Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:09

Нигарониҳо аз баҳси тоҷикон дар бораи шиаву салафӣ дар Интернет

2 декабр 2013, 11:03

Дар олами маҷозӣ ё худ шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук, бештар баҳсҳои мазҳабию динӣ майдондорӣ мекунанд. Ин баҳсҳо аксаран аз сӯи гуруҳҳои мухталиф сурат мегиранд, ки бархе аз онҳо аз равияи Шиа ва қисме аз Салафия пуштибонӣ мекунанд.

Ин баҳсҳо дар бисёр маврид муҳокимаҳои илмӣ набуда, ба таҳқиру дашном ва такфиру ихтисос додани якдигар ба гуруҳҳои ифротию экстремистӣ анҷом меёбад. Бобоҷони Қайюм, равоншиноси тоҷик мегӯяд, он чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, баҳс нест, як ҷанги комилан гуфториву навишторӣ мебошад. Васоили баҳс истидлоли илмиву мантиқӣ мебошад ва васоили ҷанг таҳқиру такфир аст. Пас инҳоро метавон ба гунае ҷанги лафзӣ байни намояндагони ифротии мазоҳиб номид, на баҳси илмӣ. Баҳси илмӣ шароит ва васоили хосси худро металабад.

Аз сӯи дигар Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд, пушти ин баҳсҳо ҷонибҳои манфиатдор қарор доранд, ки мехоҳанд аз ин маворид истифода кунанд: Ин тундравиҳо ва бадгӯиҳо нисбат ба ин ё он мазҳаб фикр мекунам,об аз дарёи бегонагон мехурад, ки шояд душманони дин бошанд ва ба ин роҳ мехоҳанд мусулмононро гирифтори баҳсу ҷадалҳои кучаку ҷузъӣ намуда, худ болои онҳо салтанат ронанд.

Коршиносони тоҷик бар инанд, ки бозичаи дасти бархе кишварҳо ё ҷонибҳо қарор гирифтани баъзе аз ин гуруҳҳо низ хатари дигар аст. Зеро ҳар гуруҳ баъдан шояд талош кунад, ки барои ғалаба бар рақиби худ имконотро аз кишвар ё гуруҳе ба даст оварад. Дар ин сурат онҳо ба бозичаи он кишвар ё ҷониб табдил мешаванд,- таъкид дорад Бобоҷони Қайюм.

Бештари коршиносон ниҳояти ин равандро вахим арзёбӣ карда, мегӯянд, дар сурати идома ёфтани ин баҳсҳои тунд ба амнияти кишвар хатари бузург таҳдид менамояд. Абдулқодири Муҳаммадӣ, яке аз корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз ин падида нигарон буда, бар ин аст, ки баҳсҳои тунд миёни гуруҳҳо оқибат ба даргириҳои шадид анҷом хоҳад ёфт: Вақтҳои охир пайдо шудани ҳаргуна гуруҳ ва равияҳо дар Тоҷикистон сабаби кашмакашҳои зиёд шудааст. Баҳсу муноқашаи пайравони ду гуруҳ Шиа ва Салафия хеле тезу тунд идома дорад, ки дар оянда ба даргириҳои сахт мепайвандад.

Ин ҷавони тоҷик илова мекунад, ки дар сурати бетаваҷҷуҳӣ ба ин раванд, ҳолати Тоҷикистон дар оянда аз нигоҳи амният ба Сурия табдил меёбад: Дар онҷо чи тавре мебинем, мусалмонҳо, Шиа ва Суннӣ бо худ меҷанганд, ки дар ин сурат, ҳукумат низ наметавонад муқобала кунад.

Бобоҷони Қайюм низ дар таъйиди гуфтаҳои оқои Муҳаммад, меафзояд, зарари баҳсҳои ин ду гуруҳ, ки бо мазҳаби бештари сокинони кишвар бегона аст, оқибат гиребони ҳамаи миллати тоҷикро низ гирифта, Тоҷикистонро аз нигоҳи амният ба кишваре ноором табдил хоҳад дод: Чунин баҳсҳо ба Ироқу Покистон ва ғайра табдил шудани Тоҷикистон аз нигоҳи амниятӣ ва оғоз шудани даргириҳои мазҳабӣ дар кишварро дар пай дорад.

Равоншиноси тоҷик иброз медорад, ки ингуна баҳсҳо" барои мардуми тоҷик ғайри қобили қабул аст ва аз он бояд канорагирӣ кард. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд пайравони мазҳаби Ҳанафӣ ба мисли дигар мазоҳиби чоргона тарафдори таҳаммулпазирӣ аст ва Ислом низ ба ҳамаи эътиқодоти мардум эҳтиром мегузорад, вале ба хотири омода набудани натанҳо ҷомеаи тоҷик, балки аксарияти ҷомеаҳои ҷаҳони сеюм ба шароити мусоламатомези мазҳабӣ бояд аз ин баҳсу ҷадал парҳез шавад.

Бобоҷони Қайюм раҳоӣ аз ин буҳронро танҳо дар таъсиси як ниҳоди муташаккил аз руҳониёни бонуфузи Тоҷикистон медонад:Роҳи дурурсти ҳалли ин мушкили ҷомеаи тоҷик метавонад, таъсис ёфтани як ниҳоди вижа аз сӯи уламои шинохта ва варзидаи кишвар бошад, ки дар он ҳамаи шахсиятҳои бонуфузи динии Тоҷикистон гирдиҳам ҷамъ шаванд.

