Бахшҳо
30 ноя 2013 09:45Тоҷикистон / Сиёсат

Бозҷӯии манзили як сокини Хоруғ бо тирпаронӣ анҷом шудааст (АКС)

Талоши кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон барои боздошти сокини шаҳри Хоруғ бо оташкушоӣ анҷом ёфтааст.

Бар асоси иттилои як манбаи муътамад аз Хоруғ, рӯзи 29 ноябр чанд тан аз кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ба хонаи яке аз сокинони маҳаллӣ дар минтақаи ба ном “мясокомбинат-хлебзавод” ҳозир шуда, гуфтаанд, вазифадор ҳастанд, ин манзилро мавриди бозҷӯӣ қарор диҳанд. Манбаъ мегӯяд, соҳиби манзил аз кормандони амнияти миллӣ санаде, ки дар асоси он бояд хонаи ӯро бозҷӯӣ кунанд, талаб кардааст. Вале масъулини ин ниҳод ба хотири надоштани он, аз ироаи санад худдорӣ намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, соҳибхона ба кормандони амният гуфтааст, то нозири минтақавӣ ҳозир нашавад, ба эшон иҷозаи вуруд нахоҳад дод. Аммо, ба қавли манбаъ, баъд аз рафтани соҳиби манзил барои даъвати нозири минтақавӣ кормандони амнияти миллӣ ба манзили ин сокини Хоруғ ворид шуда, ҳангоми ҷустуҷӯ гӯиё аз ин хона 40 грам маводи мухаддир пайдо ва бародари ӯро боздошт кардаанд.

Баъд аз интиқоли бародари соҳибхона ба шуъбаи Кумитаи амнияти миллӣ дар Хоруғ, чанд нафар аз сокинони маҳаллӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, иддао кардаанд, ки ин иқдоми кормандони амният ғайриқонунӣ аст, чун ба андешаи онҳо пайдо шудани маводи мухаддир аз ин хона сохтакорӣ мебошад. Ҳангоми вуруди сокинон барои гуфтушунид ва муайян кардани асли ҳодиса ба ин хона, ки кормандони амният ҳанӯз онҷо ҳузур доштаанд, садои тир баромадааст. Ба гуфтаи бархеҳо кормандони амният ба осмон тир кушодаанд, дар ҳоле ки овозаҳо дар бораи ҷароҳат бардоштани як сокини осоишта низ вуҷуд дорад.

Инчунин гуфта мешавад, ду нафар аз сокини маҳаллӣ низ аз сӯи кормандони амният, ки танҳо барои муайяннамоии ҳодиса ба манзили маводи мухаддирёфтшуда ворид шудаанд, боздошт гардидаанд.

Ба макони ҳодиса бо даъвати сокинон, Тоҷиддин Назришоев, сардори сарраёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон ҳозир шудааст. Ба қавли шоҳидони ҳодиса, баъд аз ҳузури Назришоев, кормандони амнияти миллӣ тамоми боздоштшудагонро раҳо ва макони ҳодисаро тарк кардаанд.


Бозҷӯии манзили як сокини Хоруғ бо тирпаронӣ анҷом шудааст (АКС)

Бозҷӯии манзили як сокини Хоруғ бо тирпаронӣ анҷом шудааст (АКС)

Бозҷӯии манзили як сокини Хоруғ бо тирпаронӣ анҷом шудааст (АКС)
Мӯҳр
я
противи кормандони давлати тема кадан вообще мумкин нест ира хама медона бояд коме ки дахолат кадагиян печонда пкчонда зада звда бурда махкам кадан даркор,,, и чи гапай и хоруг гарда намета ЧАНОБИ ОЛИ як бори дига бдрор аму армияра бфахман давлат кияй чихел бояд рафтор кад!!!!

б
Бо махалгарои Сар шуд .Ягон беспридели нашудаст мардак хакка талаб кардаст.Ин кормандони кумитаи амният гзарондиян хдш он аз руйи конун кор намекнан бо халки бечорая винават мекнан.Чаноби а гапота фикр када гап зан ки дарди Сари хдт нашавад.

Дод, ки мардуми бегунохро ба муддатхои тулони зиндони карданд. Худо занад золимонро.

