Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:39

Синни миёнаи аъзои ҳукумати Тоҷикистон аз 56,7 ба 52 поин омадааст

30 ноябр 2013, 10:04

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи аввалини ҳукумати нав аз раёсат ва аъзои он хостааст, барои амалӣ кардани ормони сокинони кишвар ҷаҳду талош намоянд. Ин ҷаласа субҳи 30 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Оқои Раҳмон “боварию эътимоди мардум”-ро “дастоварди фаъолияти сиёсии давлату ҳукумат” номида, иброз доштааст, “ҳар яки моро зарур аст, тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар созем.” Вай дар бораи ҳадафҳои аслии ҳукумат дар солҳои наздик сухан ронда, аз ҷумла таъкид доштааст: “Тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, пеш аз ҳама, бо роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва инкишофи босуръати соҳаҳои бунёдӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ мебошад”.

Ба қавли оқои Раҳмон, барои иҷрои ин ҳадафҳо зарур аст, кор доир ба таҳияи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 оғоз ёбад. Дар ин ҷаласа ба ҳукумат ва сохтору мақомоти дахлдори он супориш дода шудааст, “барои навсозии инфрасохтори шаҳраку деҳот дар муҳлатҳои наздиктарин барномаи “Рушди деҳот”-ро таҳия ва пешниҳод намоянд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини ҳукумати нави Тоҷикистон аз савганди худ ёдоварӣ намуда, гуфтааст, “фаромӯш насозед, ки савганди президенти кишвар – савганди аъзои ҳукумат, ҳар як роҳбар ва шахси масъул ва дар маҷмӯъ тамоми хизматчиёни давлатӣ, раҳнамои доимии ҳар як шахси мансабдор аст ва мову шумо бояд ба ҳар як нуктаи он содиқу масъул бошем”.

Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 6 ноябри соли ҷорӣ пирӯз омада, барои бори чаҳорум ба курсии раёсати ҷумҳурӣ такя зад. Вай баъд аз адои савгандаш дар 16 ноябри соли ҷорӣ ба ташкили ҳукумати нави худ оғоз карда, бархе аз вазиронро аз мақомашон барканор ва бархеи дигарро аз ҷояшон ба ҷои дигар “кӯчонд”. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, 13 узви ҳукумат ё худ 60 дарсади он иваз карда шуд ва синни миёнаи онҳо 52 сол аст.

Дар ҳоле ки ба қавли манбаъ, синни миёнаи ҳайати ҳукумати қаблӣ 56,7 сол будааст. “Ҳамаи аъзои ҳукумати нави кишвар тахассуси олии касбӣ доранд. Аз онҳо 3 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати пешин танҳо 1 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм буд. Дар ҳайати нави ҳукумат 2 нафар зан мебошанд. Қаблан танҳо як нафар бону дар ҳукумати кишвар фаъолият дошт”,-омадааст дар торнамои раёсати ҷумҳури Тоҷикистон.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акнун хисоб кунед, ки чанд нафари аъзои Хукумат зодагони Дангара, хатмкунандагони Донишгохи Кишоварзи, ва собик агроному мелиораторанд.
Посух додан
  • Дилёб

  • 2 декабр 2013 11:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рафик Рахмон ин хамаро бояд кайхо мегуфти ва айни хол мардум онро бояд дар амал медид. Ту ба умри дурузаи миллат ва хаёти ширини эшон бози мекуни. Зиёда аз 20 соли умрамон бо умеди рузи бех ва ваъдахои бидуни вафои шумо гузашт. Шояд дар хафт соли оянда ваъдахоятон ба вафо мубадал гардад, аммо фаромушт накунед, ки он кудаке, 20 сол пеш ба дунё омада буд 27 сола мешвад. Чавони 27 сола 54 сола мешавад ва марди 54 соларо сабзахои гураш 7 сола мегардад.
Посух додан
  • Jainism

  • 3 декабр 2013 12:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Банда ба умед хамааш хуб мешад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Fakat Dangarichiho, pomeriho 1 kas, garmiho 1 kas, akalan 4-5 khujandihou digar xama kulobiho. Hozir mebinem, kujo gelida gelida raftestem. Zanho xamagi 2 kas, boyad bisertar mebudand. Маънон,

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!