Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:33

Зодрӯзи Кароматулло бе консерти Нозияву Муҳаммадрафӣ

29 ноябр 2013, 19:15

Хонавода ва дӯстону наздикони шодравон Кароматуллоҳи Қурбон, овозхони тоҷик, мегӯянд, дар ҳеч вазъу шароите ӯро аз ёд нахоҳанд бурд. Ба қавли онҳо, агар Кароматулло қурбони ҷанги дохилӣ намешуд, имрӯз -- 29 ноябр ба синни 52 мерасид.

Муҳаммадрафӣ, писари шодравон Кароматуллоҳи Қурбон, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ӯву Нозия ҳар сол дар рӯзи мавлуди падарашон консерт баргузор мекарданд, аммо ба қавли ӯ, имсол фурсат даст надодааст. “Имрӯзҳо ба мо аз дуру наздик занг мезананду мепурсанд, чаро имсол консерт нашуд. Бале, фурсат даст надод. Аммо ҳатман соли оянда онро бо баргузории як консерти бузург ҷуброн хоҳем кард”,-афзуд ӯ.

Кароматуллоҳи Қурбон, яке аз овозхонҳои маъруфи тоҷик, 29 ноябри соли 1961 ба дунё омада, дар мохи октябри соли 1992 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон кушта шудааст. Вай он замон дар дастаи маъруфи “Гулшан” фаъолият дошт. Мақомот дар рӯзи марги Кароматуллоҳи Қурбон рӯзи мотам эълон карда буданд.

Муҳаммадрафӣ ва Нозияи Кароматулло, фарзандони ӯ, ҳоло ба ҳайси овозхон фаъолият доранд ва ҳар кадоме аз маҳбубияти вижаи тамошогар бархӯрдоранд. Нозияи Кароматулло дар ҳоли ҳозир яке аз овозхонҳои пешсафи эстрадаи тоҷик аст, ки соли 2010 Консерваторияи шаҳри Деҳлии Ҳиндустонро хатм намудааст.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Азизмурод

  • 29 ноябр 2013 22:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рухаш шод бошад сад афсус,ки чунин чавонмардон аз дасти кадом як нохалафхо,разилон,номардон ин дунеи фониро падруд гуфтаанд.
Посух додан
  • х

  • 29 ноябр 2013 23:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нозия ва Мухаммадрофеъ агар падарат илочи гапзадан медошт ба чои консерти калон як дуо аз ягон камбагал дар хакаш металабид.
Посух додан
  • tojik

  • 30 ноябр 2013 02:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xudo rahmatash kunad.karomatullo 29.11.1961 dar dangara tavalud shudaast.
Посух додан
  • МБР

  • 30 ноябр 2013 09:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар боғ гулҳо бисёранд вале, фақат гули зеботаринро мечини. Дунёҳам мисли ҳамон боғ аст, ва дунёдор ҳам гули зеборо мечинад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!