Sh.
In bespridel ki dar digar joyhoi Tojikiston az tarafi in KGB-shnikho guzaronda meshavad dar khorugh namechalad. Mardum pravayasha medonad va hej namemonad i korhoro ira bifahmed.

Шота
Эй мардум, шумо ях хел гапхоро навишта ба фикрам худатон хам фикр намекунед, ки чи гуфта истодаед?!
О охир хамон конуни ЧТ пас барои чи даркор аст агар КГБ вайро ично накунад, писари Хукумув ичро накунад, писари Эркин Рахматуллоев ичро накунад, писари ким-кадом мансабдори дигар ичро накунад.
Писари Хукум дар дасташ макарод дорад, ин КГБи мо хап! 3 каса кушт, охиран чарима супорид.
Дар Хоруг мардум хукуки худро медонад, ва намемонанд ки кормандони амният харчи хоханд бикунанд. Ин аст айби бадахшонихо! Акалан дар як нохия ин барзаговхо наметавонанд мардумро тарсонанд.

Чаноби "Я" холо хам аз мурдани мардуми чавон сер нашудан ика армияро даъват кардестай. Ин кадар садот баланд бошад худат рав он чо баъд мефахи дасти тавонони халки одди чи хел. ва фаромуш накун чаноби Я - "буква я последнее в алфавите так что ни ячите много"

наим
"противи кормандони давлати тема кадан вообще мумкин нест ира хама медона бояд коме ..." хайфи миллат ки хазорон ту барин бесаводони бехирад дорад. хатман дар рагхоятон хуни мугули чорист.вагарна ориёзода ба буи хун хуш намешавад. оддитарин корро бе хунрези халлу фасл карда наметавонед.
акли солим гувох аст ки дар чомеаи демократи ва умуман инсони хеч кас на амният на чаноби оддиву на миёнаву на болои хак надорад бидуни амри прокурор хонаи шахрвандро тафтиш кунад. ва бидуни карори додгох касеро мучрим шуморад. бо армия тарсондани мардум аблахи аст. бузургтарин АРМИЯ халк аст. бовар наукуни аз Каддофи пурс..дар точикистони имруз ба касе эътимод нест ки милиса ё корманди амният дар хонаат маводи мухаддир ё туфанг напартоянд...ЗЕРО ВИЧДОН ВА ИМОН тухми анко аст дар инчо....

халкдусту механдуст
дар баъзе холатхо хам амният гунахкор асту хам кадоме як аблах ки ном нанги мардуми оддиро паст мезанад

я,
Бародар мо хама тарафдори конун хастем, веле конун ки аз тарафи худи намояддагонаш вайрон шуд ин конун нест. Акнун ФИКР кунен. КАДОМ НАМОЯНДАИ КОНУН СУД Ё ПРОКУРОР ПОРА НАМЕГИРАД? КАДОМ КОРМАНДИ АМНИЯТ Ё АЗ ХАМА СОДИТАРИН---КАДОМ (ГАИ) НОЗИРИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛИ ПОРА НАМЕГИРАД??? ЧИ ДАР ДУШАНБЕ ЧИ ДИГАР ДИГАР ЧОЙХО.. АГАР ШУМО ГУЕД, КИ ГАИ ПОРА НАМЕГИРАД Ё ШУМО КУР ХАСТЕД Ё ТАМОМАН АЗ ИН ЗИНДАГИ ДУР.
БАРОИ ХАМИН ХЕЛ НАМОЯНДАГОН ДАР ХОРУГ ХАМ ХАМИН ХЕЛ КОРХО МЕШАВАНД.
ВА БА ЧОНОБИ ОЛИЯТОН МАН ГУФТАНИЯМ БО АРМИЯЯШ, ИН КОРИ ХАТТОТАРИН БУД, КИ ВАЙ ДАР ТАМОМИ ФАЪОЛИЯТАШ КАРД. КАРИБ 100 НАФАР МОДАРОН БЕ ФРЗАНД ШУДАНД, ВА ТО ХОЛО НИРЁНУ НОЛОН-БАРОИ 1-2 НАФАР ЧИНОЯТКОР. ЯК ФИКР КУНЕД БАРОДАР АГАР ШУМО ХАКИКАТАТ ТАРАФДОРИ КОНУН БОШЕД. ВА АГАР ШУМО МОДАР ДОШТА БОШЕД!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)