Бахшҳо

Нозия: “Хушбахтам, ки орзуи падарамро амалӣ кардам” (ВИДЕО)

Нозия, овозхони ҷавони тоҷик ва духтари шодравон Кароматуллои Қурбон, дар рӯзи мавлуди падараш бо “Озодагон” суҳбати кӯтоҳи видеоӣ анҷом дод. Ӯ гуфт, ҳарчанд 21 сол боз падараш миёни онҳо нест, аммо ҳар сол, 29 ноябр, ҷашни зодрӯзи падарашро таҷлил мекунанд ва хотираи ӯро гиромӣ медоранд.

НОЗИЯ: “Аз падарам хотираҳои зиёде дорам. Вақте аз кор бармегаштанд, давида ба оғӯшашон мерафтем ва дар ҳуҷраи кориашон якҷоя суруд мехондем. Он замон кӯдак будем ва падарам мегуфтанд, “духтарам хеле ба мусиқӣ шавқ дорад ва ҳатман скрипканавоз мекунаму ба Ҳинд мефиристам”. Хушбахтона, ин орзуи падарамро амалӣ гардонда тавонистам. Ифтихор мекунам, ки фарзанди чунин шахси бузург ҳастам ва кӯшиш мекунам мисли падарам барои Ватан ва мардумам хидмат намоям.”



Озодагон: Мегӯянд, ҳарчанд аз марги фоҷиабори Кароматуллои Қурбон 21 сол гузашта, вале наздиконаш ҷашни зодрӯзи ӯро таҷлил мекунанд...

НОЗИЯ: “Бале, ин рост аст. Мо ҳар сол зодрӯзи падарамро ҷашн мегирем. Субҳи барвақт манзили ӯро зиёрат мекунему дастаҳои гулро ба модари азизам месупорем. Рӯзи таваллуди Беназир, духтари Муҳаммадрафӣ ба рӯзи мавлуди падарам рост омадааст, ки баҳонае барои беҳтару хубтар ҷашн гирифтан ва ҷамъ омадан сари як дастархон аст.”

Озодагон: Ҳоло ба чӣ кор машғулед?

НОЗИЯ: “Айни ҳол пайи эҷоди сурудҳои тоза ҳастам ва клипҳои нав ба навор мегирам. Қарор аст, рӯзҳои наздик як консерт баргузор намоям. Нақшаҳо бисёранд ва муфассалтар дафъаи дигар бароятон хоҳам гуфт. Худо ҳофиз!”

Нозияи Кароматулло моҳи феврали соли 1988 ба дунё омада, ҳоло аз ҷумлаи овозхонҳои пешсафи эстрадаи тоҷик аст. Вай соли 2005 мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва соли 2010 Консерваторияи шаҳри Деҳлии Ҳиндустонро хатм намудааст. Ҳоло дар гурӯҳи “Ориё”-и Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукумати Тоҷикистон фаъоият дорад.
Мӯҳр
Дуст
Парвардигор рух,и Кароматуллои К,урбонро шод ва ч,ояш Ч,аннат бигардон!
Хох,ари азиз Нозия ман аз шумо эх,тиромона хохиш мекунам, ки аз ин рох,и санъат даст кашед! "мисли апаи Маликаи Саид" зеро мо мусулмону точ,икем. Ва рух,и рах,матии падаратро норох,ат накун! Худо х,идоятат кунад Нозиябону, омин!

Нозияи Кароматуллох ХУДО РАХМАТ кунад Падари ШАХИДАТРО. Ба Шумо авал ,Саломати ,ва Хушбахти орзу дорам. Овози ширин дори,Падари Шахид дори. Барои Мухлисонат,ва барои ман , писанд нест,ки Шумо Сатри авратро ба назар намегиред. Шумо фаромушт накунед,ки Парвардигор ба Шумо дод,Шумо хам бояд гардонед. Дуст,
Дуст,

Umеd
Аммо ман хушбахт нестам, чунки дар холи хозир мо дар шаб кувви барк надорем, бе свет нишастаем...

Дуст
Нозияи Кароматуллох ХУДО РАХМАТ кунад Падари ШАХИДАТОНРО. Ба Шумо авал ,Саломати ,ва Хушбахти орзу дорам. Ман ба шумо хаминро гуфтаниям,ки шумо аввал духтари ширинруяки хушовоз будед аммо имрузхо бошад худатонро намедонам ба ки монанд мекунед аммо ин стил ба шумо намезибад мо мехохем,ки Нозияи пешина ба сахна баргардад. Ин макияж, тарзи либос пушиятон ва рафторхои шумо ба шумо писанд намеояд. Агар ба шумо ягон навиштачотам сахт расид манро мебахшед амо ин гапхоро ман шумо гуфтосиям на ин,ки аз пуштатон хулосаи нагз мебароед гуфта умедворам мухлиси хамешагии шумо.

Ман фикр кардам дар хаки падарат ояти Курон хонди бо ин сурудхоят рухи падарата шод карда наметони баракс.....

сафармурод
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)