Бахшҳо

Рустами Эмомалӣ, писари президент -- раиси Хадамоти гумрук

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 30 ноябр раҳбари Хадамоти гумруки кишвар таъин гардида, дар ин мақом Гурез Зариповро иваз кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, оқои Зарипов бознишаста шудааст. Рустами Эмомалӣ то кунун ба ҳайси муовини раиси Хадамоти гумрук фаъолият дошт ва ҳоло ин мақом бар ӯҳдаи Ашӯралӣ Мирзоев гузошта шуд.

Рустами Эмомалӣ, ки 26 сол дорад ва дар ҳоли ҳозир ҷавонтарин соҳибмансаби тоҷик дониста мешавад, тақрибан шаш соли охир дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Вай бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намудааст. Соли 2009 дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон ва соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Рустами Эмомалӣ яке аз муассисони клуби футболи "Истиқлол" аст.

Вай фарзанди дувуми президенти Тоҷикистон аст, ки мақоми расмӣ дорад. Озода Раҳмонова, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло муовини вазири умури хориҷист. Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, соҳиби 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар – мебошад.
Мӯҳр
Табрик! Муваффакият, барори кор. Аз номи чавонони кишвар.

Хахахахаххахахаахах, офарин

Чавонию аллакай косалесиро касб карди

Кулоби
Рустами Эмомалиро вазири энержи таъин мекарданд ,бехтар буд. Мардуми
точик бо барк таъмин мешуд. Ба Рустами Эмомали бурдборихо таманно мекунем.

Б
Ана ёбу гир Як кудака раис мондиян ана давлатдори

миллати беномус
худо рахмат кунад миллати точика. бовар намекардам шумораи 13 бади меорад, вале маълум мешавад ки 2013 бадбахтарин сол барои миллати точик мешавад.
ин чи давлати точики аст ки 90 дарсади вазирон узбаканд? ин чи масхара бози аст, ки кудаке рохбарии як ниходи калидиро бар душ мегирад? худоё ин миллати моро чи шуд...

бале хар миллате сазовори хамон рохбаре аст, ки лоикаш аст...

ъ
Баъди 2-3 сол чонишини якуми сарвазир,сипас таери ба интихобот.

Точик
Ба Рустам барору комёби мехохем!!! Вокеан арзанда хаст!!!

Б,
Шубҳаи ту ҳам асос дорад. Алберт Эйнштейн, бузургтарин олими соҳаи физикаи ҳаставӣ (ядерная физика), ки шаҳрванди Швейтсария буд, дар синни 27 солагӣ назарияи машҳури худро "Назарияи нисбият"ро кашф карда, дар фанни физика инқилоб карда буд. Вале тоҷикон немис нестанд. Ба ҷавонони мо китоб хон гӯйи, дарди шикамашон мегирад. Рустами Эмомалӣ аз ин истисно нест! Ӯ зинаи фаъолияти хешро аз футбол сар карда буд. Тавре мегӯянд: "БА ШАРҲ ҲОҶАТ НЕСТ!"

Хамсол
Хамсоли мо раиси гумруку мо аробакаш дар кучахои Маскав.
Агар аз Дангара мешудам шояд дипломи сурхам(!) ба кор меомад.

Фарида
Рустами Эмомали агар ду сол пеш ба ин мансаб таъин мешуд, дар низоми гумрук бо сабаби серу пур буданаш тартибот чори мекард. Холо хам дер нашудааст, Рустам бояд шафофиятро дар ин низом таъмин созад. Барори кор брат!

Мусафед Зарипов миёни кадрхоро шикаста буд. Рустам бояд ин сохаро аз руи хакикат ва бо дасту дили тоза рост карданаш даркор. Баъди мусафед кор кину лекин тачриба пайдо кардай бояд тавона.

Б бародар ин кадар чахонбини ва кореро ки Рустам дидааст, ХУДО ба хар кас намедихад. Мо дар орзуи як кадри дасти тоза ва серу пур хастем. Ана иншоолох дар хамин соха кор хуб мешавад. Так что пеш ай пода ачинабодак наку. ХУДО бугу ки барори корашон дихад. Бахили накун.

21
Lahzahoi guvorro davom dorad!!!

Шоди
Юсуф дар чавобнависи фаъоливу лекин кадом тараф буданат маълум нест. Ман хусни хати худата дар любой сомона мешиносум. Як бор мард шаву гуй ки худо хар каса ай нияташ тия. Рустам дар мухити тарбиявие калон шудаст, ки мода хозир ана хамин хел кадр даркор. Худо кувваташ дихад

Шеравган
Табрик Рустам. Корро тарзе ба рох мон, ки коромузи биёянд. Барори кор

рахгузар
Рустам кадри чавон аст, тачрибадор аст, чашмаш сер аст. Як бор нияти нек кунед дустон, иншоаллох у дар пешбурди кор ва ободии кишвар муваффак хохад шуд. Худованд бароят барору комёби ва неруи кавии адолатхохонаро насиб гардонад, Рустамчон, ОМИН!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)