Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:36

Баҳси сеҳру ҷоду дар намози ҷумъа дар масҷиди Имом Тирмизӣ

29 ноябр 2013, 16:30

Муовини сархатиби Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози ҷумъаи 29 ноябр аз сокинони кишвар даъват кард, ба гуфтаи фолбину ҷодугарон гӯш надиҳанду аз муроҷиат ба ин тоифа худдорӣ кунанд.

Домулло Сайид Акбар, муовини сархатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, аз нигоҳи Ислом ба назди соҳирон рафтан комилан мамнуъ буда, ҳар кас даст ба сеҳру ҷоду мезанад, аз дин хориҷ хоҳад шуд. Ин рӯҳонии тоҷик бо зикри ин нукта, ки воқеан сеҳр вуҷуд дораду ба инсон муассир аст, гуфт, аз ин тоифа ҳеч гоҳ ба инсон некӣ ва хубӣ нахоҳад расид: “Соҳиру ҷодугар зараррасонтарин қишр маҳсуб мешаванд, имрӯзҳо ҳамагон мебинанд, ки чӣ қадар оилаҳо аз пушти сухану амалҳои эшон пош мехӯрад.”

Муовини сархатиби Масҷиди марказии пойтахт аз он ибрози таассуф кард, ки ҳоло соҳирону ҷодугарон, ҳатто бо ояте аз Қуръон ошноӣ надоранду як ҳадиси паёмбар (с)-ро намедонанд, иддао мекунанд, ки мо нафарони бефарзандро соҳиби фарзанд мекунем: “Мо бояд ҳама чизро аз Худованд хоҳем, чун қодиру тавонои ҳамакор ӯст.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран Асадулло Иброҳимов, сокини маҳаллаи Лучоби пойтахт, маъруф бо номи “муллои ҷодугар”, боздошт ва ба 7 сол зиндон маҳкум гардид. Иброҳимов дар зӯроварии хусусияти шаҳвонидошта ва фиреби духтарон, ки гӯиё тавассути дуохонӣ соҳиби фарзанду шавҳар мегарданд, муҷрим дониста шудааст. Аммо оқои Иброҳимов дар баррасии шикояти кассатсионияш дар оғози ҳафтаи ҷорӣ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе аз навиштаи расонаҳо изҳори норозигӣ кард ва гуфт, ӯ ҷодугар нест, вагарна чаро аз роҳи сеҳру ҷоду наметавонад худро аз кунҷи зиндон берун биорад.


Дар акс: Домулло Сайид Акбар (нафари аввал аз тарафи рост)

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Азамат

  • 29 ноябр 2013 16:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар масчиди Сари осиё хам мавзуъ хамин буд)) Аз руи як варак нахонда бошанд?)))
Посух додан
  • Умар

  • 29 ноябр 2013 16:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман имруз намози чуъаро дар шахраки Нефтободи нохияи Исфара хондам,дар мавъиза мавзуи чодугархо буд
Посух додан
  • фира

  • 29 ноябр 2013 17:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар масчиди жилмастихам хамин мавзу буд ,ки хатиб аз руйи варак хонд,дигар амри маъруфрохам хаминхел карданд,ки шахс ба шавк намехохад гуш кунад .Кучои Хочи Мирзо,Домулло Абдурахим ки амри маъруф куни ин хатибо хамаша хукумат лачом задаги чизе хохан хамуна ба гуши мардум мерасонан .вой бар холтон
Посух додан
  • Shuhrat

  • 29 ноябр 2013 22:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар масчиди Хазрати Шох-и шахри Истаравшан низ хамин мавзуро аз руи варак хонданд.
Посух додан
  • Шавкат

  • 30 ноябр 2013 13:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар масчиди чомеи "Шахидон" - и нохияи Ашт низ мавзуъ сехру чоду буд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро дар бораи ин мавзуъхо кам сухбат мекунанд? Чаро ба мардум дар амри маъруфхояшон дар боби сехр сухан намегуянд, ки сехр аз кучо сарчашма гирифта шудааст? Лекин ин имом хатибхои мо дар муовизхояшон танхо ва танхо дар бораи ЗАКОТ ва САДАКА сухбат меороянду тамом о дигар мавзуъ нест? не мавзухо хаст амо дар фикри инхо факат пулу закоту садака бошаду бас устод С.Айни дар Ёддоштхояш бехуда нанавиштаастку..... Имомхатибхои мухтарам илтимос мардумро ба гумрохият набаред ба се чиз амал кунед Дунё бихишт мегардад 1.Куръон 2.Хадис 3. Суннати пайёмбари Худоро.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О ин мавизахоро кумитаи дин таёр мекараст мегуянд . Аз кумитаи дин як илтимос дар бораи аз хар як хочи 3000 долари не акалан 1000 долари гирифтанро дар як мавъизаи рузи чумъа нашр мекаретон хуб мешуд. Зеро мо хамин сол 3 нафар аз хучанд илтимос карем бачахои миёндаро хадди акаллаша кумитаи дин 3000 доллар мепурсад гуфтанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!