоро хуб мекнан лекин хамихо набошан пас ика мардум муаллимон, донишчуйен ва гайрахоро ки мошини шахси надоран ки ба маконашон мерасонад фикри як амнистия ва ба таври чидди тавассути ВАО ташвику таргиботи ин система зарур аст!!!!!

мусофир
Илтимос тезтар дар тарафхои мо хам чунин Камерахо гузошта шавад. ( Политехникум то Гаи ) Чаноби вазир Рахимов агар хуб мешуд аз кафои кормандони БДА низ назорат мебурдед ё камера мемондед чи хел пул мегиранд бе ягон сабаб. Хозир Гаишникхо чойхои бе камераро кофта меистанд. Илтимос назорат баред чаноб.

Занкалон
Ман хам 2000сомони чарима супоридам занак мошина гирифт ай дастам

БАРОДАРОН ИН ДАВЛАТ ЧАНДИН МИЛЛИОН ДОЛАР САРФ КАРДААСТ ВА ИН ТАЧХИЗОТИ НАВОРГИРИРО ХАРИДА НАСБ КАРДААСТ... ВА МИЛЛИОНХО МАРОТИБА ХОХЕМ НАХОХЕМ ИН МАБЛАГРО АЗ МО КАШИДА МЕГИРАД ХОХ ТУ КОИДАИ РОХРО ВАЙРОН КАРДАИ Ё НАКАРДАИ_____________
ПАС САВОЛ:
ЧИ БОЯД КАРД???
БАРОИ ЧИ ВА ДАР КАДОМ АСОС МО АЗ ДАВЛАТИ РУСИЯ МЕНОЛЕМ, КИ ДАР ЯК СОЛ ЧАНДИН ГРОПИ ШАХРВАНДОНИ МОРО БА ВАТАНАМОН РАВОНА МЕСОЗАД ДАР ХОЛАТЕ, КИ ДАР ВАТАНИ ХУДАМОН МИСЛИ БЕГОНАЕМ
ИН ЧАРИМАЕ КИ БАР МО МЕБАНДАНД ХОХ ДАР ВАЙРОН КУНИИ КОИДАХОИ РОХ ХОХ ДАР ТАНЗИМ Ё ДАР ДИГАРАШ БОВАР КУНЕД ДАР ЯГОН ДАВЛАТИ ДУНЁ НЕСТ ДАР ХОЛЕ КИ МУЗДИ МИЁНАИ МАОШ ДАР ВАТАНАМОН ДУ ХАЛТА ОРД МЕШАВАД Ё НЕ....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)