Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:09

Курсии Ҳамроҳхон Зарифӣ насиби Сироҷиддин Аслов шуд

29 ноябр 2013, 20:35

Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки аз соли 2006 дар курсии вазири умури хориҷии Тоҷикистон такя зада буд, рӯзи 29 ноябр аз мақомаш барканор ва Сироҷиддин Аслов ба ҷои ӯ таъин гардид. Оқои Аслов то ин дам намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал ва сафири фавқулода ва мухтори кишвар дар Куба буд.

Сироҷиддин Аслови 49-сола зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон буда, фаъолияти кориашро соли 1986 аз маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон оғоз намудааст. Вай дар солҳои 1996-2004 намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба мушкили ҳавзаи баҳри Арал, намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал буд. Як муддат, аз соли 2004 то 2005, ба ҳайси муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки аз мақоми вазири умури хориҷӣ барканор гардид, ҳоло мансабе надорад. Вай ба курсии вазири умури хориҷӣ аз сафирии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида омада, бештар бо номи “одами Амрико” маъруф буд. Зарифии 65-сола ҳангоми ба Чин додани як қитъа замини баҳсӣ мавриди интиқоди шадиди расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифта, иддае ҳатто истеъфои ӯро хоста буданд. Вай зодаи ноҳияи Восеъ аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз ин ҷо баҷо кардани афрод суде нест! Пеш аз ҳама раиси ҷумҳур бояд маҳалгароиро,ки амалан расмӣ шудааст, решакан бикунад.Вале эшон боз ба ҷои ин ҳатман касонеро пайдо мекунад,ки ҳаммаҳалаҳои худаш бошанд.Имрӯз тамоми постҳои калидӣ дар дасти зодагони як водӣ ва ё як маҳал ҳастанд,ки мутаассифона ағлаб ҳамакораҳои ҳечкора ҳастанд ва камсавод буда обрӯи кишварро мебаранд.Бисёре аз миасъулин дар сатҳи як чупон дониш ва биниш надоранд.Ҳоло он чӣ ман мегӯям ,худо накарда дар ҳаққи ин бародар,яъне Сироҷиддин Аслов ,напиндоред.Зеро ман эшонро намешиносам,шояд бо кору рафтораш коре бикунад,ки мояи ифтихорамон низ бошад! Ҳарфҳои ман дар маҷмӯъ марбут ба усули интисоби кодрҳо мебошад.Бо ин ҳол ҳаргиз пешрафт нахоҳем кард! Шумо бо диққат ба чеҳраҳои ин кодрҳо нигоҳ бикунед,то шояд нишонаҳое аз хирадро низ пайдо кунед! Э кош мо рӯзе бирасем ба ҷое ки афродро ба холтири тавоноиҳои ақлонӣашон интисоб бикунанд,.Ҳарчанд,бо ин ҳол баъид аст,беҳуда нест,ки дар тӯли таърих мардум дар интизори шоҳи Одил будаанд.Агар роҳбар ОДИЛ буд,бетардид ҳама масоилу мушкилиҳо бартараф мешуд!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
э муборак шава даи ШАХМАТБОЖИ ФАКАТ БАЧАХАКОИ КУЛОБИ БОЖИ ДОРАН. Хай иям я даврай неки кор кнан хубай ободи кнан башарте.
Посух додан
  • точик

  • 30 ноябр 2013 00:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеч миллате ба ин осони замин надодааст. Зарифи бошад "шартномаи Маргилон"-и Чину Русияи подшохиро аз соли1884 дастак кард. Гуе,ки мо меросхури Русияи подшохи бошем. Конуни асосиро зери по карданд, ки якпорчагиву дахлнопазирии марзу бумро кафолат дода. Шармандахо!
Посух додан
  • sardor

  • 30 ноябр 2013 08:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ягон мантик аст е не.? ин Аслов обухавосанч бошад ба дипломатия чи дахл дорад? муносиботи байналмилали ин обухавосанчи нест
Посух додан
  • 784

  • 30 ноябр 2013 09:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Обу хаво санчи карда мегардемда!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
точик,
Магар Ҳамрохон Зарифӣ бо ихтиёри худ ягон кор карда метавонист? Фурӯхтани 1% замини Тоҷикистон бо айб ва гуноҳи ҳукумат сурат гирифтааст. Аз Хитой чунон кредити (қарзи) зиёд гирифтаанд, ки зери фишори он давлати абарқудрат қарор гирифтанд. Дар натиҷа маҷбур шуданд, он заминро ба Хитой бидиҳанд. Таърихро шуста намешавад. Пас аз аз ҷанги дуввуми ҷаҳон 75 сол гузашт. Вале ҷаҳониён ҳамоно рӯзи 8-9май рӯзи ғалаба бар фашизми Олмонро (Германияро) ҷашн мегиранд. Аз ин ҳамасола немисҳои насли имрӯза хиҷолат мекашанд. Бале, он қазияи заминфурӯшӣ низ айнан ҳамин хислатро пайдо хоҳад кард. Наслҳои ояндаи тоҷикон ҳамеша ба ёд меоранд.
Посух додан
  • точик

  • 30 ноябр 2013 12:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале,Юсуф , Зарифи метавонист бо нишони этироз ба истеъфо равад.Ба чои ин вай ин амалро "дастоварди бузурги сиесати хоричи" хонд.
Посух додан
  • Рохбар

  • 30 ноябр 2013 16:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон ман рузе эътироз карда будам, ки ба шаъни ту намезебад хисси махалгароии худро ошокор куни. Зодгохи номзадхоро кайд накун ва ин бахсхои беасосро ба миён наовар. Як бор хисоб карда нашр кунед, ки чанд нафар аз кадом минтака вазифа гирифтанд ва чанд нафар аз дигар минтака. Фикр мекунам аз хама минтакахо баробар ба мансаб расиданд. Махалгарои куни агар, обруятро аз даст медихи.
Чоп кун.
Посух додан
  • точик

  • 1 декабр 2013 20:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон, хохиш забони фахмои форсиро истифода кунед. Бигузор калимаи "умури хоричи"-ро эронихо гуфтан гиранд. Ба мо фахмотар калимаи "корхои хоричи" аст. Як замон, худи эронихо сари ин калима бахс доштанд, ки точикон истифодаи дурусти онро мекунанд. Холо бошад мо эронихоро таклид дорем.

Порсиро аз байн набаред...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хой бародарон Шумо чикор кардаистодаед?! Наход одамеро, ки фаъолияти корифш дар сохаи об, бахри Арал начоти Арал, дигару- дигар гузаштааст, вазири корхои хоричи монед!!! Магар дар Точикистон ягон шахсе ёфт нашуд, ки маълумоти дипломати дошта бошад. Охир кадрхои факултаихои дипломатияи донишгохои кишварро гург хурдааст!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!