Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:15

Гулнора Ҳасанова аз Амонатбонк ба омор "кӯчид"

30 ноябр 2013, 12:17

Рӯзи 30 ноябри соли ҷорӣ низ тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон идома ёфтааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, Бахтия Муҳаммадиева ба сабаби бознишаста шуданаш аз мақоми раиси Оҷонси омор барканор гардида, ҷои худро ба Гулнора Ҳасанова додааст.

Гулнора Ҳасанова то ин дам раёсати Бонки давлатии “Амонатбонк”-ро бар ӯҳда дошт ва ин мақомро ба Ҷамшед Норинов, ҳоло собиқ муовини раиси вилояти Суғд, супурдааст. Оқои Норинов дар гузашта муовини вазири молияи Тоҷикистон ҳам буд.

Мурод Ҷумъаев, ки сардории Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукуматро бар ӯҳда дошт, акнун дар мансаби сардори Саридораи геологияи тоҷик фаъолият мекунад. Ин ниҳодро қаблан Азим Иброҳим раҳбарӣ мекард, ки чанде пештар бо фармони раисиҷмуҳур муовини нахуствазири Тоҷикистон таъин гардид.


Дар акс: Гулнора Ҳасанова


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мушохида

  • 30 ноябр 2013 12:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муовинони вазири маориф муйян нашуд?
Посух додан
  • asadullo

  • 30 ноябр 2013 12:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xiyol kardan, ki mardum namefahmand, ki hukumat dar tjk az yak xonavoda ast?!
Посух додан
  • Некбин

  • 30 ноябр 2013 15:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукумати оилави Дангаразатсия
Посух додан
  • аааааааа

  • 30 ноябр 2013 17:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин Гулнора духтари Хасани Асадуллозода хусурбачаи президент бошад? ки медонад? ё ...........
Посух додан
  • molia

  • 1 декабр 2013 19:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Norinov Jamshed arzandai hamin vazifa hastam myborak boshad

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!