Ба гуфтаи Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ, ин баҳсу тундравиҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки ҷавонони тоҷик маълумоти ибтидоӣ дар бораи мазҳаби худ Ҳанафияро намегиранд ва ҳангоми тамошо кардани шабакаҳои телевизиони хориҷӣ ё шунидани суханҳои пешвоёни дигар равияҳо зуд таҳти таъсири онҳо қарор мегиранд. Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, бояд барои наврасон аз сини мактабӣ таълимоти динӣ дар бораи мазҳаб ва расму оини худӣ дода шавад: Роҳи ягона ин аст, ки таълими мазҳабии бобогиро аз сини мактабӣ ба ҳар як навраси тоҷик омӯхта шавад, то ӯ бо таълим дар кишварҳои бегона зери таъсири андешаҳои бегона қарор нагирад. Мадрасаи диние, ки мо дар кишвар дорем, ҷавобгӯи талаботи кулли мардуми тоҷик нест. Илова бар ин, гирифтани таълимоти динӣ баъд аз сини 17 ё 18 солагӣ хеле дер мебошад, чун то ин замон дигар гуруҳу равияҳо барои ташвиқу тарғиби ақидаи худ пешдастӣ хоҳанд кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саоом бисёр мавриди зикр хаст ки ин салафихои баном аслан илм надоранд ва аз одобу ахлоки дини факат ришу брука калта кардана ёд гирифтан тамом тарзи муомила надоранд бо ашзоси гайри салафия барои пеши ин ниходро гирифтан дар масчидхо бояд фахмонанд ва аз тарафи хукумат низ тафтиш карда шавад.чихелеки зикр кардан оянда хатарнок аст.инхо на бо шиа балки балки бо мазхаби ханафи мубориза мебаранд худованд Давлату миллати Точика дар панохи исматаш нигахдорад ва ба Чаноби Ол худованд кувват тияд ва аз ин бегонахо миллати точика озод кунанд
Посух додан
  • НАМОЗ

  • 2 декабр 2013 11:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мардуми Точикистони азиз набояд ба майдони бахси ШИЪАВУ СУННИ ворид шаванд ва даргири он бошанд. Барои мо бахси махалгарои кофист ки як дарди сари бузург аст ва чомеаи мо токати дарди сари дуввумро надорад.
Салафихо чархи таърихро зур доранд ки ба кафо гардонанд. кореро ки касе солимакл накарда. махсули захматашон толибонанд, ки Афгонистонро гулгулшукуфон кардаанд. Шиаъхо бо чараёни об шино доранд. Ирон кашфи кори атоми мекунад. Мо дар миёнем осудаву ором зиндаги мехохем....
Посух додан
  • Rustam

  • 2 декабр 2013 11:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом ба хамай Точикон мо хамчун шахрванти хамин чумхури хаминро гуфтанием ки хамин баном Хизби Нахзати Исломи Точикистон махкам шавад аз байн равад ин бахсхо хамаш хотима меёбад источники бахсхо хамин баном хизб хастан инхоро хамон шиъахо сарпарасти мекунанд Аллох нигатон дорад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар дар Точикистон вокеан зиддияти байни мазохиб сар занад,гунохи хукумат аст.Зеро дархои мадориси мутавасситаи исломиро хукуматдорон бастаанд.Чавононе,ки дар Русия ва ё кишвари дигар намозхон шудаанд,дониши исломи надоранд ва зери таъсири мазохиби дигар мондаанд. Рохбарият исломситезиро бас карда рохи инкишофи исломи муътадилро боз кунад.
Посух додан
  • Бозор

  • 2 декабр 2013 15:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чоми мегуяд
Сад шукр, ки сагсуниву харшиа наям
Маноша дигар худатон фикр кунетон
Посух додан
  • окил окилов

  • 2 декабр 2013 21:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Касе,ки вориди бахсхои мазхаби мешавад аблахе беш нест. Фарханги тахаммулпазири омузед,на таассуботи мазхаби. Аз фитнахо дури чуед. Бе шумо хам ин дин душманони зиед дорад. Мо хама пайрави як динем. Дар некукориву эхсон сибкат кунед,на дар гунохкориву душмани.
Посух додан
  • bokhtar

  • 3 декабр 2013 02:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Hakatan in bahci shia va suni az hizbi nahzat sar shudagi khudashon iron raftan kalononi nahzat yatim bachahoro pokiston ravon kardan baadi bargasht yatimon az puldoron daavo kardan ba injo rasidan
Посух додан
  • Сарвар

  • 3 декабр 2013 13:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хазорон корвон рафтанду дав,,, Хануз хам ин сагон доранду аву аву...Эй номардон! Чаро шумо факат санги маломат ва тухмат дар сари хизби ИСЛОМИ мезанед, охир дар АФГОНИСТОН ПОКИСТОН ИРОК ва СУРИЯ, на танхо бахс балки хуни якдигархури шуда истодааст. Дар холе, ки дар он давлатхо хизби нахзат нест. Ба ин ки гунахкор оё ХИЗБИ НАХЗАТИ ИСЛОМИИ ТОЧИКИСТОН?! илтимос: Озодагон чоп кунед, сипосгузорам.
Посух додан
  • Хочи Зайнулло

  • 3 декабр 2013 14:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хакикат пеш аз он ки мо ба дасисахои дигар равияхо наафтем, мо бояд мазхаби Ханафиро аз мактаби ибтидои бояд огоз кунем. Дар асл: Ислом ба зоти худ надорад айбе, Хар айб, ки хаст дар мусулмонии мост.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!