Бахшҳо

Роҳи раҳоӣ аз вартаи бало барои Тоҷикистон кадом аст?

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷик бар ин аст, ки Тоҷикистон танҳо дар сурати раҳоӣ аз вобастагии Русия ва наздикӣ бо Иттиҳодияи Аврупо, метавонад худро аз вартаи бало раҳо кунад.

Ин рӯзноманигори тоҷик рӯзи 30 ноябр дар саҳифаи Фейcбукаш навишт, мақомоти кишвар ҳоло пеш аз ҳама бояд дар фикри аз байн бурдани кӯчактарин вобастагии Тоҷикистон аз Русия бошанд ва дар ин бора вобастагӣ аз давлатҳои дигар низ истисно нест. Ба қавли Дориюши Раҷабиён, Тоҷикистон инчунин бояд дар фикри баргардонидани беш аз як миллион муҳоҷири худ ба Ватан аз Русия ва ҷорӣ намудани низоми раводид бо ин кишвар бошад: “Барқарории низоми раводид (виза) миёни Тоҷикистон ва Русия, бозгашти муҳоҷирони корӣ ва эҷоди фурсатҳои шуғлӣ (эҳдоси корхонаҳо) дар Тоҷикистон низ ҳатмист.”

Оқои Раҷабиён илова мекунад, қарордоди ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 мелодӣ ва мавзӯи тақдими хоки ватани тоҷикон ба Чинро дубора ба баррасӣ гирифта, лағв карда шаванд. Ӯ таъкид менамояд, дар сурати иҷро нашудани ин иқдом аз сӯи ҳукумати феълӣ, бояд онро ҳукуматҳои оянда иҷро кунанд: “Ҳар давлате, ки пас аз Раҳмон меояд, бояд лағви ин қарордодро дар садри дастури кори худ қарор диҳад, чун ҳаётист ва руҷӯъ ба санадҳо ва мадорики торихӣ барои исботи далели лағви санади фурӯхтани хоки Тоҷикистон ба Чин, агар қарор аст, касе замин бидиҳад, Ҷумҳурии Халқии Чин аст, ки расман порае аз хокаш "ноҳияи худмухтори тоҷикии Тошқурғон" ном дорад.”

Ин рӯзноманигори тоҷик бар ин андеша аст, Тоҷикистон дар сурате пешрафту рушд хоҳад кард, бо ҳамсоякишварҳои ҳамзабону дорои якфарҳангаш, аз ҷумла Афғонистону Эрон ва Узбакистон робитаи наздик ба роҳ монда, дар фикри таъсиси иттиҳодияи иқтисодии вежа бо ин давлатҳо бошад.
Мӯҳр
чавон
Огои Дориюши Рачабиён, ки солиёни дароз берун аз хоки Точикистон дар кишвархои пешрафтаи Гарби ба сар мебарад, бино бар ин шеваи бархурд ба ин казияро сахлу сода мепиндорад.

Хонанда
Ин муаллиф - бародари азизи мо андешахои сатхи ва дур аз вокеиятро барои чомеаи Точикистон пешниход кардааст.

Чаноби муаллиф мегуяд, ки танхо дар сурати дури аз Русия ва наздики бо Аврупо мо рахои хохем ёфт. Ин суханонро як шахрванди кишвархои Прибалтика ё акаллан Кафкози гуяд, мешавад бовар кард. Аммо Точикистон кучову Аврупо кучо. Точикистон ба Аврупо чи хамкориии иктисодие метавонад дошта бошад? Зардолуи хушк ав алюминий экспорт кунад? Ё мухочирони кори? Дар Аврупо бе мо хам зардолуву мухочиру алюминий пур аст. Аз Аврупо мо чи ворид карда метавонем барои мардуми кашшоки точик? Ба гайри мошинхои б/у? Зинда бод молхои арзони хитои.

Президент Раҳмон бояд Дориюшро аз Лондон хоста, Вазири умури хориҷӣ таъин менамуд. Дориюш ҳам забону дониш дораду ҳам ҷаҳонбинии васеъ. Модоме об аз сар гузаштааст, пешниҳод мекунам, ҳануз ҳам дер нест, ӯро ба зудӣ хоста, ҷонишини он вазорат бигузоранд. Ин ҷавонмарди миллатдӯст ва шоистааст!

Хонанда,
Аз Аврупо шумо тартиб, интизом, ростқавлӣ ва ростгӯйиро ёд мегиред. Муҳаббат ба илму донишро ёд мегиред. Демократияи воқеъиро ёд мегиред. Забони англисиро ёд мегиред!

Таҳлилгар
Дориюш пас аз оғози нооромиҳо Тоҷикистонро дар қатори аввалинҳо тарк карда буд. Ҳоло ҳам дар Лондон зиндагӣ мекунад, дар Душанбе танҳо гоҳ-гоҳ меҳмон мешавад.
Ҳама он чӣ гуфтааст, рӯякӣ ва пешниҳодҳояш низ подарҳавоянд.
Аввалан, ҷорӣ намудани раводид бо Руссия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад дод? Артиши якуним миллионаи бекорон. Ҷойҳои кориро бо суханони холӣ намешавад офарид, Тоҷикистон соҳае надорд, ки ин миқдор одамро ба кор фаро гирад.
Дувуман, ҳузури артиши Руссия ва "замини фурӯхташуда ба Чин" бошад, бахше аз бозиҳои геополитикии абарқудратҳост. Иштибоҳи кучаке дар ин мавзӯъҳо метавонад барои Тоҷикистон оқибатҳои фоҷеабори бештаре бошад. Мисоли возеҳ Гурҷистон аст, ки ба шарҳ ниёз надорад.
Чин бошад ҳоло танҳо бо Ҷопону Амрико "сӯҳбат" мекунад. Дар воқеъ Чин кайҳост дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо Амрикову Ҷопон даст ба гирон аст. Фардо, худое накарда, артиши Чин дар сарҳади Тоҷикистон пайдо гардад, ҳамин дориюшбаринҳо монанди солҳои 90ум аввалин шуда думро сих карда рӯ ба гурез хоҳанд овард.
Барои ҳамин дар урфият гуфтаанд, ки ҳар кас бояд аз паи кори худаш бошад.
Озодагон, илтимос чоп кунед.

ironi
rohe rahoyie hich mellati, nazdik shudan ba in keshvar va on ettehod nist, balke istodan ruye poye khud va bahre gereftan az niruye mellate khud ast.

а
Ягона рохи рахои ин аст, ки Точикистон бояд кисме аз ягон давлати абаркудрат бишавад. Вагарна як умр гадои карда мегардем.

Ба а
Яъне, на нохияи Тошкургонро ба мо, балки моро ба нохияи Тошкургон пайваст кунанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)