Бахшҳо
29 ноя 2013 18:23Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Намояндаи вазорат: “Ҳамза бо хоҳишаш худро ба дор овехтааст”

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 29 ноябр ба баррасии даъвои волидони Ҳамза Икромзода барои рӯёндани 10 миллион доллар ҷуброни зарари маънавӣ аз Вазорати адлияи Тоҷикистон идома дод. Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони ноҳияи Ҳисор, тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз фавтид ва наздиконаш иддао доранд, ки маъмурони маҳбас ӯро куштаанд.

Аммо Саидакбар Сафаров, намояндаи Вазорати адлия, ки назорати зиндонҳо дар ихтиёри ин ниҳод аст, дар баҳси додгоҳии рӯзи 29 ноябр рӯёндани даҳ миллион доллар зарари маънавиро беҳуда хонд. Сафаров гуфт, ин даъво асос надорад, чун, ба қавли ӯ, Ҳамза Икромзодаро дар зиндони рақами яки Душанбе касе накушта, балки ӯ худашро дор кашидааст. Ин намояндаи Вазорати адлия афзуд, “ин даъворо эътироф намекунам. Агарчӣ он вақт дар вазорат кор намекардам, ҳоло тариқи рӯзномаҳо тамоми чизро дар бораи марги Ҳамза Икромзода фаҳмидам. Онҳо даъво доранд, ки гӯиё писарашонро кушта бошанду барои ин зарари маънавӣ пардохта шавад. Дар кадом ҳолат аризаи даъвогӣ руёнда мешавад? Ҳамон вақте ки вай кушта мешуд. Ҳамза худашро бо хоҳиши худаш ба дор овехтааст.”

Саидакбар Сафаров дар идома хонаводаи Ҳамза Икромзода ва хабарнигоронро барои тобиши сиёсӣ додан ба ин қазия муттаҳам намуд. Ӯ гуфт, “Шумо бо журналистон суханҳои дурӯғ мегӯед. Вобаста ба нишондоди шоҳидон рафта ба додгоҳ (суд) муроҷиат кунед, ман ба суолҳоятон ҷавоб намедиҳам.”

Ин дар ҳолест, ки волидони Ҳамза Икромзода як шоҳиди навро дар қазияи марги фарзандашон ба додгоҳ оварда буданд. Аз ин нафар, ки Зокиров ном бурда шуд, гуфт, 13 солу 7 моҳ дар зиндон буда, аз шароити ШИЗО (ҷои ҷаримавии зиндон) хабар дорад, ки он ҷо Ҳамза Икромзода ҷон бохтааст. Ӯ дар додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт гуфт, “дохили ШИЗО ягон ҷои овехтан надорад. Ҳангоме ки ба ШИЗО медароранд, бандҳои пойафзол ва ҷӯробҳоятро мекашанд ва агар худатро ба дор овехтанӣ ҳам бошӣ, имкони овехтан нест.”

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи хонаводаи Ҳамза Икромзода, аз бархӯрди намояндаи Вазорати адлия изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, Саидакбар Сафаров бо парванда ошно нест ва асли қазияро ҳам намедонад: “Ҳатто намедонад, муассисаи ислоҳӣ дар куҷост ва ягон бор вориди он нашудааст. Вай ҷониби даъвогаронро таҳқир карда гуфт, Шуморо барвақт Худо задааст. Ҳатто суханони Эмомалӣ Раҳмонро инкор кард. Мо мегӯем, ҷаноб моҳи ноябри соли 2012 дар вохӯрӣ бо кормандони Вазорати умури дохилӣ гуфт, шиканҷаро бас кунед ва обрӯи давлатро нарезонед. Ӯ мегӯяд, ҷаноб ин хел нагуфтааст.”

Бо ин ҳама, додгоҳ дар баҳси волидони Ҳамза Икромзода ва Вазорати адлия хулосаи худро эълон надошта ва раисикунандаи парванда гуфт, баҳс рӯзи душанбеи 2 декабр идома хоҳад кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Дапер
Суол ба Музаффар Ашуров! Агар худат дар чои хамон Хамза мешуди магар бо хохиши худат, худатро ба дор меовехти?

Дар шизо худро ба дор овехтан гайри имкон аст. Хай бигузор худашро дор кашид лекин сузонданро хам худаш кард?...

я

Марг барои ту барин инсон! мебахшеду шумо дар шизо хайвон мепарваред ки худо рахмати аз бандхои он истифода бурдааст е ин ки аз дасти ягон масул дасрас кардааст.илтимос "ягон дуруг гуед ки замини бошад"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)